09.01.2021 19:04 |
There are no translations available.
ДУ МУВАФФАҚИЯТИ ЯК ДОНИШҶӮ
Абдураҳмонов Абдулхайр Суҳробхонович – донишҷӯи соли 4-уми факултети химия буда, яке аз донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳисоб меравад. Дар оғози ҳафтаи ҷорӣ китоби Абдулхайр Абдураҳмонов таҳти унвони «Рисолати журналистии химик» ба ифтихори 90-солагии донишгоҳ ба зевари табъ ороста шуд, ки муаллиф дар китоби мазкур фаъолиятии журналистии 4 – солаи худро ҷамъоварӣ намудааст. Ва субҳи имрӯз низ мавсуф барои дастовардҳо дар соҳаи рӯзноманигорӣ бо Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, барномасозии компютерӣ, техника, технология ва навоварӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ сазовор дониста шуд.
|
09.01.2021 07:19 |
There are no translations available.
ТАВАҶҶУҲ!
Ба таваҷҷуҳи донишҷӯёни шуъбаи рӯзонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ расонида мешавад, ки мувофиқи супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсҳои нимсолаи дуюми соли таҳсили 2020 - 2021 аз санаи 25.01.2021 оғоз мегарданд.
|
09.01.2021 04:33 |
There are no translations available.
МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД
Рӯзи 7-уми январи соли 2021 дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси декани факултет, дотсент Умаров У.С ва мудири кафедраи методикаи таълими физика, инчунин бо иштироки омӯзгорони тахассусманди соҳаи физикаи шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, машварати январии омӯзгорон баргузор гардид. Ҷаласа бо суханронии декани факултети физика, дотсент Умаров У.С. оѓоз гардида, меҳмонону иштирокчиёнро ба факултети физикаи донишгоҳ хайрамақдам намуда, баргузории ин гуна ҷамъомадҳоро дар амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида буд, заминаи мусоид арзёбӣ намуд.
|
09.01.2021 04:25 |
There are no translations available.
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ КАФЕДРАИ УМУМИДОНИШГОҲИИ ЗАБОНИ РУСӢ
Санаи 4-уми январи соли 2021 бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии забони русии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-амалии донишгоҳӣ дар мавзӯи «Методы преподавания русского языка для студентов национальных групп» баргузор гардид. Дар конфронс устодони собиқадор, омӯзгорони калон, ассистентон бо маърӯзаҳои худ дар бораи баланд бардоштани сифати таҳсил ва истифодаи методу усулҳои наву муосир дар раванди таълим бо донишҷӯёни донишгоҳ баромад намуданд.
|
06.01.2021 05:24 |
There are no translations available.
ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В ТОРГАХ
Республика Таджикистан
Проект «Развития высшего образования»
Окно 1. Улучшение качества и актуальности высшего образования для рынка труда
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни
|
30.12.2020 11:56 |
There are no translations available.
ЯТИМОНРО ПАРАСТОРӢ БИБОЯД
Рӯзи 28-уми декабри соли 2020 дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ Раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамкорӣ бо ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ дар асоси нақша-чорабиниҳои хайриявии идона дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дасти кӯмак ба ятимону ниёзмандон дароз намуданд. Дар ин маросим, муовини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” Дилшод Раҷабов ва намояндагон аз ҲХДТ ба муассисаҳои миёнаи умумии ноҳияи И.Сомонӣ ташриф оварда, ба зиёда аз 70 нафар ятимони кулл тӯҳфаҳои идона тақдим намуданд.
|
29.12.2020 09:59 |
There are no translations available.
Тасдиқи рамзи 20 – солагии таъсиси
Созмони ҳамкории Шанхай
28.12.2020 19:17, шаҳри Душанбе
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи 20 – солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхайро тасдиқ намуданд.
Рамзи мазкур дар намуди адади «20» дар шакли мудаввар кашида шуда, дар қисми болоии он парчамҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, дар қисми поёнӣ – атлас, ҳамчун нишонаи фарҳанги мардуми тоҷикон ва дар мобайни он навиштаҷоти Душанбе 2021 ҳамчун макони баргузории чорабинӣ тасвир ёфтаанд.
Дар ҳалқаи дуюм навиштаҷоти Созмони ҳамкории Шанхай ба забонҳои русӣ ва хитоӣ ҷой дода шудааст. Дар маркази давра сайёраи Замин тасвир ёфтааст.
|
|
|
|