14.11.2020 10:10 |
There are no translations available.
РӮНАМОИ БОЗ ЯК КИТОБИ НАВ ДАР ДДОТ БА НОМИ С.АЙНӢ
Санаи 14 –уми ноябри соли ҷорӣ дар толори шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки мудирони кафедраҳо ва омӯзгорону донишҷӯён, рӯнамои китоби нави муҳаққиқ, адабиётшинос, д.и.ф., профессори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёт Исрофилниё Шарифмурод Раҳимзода таҳти номи “Намунаҳои адабиёти суғдӣ”, ки ба истиқболи 5500 – солагии Саразми бостон рӯи чоп омадааст, баргузор шуд. Исрофилниё Ш., афзуд, ки “Намунаи адабиёти суғдӣ” нахустин маҷмӯаи мукаммали осори бозмондаи адабиёти суғдии ниёкони мо тоҷикон аст.
|
14.11.2020 08:22 |
There are no translations available.
ПЕШВОИ СУЛҲОВАРИ ТОҶИК
Имрӯз шанбе, 14.11.2020 дар факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки васеи омӯзгорону донишҷӯён чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Президенти мо-ифтихори мо" баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.
|
14.11.2020 07:22 |
There are no translations available.
НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН
Рӯзи 14-уми ноябр бо ибтикори кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ ба ифтихори таҷлили фархундаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши хотирмону ҷолиби фарҳангиву ҳунарӣ доир гардид.
Сароғоз мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ, доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод роҷеъ ба саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва ташаккули давлатдории навини тоҷикон Ҷумҳурии Тоҷикистон сухани ифтитоҳӣ намуда, дар идомаи суханронӣ афзуд, ки Тоҷикистон дар раванди нави таҷаддуд қарор дорад.
|
14.11.2020 06:56 |
There are no translations available.
ҶАВОНОН ПАЙРАВИ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Рӯзи 14.11.2020 бо ташаббуси садорати факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Иҷлосияи XYI- уми тақдирсоз таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён доир гардид.
|
13.11.2020 11:14 |
There are no translations available.
ПРЕЗИДЕНТИ МО – ИФТИХОРИ МО
Санаи 13.11.2020 бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Нахуст муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Қосимов Саъдӣ баромад намуда, тамоми меҳмонон, устод ва донишҷӯёнро бо ин рӯзи таърихӣ табрику муборакбод намуд.
|
13.11.2020 10:51 |
There are no translations available.
ОҒОЗИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ДАР ДДОТ БА НОМИ С.АЙНӢ
Санаи 13.12 2020 дар байни донишҷӯёни факултети биология даври аввали олимпиадаи фаннӣ баргузор гардид. Аз рафти баргузории олимпиада Муовини ректор оид ба илм Мирзораҳимов А., дидан намуда, афзуд, ки донишгоҳи мо дар омода намудани кадрҳои лаёқатманд дар ҷумҳурӣ саҳми арзанда дорад. Донишҷӯёни донишгоҳ, ҳамасола дар олимпиадаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ғолибият ба даст меоранд, ки ин боиси ифтихори ҳар яки мост. Дар олимпиада 33 нафар донишҷӯ иштирок намуда, аз он 10 нафар ба даври дуюм роҳ ёфтанд.
|
13.11.2020 08:59 |
There are no translations available.
АСРИ БИРИНҶ, ДАВРАБАНДӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ ҶУДОКУНИИ ШАҲРИ САРАЗМ
Рӯзи 12.11.2020 дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дарси кушоди муаллими калони кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ Шарипов Маҳмадалӣ аз фанни археология дар мавзӯи “Асри биринҷ, даврабандӣ ва масъалаҳои ҷудокунӣ (шаҳри Саразми Бостонӣ)” баргузор гардид. Доир ба ин мавзӯъ Шарипов М., афзуд, ки ёдгории аҳди қадимаи кишоварзии Саразм, ки 15 км ғарбтар аз Панҷакент ҷойгир аст,
|
|
|
|