• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
09.12.2020 09:48
There are no translations available.

 

ҲАР ҶО, КИ КУНУН ҲАТС ЗАНАНД, ЗИКРИ КАМОЛ АСТ...

139.JPG - 140.32 Kb

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳамкорӣ бо раёсати ДДОТ ба номи Сариддин Айнӣ конфронси илмии байналмилалии онлайнӣ дар мавзӯи “Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти тоҷику форс” баргузор гардид. Конфронс бо суханронии муовини ректори ДДХ оид ба илм доктори илмҳои педагогика Хайрулло Сабурӣ оғоз ёфт ва ӯ ҳозиринро хайрамақдам гуфта, ба кори конфронс барору комёбӣ орзу намуд. Аз ҷумла мавсуф аз баргузории ҷашни 700 солагии Камоли Хуҷандӣ, ки бо қарори Юнеско чанде пеш дар зодгоҳи шоир, шаҳри Хуҷанд доир гардид изҳори назар намуда, аз муҳимтарин дастовардҳои олимони донишгоҳ дар ин самт тазаккур намуд. Барандаи конфронс номзади илмҳои филология дотсент Саидумрон Саидов ҳозиринро бо барномаи конфронс шинос намуда, иттилоъ дод ки ба конфронси имрӯзаи онлайнӣ донишмандон аз донишгоҳҳои шаҳри Душанбе ва Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон хоҳанд пайваст.

 
09.12.2020 06:49
There are no translations available.

 

ИМТИҲОНҲОИ СЕССИЯИ ЗИМИСТОНАИ СОЛИ

ТАҲСИЛИ 2020-2021ДАР ДОНИШГОҲ ОҒОЗ ГАРДИД

130.JPG - 210.08 KbТибқи фармоиши ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ таҳти №632 оид ба баргузории сессияи имтиҳонии зимистонаи солҳои таҳсили 2020-2021 ибтидо аз 9-уми декабр имтиҳонсупории донишҷӯёни шакли таҳсили шуъбаи рӯзона оғоз гардида, то 6-уми январи соли 2021 идома меёбад. Бо мақсади шаффоф ва дар сатҳи баланд гузаронидани сессияи навбатӣ аз ҳисоби муовинони ректор, кормандони раёсати таълим ситоди корӣ таъсиси дода шудааст, ки рафти имтиҳонҳо аз оғоз то ба анҷом пурра назорат карда мешавад. Вақти қабули имтиҳонҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар ду баст: (аз соати 800 то соати 1700) ба роҳ монда шудааст.

 
08.12.2020 16:08
There are no translations available.

 

ҶАВОНОНРО ҲАДАФ-ХИЗМАТ БА МИЛЛАТ

117.JPG - 241.36 KbРӯзи 8-уми декабри соли равон дар толори Шӯрои олимони бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ чорабинӣ бо иштироки меҳмонону намояндагон: муовини озоди Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҳимзода Умед, мудири бахши ҷавонони н.И.Сомонӣ Иброҳимзода Амин, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти ҳамин ноҳия Убайдуллои Шамсулло, сардори раёсати тарбияи Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватов Сайдулло, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷамила, раиси бахши занону донишҷӯдухтарони донишгоҳ Саидова Гулхумор, раиси иттифоқи касабаи донишҷӯён Раҷабов Дилшод ва як гурӯҳ ҷавонони фаъол баргузор гардид.

 
08.12.2020 10:04
There are no translations available.

 

ЧОРАҲОИ ЗАРУРӢ  ДОИР БА ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ ВИРУСӢ

 

113.JPG - 223.46 KbИмрӯз, 8.12.2020 дар факултети биологияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Раҷабова Бибигул ва мудири кафедраи биохимия ва генетика Ғайратзода Меҳровар бахшида ба пешгирии ВМНО ва бемории COVID-19 бо иштироки кормандони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯён викторина баргузор гардид. Сараввал, кормандони ҶҲА Бодурова Парвина, Қаюмова Умеда, Аминзода Нодир ва Исоев Саидбек суханронӣ намуда

 
08.12.2020 03:28
There are no translations available.

 

ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САБЗ ХОҲАМ ДИД!

108.JPG - 270.63 KbРӯзи 07.12.2020, тибқи мактуби расмии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ ба хотири дар сатҳи баланд таҷлил намудани “Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ” ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ вазифадор шуданд, ки дар дохили муассиса ё корхонаи худ дарси сиёсӣ, корҳои ободонӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзиширо бо ҷалби собиқадорони ҳизб доир намоянд. Тибқи ин дастур, дар ташкилоти ибтидоӣ-ҳизбии «Омӯзгор» маъракаи ниҳолшинонӣ таҳти унвони «Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард» баргузор гардид.

 
07.12.2020 09:44
There are no translations available.

 

ҚОНУН ҶОНИБДОРИ ЗУРОВАРӢ НЕСТ

98.JPG - 229.84 KbСанаи 7.12.2020 бо ташаббуси мудири бахши кор бо духтарону занони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Саидова Гулхумор ва қисми тарбия дар якҷоягӣ бо намояндагони шуъбаи кор бо занони ш.Душанбе, шуъбаи ВКД дар н.И.Сомонӣ, инчунин, маркази дастгирӣ ҳуқуқии “Фемида” таҳти унвони “16 рӯзи амал алайҳи зӯроварии гендерӣ”дар мубориза нисбати занону духтарон бо иштироки меҳмонон ва донишҷӯдухтарон мизи мудаввар баргузор гардид.

 
05.12.2020 10:21
There are no translations available.

 

РОҲҲОИ ПЕШГРИӢ ВА ЧОРАҲОИ

ФАҲМОНДАДИҲӢ АЛАЙҲИ БЕМОРИИ COVID-19

 

93.JPG - 164.63 KbСанаи 05.12.2020 бо ташаббуси кафедраи биохимия ва генетикаи факултети биологияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба пешгирии мавҷи дуюми бемории COVID-19 семинари машваратӣ гузаронида шуд, ки дар он нахуст, мудири кафедраи биохимия ва генетика дотсент Ғайратзода М.Х. доир ба роҳҳои пешгирӣ ва бартараф кардани ин вирус суханронӣ намуд Дар семинар декани факултет, н.и.б. Бобозода И., муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Раҷабова Б. ва инчунин, меҳмонон, омӯзгорону донишҷӯёни фаъоли факултет иштирок доштанд.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ