|
31.12.2025 14:09 |
|
There are no translations available.
 Имрӯз аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи номзадии омӯзгори кафедраи методикаи таълими математикаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ Амируллозода Маликамо Амирулло тасдиқ гардида, ба гирифтани унвони номзади илмҳои педагогӣ мушарраф шуд.
Аҳли раёсати Донишгоҳ мавсуфро самимона муборакбод намуда, барояш фатҳи қуллаҳои баланди илмро таманно дорад.
|
|
30.12.2025 17:28 |
|
There are no translations available.
ҶАЛАСАИ ҚИСМИ ИЛМИИ ДОНИШГОҲ БАРГУЗОР ГАРДИД
 Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи қисми илм баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода Сироҷиддин, роҳбарон ва кормандони сохторҳои илмӣ, ҳамчунин муовинони деканҳо оид ба корҳои илмӣ иштирок намуданд.
|
|
30.12.2025 17:54 |
|
There are no translations available.
 Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.
|
|
29.12.2025 09:28 |
|
There are no translations available.
ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
 Рӯзи 29.12.2025 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
|
|
27.12.2025 20:15 |
|
There are no translations available.
МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ: СОЛИМГАРДОНӢ ВА ҶАЛБИ ҶАВОНОНУ ДОНИШҶӮЁН БА ВАРЗИШ
 Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ ба варзиш ин субҳ машқи пагоҳирӯзӣ дар майдони Аҳмади Дониш баргузор карда шуд.
Ҳамин тавр, субҳи имрӯз дар чорабинии мазкур устодон ва донишҷӯён ширкат варзида, ба обутоби бадан машғул шуданд.
|
|
23.12.2025 17:50 |
|
There are no translations available.
ВОРИД ШУДАН БА ДАҲГОНАИ БЕҲТАРИНИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
 Дар соли 2025 ДДОТ ба номи С.Айнӣ дар “Раддабандии муассисаҳои олӣ” – (Higher Education Ranking)-и Шурои сифат ва арзёбии таҳсилоти олӣ – “HEQAC” миёни 422 муассисаи олии 55 кишвари ҷаҳон бо гирифтани 8136 хол ҷойи 8-умро сазовор гардид.
|
|
23.12.2025 12:49 |
|
There are no translations available.
ФАЪОЛИЯТИ НАЗАРРАСИ ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲ
 Дар соли 2025 дар Парки технологии донишгоҳ зиёда аз 5 ҳазор мизу курсиҳои гуногун, рафҳои оҳанин, ҷевон, рӯйпуш барои рахти хоб, хилати корӣ барои фаррошон ва ғайраҳо истеҳсол гардидааст.
|
|
|
|
|