17.04.2021 11:16 |
There are no translations available.
АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ ДУШАНБЕ...
Имрӯз, 17.04.2021 дар толори бинои асосии донишгоҳ бахшида ба “Рӯзи пойтахт” чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе...” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур аҳли раёсати донишгоҳ ва донишҷӯёни ин боргоҳи таълимӣ ширкат доштанд. Нахуст ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У. баромад намуда, бо ишора аз ободониву гулгулшукуфоии пойтахти азизамон- шаҳри Душанбе ба чорабинии мазкур ҳусни оғоз бахшид. Сипас, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Иброҳимов Қ. оид ба эълон шудани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии ИДМ маърӯзаи пурмуҳтаво кард.
|
17.04.2021 11:07 |
There are no translations available.
Баргузории ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба “Рӯзи пойтахт”
Ҳамасола шанбеи ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар ҷумҳурӣ “Рӯзи пойтахт” дар як фазои идона таҷлил мегардад. Бинобар ин, имрӯз, 17-уми апрели соли 2021 бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ниммарафони 11-уми байналмилалӣ баргузор гардид. Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ суханрони намуда, табрикоти раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба иштирокчиёни ниммарафон расонид. Сипас чун анънаи қаблӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, ниммарафони ХI-уми байналмилалӣ расман оғоз гардид.
|
16.04.2021 12:49 |
There are no translations available.
ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД...
Санаи 16 апрели соли 2021 дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмии устодон, доктор PhD, унвонҷӯён, магистрантону донишҷӯёни факултет бахшида ба “Рӯзи илм” баргузор гардид. Дар конфронс устодони факултет д.и.ф.,профессор Р.Восиева, профессор Ш.Солеҳов, профессор С.Саидов, профессор В.Элбоев, дотсентон А.Қурбонов, А.Мирзоалиева, А.Шоев, муаллимони калон Г.Норова, Г.Наимова ва асиссентон М.Абдураҳмонов, Ф.Холова, Н.Самиева ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
|
16.04.2021 12:23 |
There are no translations available.
«Илм фурӯғи маърифат»
Санаи 14-уми апрели соли 2021 дар синфхонаи №12-и факултети физикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ даври аввали озмуни «Илм фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияи “Физика- астрономия” баргузор гардид. Дар даври аввали озмун аз факултети физика 100-нафар, факултети математика 2-нафар, аз факултети технология ва соҳибкорӣ 7-нафар донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.
Нахуст, декани факултет дотсент У.С.Умаров ҳозиринро барои иштирок дар озмун табрику таҳният гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки: Ҳамасола озмуни «Илм фурӯғи маърифат» аз фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар муассисаҳои таълимӣ гузаронида хоҳад шуд.
|
16.04.2021 12:07 |
There are no translations available.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти
падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд
Рӯзи 16 апрели соли 2021 бо ташаббуси асиссенти кафедраи фалсафаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Тӯйчиева Мутриба маҳфили илмӣ дар мавзӯи нақши “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Нахуст, мудири кафедра дотсент Ҳобилҷон Зикиров суханронӣ намуда, нақши қонунро дар тарбияи ҷавонон хуб арзёбӣ намуд.
|
16.04.2021 03:30 |
There are no translations available.
САҲМИ УСТОД АЙНӢ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТИ НАВИНИ ТОҶИКОН
15-уми апрели соли 2021 дар факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ ба ифтихори 143-юмин солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-бадеӣ таҳти унвони “Саҳми устод Айнӣ дар бунёди давлати навини тоҷикон” баргузор гардид. Конференсияи мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Ҳамза Боқиев оғоз бахшида, доир ба ҳаёт ва фаъолияти устод ибрози андеша намуд.
|
15.04.2021 12:19 |
There are no translations available.
УМРИ АЙНӢ АЗ БАРОИ ХАЛҚ САРФИ ХОМА ШУД...
Таҳти ҳамин унвон санаи 14-уми апрели соли 2021 бо ташаббуси кафедраи таърихи умумии факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба хотири гиромидошти 143-юмин солгарди сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ доир гардид. Дар оғози чорабинӣ омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик Гадоев Ғ. суханрони намуда, зикр доштанд, ки устод Садриддин Айнӣ аз ҷумлаи он нафаронест, ки тамоми умри пурқимати худро пайи эҷодиёт ва зинда намудани хотираи таърихи халқи тоҷик ва чеҳраҳои адабии тоҷик бахшидааст.
|
|
|
|