19.11.2020 10:33 |
There are no translations available.
ТАЪСИРИ РАВАНДИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ БА ЗАХИРАҲОИ
ОБИИ ТОҶИКИСТОН ВА ПЕШГӮИИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ
Рӯзи 19.11.2020 бо ташаббуси мудири кафедраи географияи табии факултети географияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ н.и.г.,дотсент Рауфов Раҳматулло Неъматович дар якҷоягӣ бо Агентии обу ҳавошиносии кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 солагии “ Об барои рушди устувор, дар солҳои 2018 – 2028” мизи мудаввар таҳти унвони “Таъсири раванди тағйирёбии иқлим ба захираҳои обии Тоҷикистон ва пешгӯии офатҳои табиӣ” доир гардид.
|
19.11.2020 09:15 |
There are no translations available.
ФАЪОЛИЯТИ УМУМӢ ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОЗАНАШРИ МАМАДҶОН МАХКАМОВ ДАР ЗАРФИ ЯК СОЛИ ОХИР
Маҳкамов Мамадҷон (тав. 7.09.1951, деҳаи Понғози н. Ашт). Номзади илмҳои педагогӣ (1993), дотсент (2001). Соли 1974 факултети механикаю математикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро (ҳоло ДМТ) хатм карда, дар вазифаҳои лаборанти калон (1974-1975), ходими хурди илмии лабораторияи проблемавии таълими програмавии донишгоҳ (1975-1980) кор кардааст.
Солҳои 1986-1989 аспиранти ДДОТ ба номи С. Айнӣ.
Ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи методикаи таълими математика (1980-1997, 2002, 2006-2007, 2013), мудири кафедраи методикаи таълими математика (1997-2000), сардори шуъбаи таълим (1997-2000, 2002-2006)-и ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва солҳои 2000-2002 дар Маркази идораи лоиҳаи кредитӣ дар соҳаи маориф ВМ-и ҶТ ва бонки ҷаҳонӣ, аз 1-уми августи соли 2007 ҳамчун сардори Идораи хадамоти методии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва 16.06.2008 то 1 феврали соли 2011 муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди ВМ-и ҶТ кор кардааст.
|
17.11.2020 03:21 |
There are no translations available.
ҒОЛИБИЯТИ ВОЛЕЙБОЛБОЗОНИ ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ
Рӯзи 17.11.2020 тибқи нақшачорабиниҳои ҲХДТ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-ум то 16 уми ноябри соли равон мусобиқаи бозии волейбол миёни донишҷӯдухтарони муассисаҳои олии таълимии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар мусобиқа, 16 даста байни ҳам рақобат намуданд.
|
17.11.2020 03:18 |
There are no translations available.
ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ РОМАНӢ-ГЕРМАНӢ 80-СОЛА ШУД
Санаи 17 - уми ноябри соли равон дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси садорати факултети забонҳои романӣ-германӣ конфренсияи илмӣ – амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Муносибати босалоҳият дар ташаккули маҳорати нутқи омӯзгорони ояндаи забони хориҷӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба 90 – умин солгарди таъсисёбии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва 80-умин солгарди таъсисёбии факултети забонҳои романию германӣ баргузор гардид.
|
16.11.2020 08:43 |
There are no translations available.
Мизи мудаввар дар кафедраи умумидонишгоҳии
«Забони англисӣ ҳамчун ихтисоси дуюм»
Санаи 16.11.2020 дар кафедраи умумидонишгоҳии забони англисӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Пешвои муаззами миллат - ҳомии маорифи кишвар» бо иштироки омӯзгорони кафедра доир гардид. Нахуст, мизи мудаввар бо суханронии мудири кафедра, номзади илмҳои филологӣ Ҷӯраев Хайём оғоз шуда, ӯ афзуд, ки «Нақши Пешвои муаззами миллат” аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омадани хеш ба зарурати таҷдиди назар ба ин соҳа пай бурда, бо камоли ояндабинӣ, фазилат, заковат ва хираду андешаи сиёсӣ ва ватандӯстӣ дар рушду пешрафти ватани азизамон саҳм гузоштанд.
|
16.11.2020 03:36 |
There are no translations available.
НАҚШ ВА ҶОЙГОҲИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР ИСТИҚЛОЛИ ҶОМЕАИ МУТАМАДДИНИ ТОҶИК
Рӯзи 16.11.2020 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки меҳмонон ва устодону донишҷӯён семинари илмӣ бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Ин иқдом бо ташаббуси муовини ректор оид корҳои ба илмӣ, д.и.б., профессор Мирзораҳимов Акобир ба роҳ монда шуда, нахуст сухан дар бораи хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлатдории навини тоҷикон рафт.
|
16.11.2020 12:26 |
ОБЪЯВЛЕНИЕ
Руководство ТГПУ имени С. Айни объявляет о наборе абитуриентов (иностранных граждан) по форме обучения «дистанционное образование» до 30 ноября 2020 года по нижеследующем специальностям.
1-020401 Биология
1-020404-01 Биология. Химия
1-020402 География
1-020405-01 География-биология
1-190101-0501 Дизайн швейных изделий
1-020301 Таджикский язык и литература
|
|
|
|