• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterСегодня409
mod_vvisit_counterВчера1150
mod_vvisit_counterВ неделю1559
mod_vvisit_counterПрошлом неделе7159
mod_vvisit_counterМесяц28231
mod_vvisit_counterПрошлом месяце28067
mod_vvisit_counterОбщий980101

Онлайн 18
ваша IP: 216.73.216.237
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-04-27 09:46
14.04.2023 03:12
There are no translations available.

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ДИПЛОМАТИИ ӮЗБЕКИСТОН
Возможно, это изображение 4 человека и помостДар таърихи 13-уми апрели соли 2023 ҷиҳати ташрифи намояндагони сафорати Ҷумҳурии Узбекистон: Раҳимов Рустам - консули сафорати Узбекистон дар Тоҷикистон ва Сайдалиев Ислом Аскарович - котиби аввали сафорати Узбекистон дар Тоҷикистон ба Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Дониёр Шомаҳмад ва кормандони шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Омонов Рустам ва Хушматов Намоз бо донишҷӯёни узбекистонӣ, ки дар донишгоҳ таҳсил мекунанд, мулоқоти судманд анҷом пазируфт.
 
08.04.2023 05:31
There are no translations available.

ҶАМЪОМАДИ МАШВАРАТӢ ДАР НОРАК

Дар Марказии таълимии касбомӯзии шаҳри Норак, ки сохтори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳисоб меравад, ҷаласаи машваратӣ  баргузор шуд, ки дар он асосан масоили   пешгирӣ ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ҷавонону наврасон  ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷамъомад зикр шуд, ки чунин чорабиниҳо дар муассисаҳои ҳудуди шаҳр ва минтақаҳои марбут ба он тибқи нақшаҳои тарҳрезишуда амалӣ гардида, мақсади он пешгирии пайомадҳои ногувори гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротию иртиҷоӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ташкилотҳои террористию экстремистӣ, хусусан риояи низом дар раванди таҳсил мебошад.

 
07.04.2023 05:33
There are no translations available.

МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ЗАБОНШИНОСӢ ВА АДАБИЁТШИНОСӢ

Дар  таърихи 6 апрели соли 2023 дар факултети забон ва адабиёти  рус бо ташаббуси кафедраи  адабиёти рус ва ҷахон бахшида ба «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва “Соли забони русӣ” дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Конференсияро декани факултет Исломова Ҷ.М. оғоза намуда, зимни баромади худ кайд намуд, ки омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҷаҳони муосир аҳамияти бузург дорад ва вазифаи аввалиндараҷаи мо-омӯзгорон ба насли наврас додани донишҳои зарурӣ мебошад.

 
27.03.2023 08:30
There are no translations available.

ҶАЛАСА: ДАР ЛИТСЕЙИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ ТАЪЛИМ БО ЗАБОНИ РУСӢ ВА АНГЛИСӢ БА РОҲ МОНДА МЕШАВАД!

Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ, бо иштироки муовинони ректор, деканони факултетҳо, сардорони раёсат ва мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ҷаласаи назоратӣ баргузор намуд.
Дар ҷаласа ректори донишгоҳ як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла омодасозии ҳуҷҷатҳои хатмкунандагони соли ҷорӣ барои имтиҳонҳои хатм, назорати ҷидии ҳозиршавии донишҷӯёни фосилавӣ ба дарсҳо, сабти дарсҳои видеоии омӯзгорон, ташкили шӯроҳо ва масъалаи таълим дар Литсейи Донишгоҳро бо забонҳои русиву англисӣ мавриди баррасӣ қарор дода, масъулинро ҷиҳати иҷрои саривақтии вазифаҳо хеш муваззаф намуд.

 
16.03.2023 04:12
There are no translations available.

РИОЯИ НИЗОМИ МЕҲНАТ БАРОИ ҲАМА ҲАТМИСТ

Имрӯз, 15 марти соли 2023 таҳти раёсати муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Наҳтулло Айнуллозода бо иштироки муовинони ректор ва садорати факултетҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масоили марбут ба интизоми меҳнат, сару либос ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни Наврӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар рафти ҷаласа Наҳтулло Айнуллозода таъкид намуд, ки талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи донишгоҳ оид ба интизоми меҳнат аз тарафи кормандону устодони факултетҳо бояд риоя карда шавад ва дар ҳолати ошкор шудани вайронкунии талаботи низоми меҳнат аз ҷониби кормандону омӯзгорон нисбати онҳо чораҳои маъмурӣ татбиқ карда мешавад.

 
11.03.2023 07:35
There are no translations available.

МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ЗАБОНШИНОСӢ, ТАРҶУМА ВА МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ДАР МАКОТИБИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ

Дар таърихи 11 марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, амалигардонии “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030” ва 80 солагии профессор Парвонахон Ҷамшедов таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, тарҷума ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ дар макотиби таҳсилоти олӣ” конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид. Ҷаласаи ифтитоҳии конференсияро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод оғоз намуда, сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозодаро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла омадааст, ки  донистани забонҳои хориҷӣ роҳи моро барои расидан ба комёбиву муваффақиятҳо кушода месозад. Забондонӣ шарти асосии ҷаҳондонӣ ва ҷаҳонишавии шахс аст.

 
07.03.2023 08:02
There are no translations available.

 

РЕКТОР: АКСИЯИ ТАҚДИМИ ГУЛҲО ДАР РӮЗИ МОДАР АРҶГУЗОРӢ БА МОДАРОНУ БОНУВОН АСТ!

Возможно, это изображение 3 человека, люди стоят и на открытом воздухеСубҳи 7-уми марти соли равон бо дастури Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аксияи “Тақдими гулҳо”дар арафаи ҷашни “Рӯзи Модар” баргузор карду шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки аз шуморои умумии кормандон ва омӯзгорони Донишгоҳ 550 нафари онҳоро бонувон ташкил медиҳанд, ки зиёда аз 80 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд.
Аксияи мазкур ба таври оммавӣ бори нахуст баҳри гиромидошти бонувоне, ки дар Донишгоҳ фаъолият менамоянд гирифта шуда, хотири занону бонувонро бисёр болида гардонид.
 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мы в социальных сетях