• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
15.09.2020 03:34
There are no translations available.

 

Истиқбол дар шаҳраки Шайдон ва ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ашт

 

114.png - 67.14 Kb15.09.2020 09:15, ноҳияи Ашт

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 дар деҳоти Понғоз ба маркази ноҳияи Ашт - шаҳраки Шайдон ташриф оварданд.

Шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт дар давоми 29-соли Истиқлоли давлатӣ дар доираи вусъати тадбирҳои ободонию созандагӣ бо пуштибонии ҳамаҷонибаи сокинонаш аз сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле ободу зебо гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум ба марҳилаи сифатан нав баромадааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ашт - шаҳраки Шайдон майдони Парчами давлатиро ба истифода дода, дар он ин рамзи муаррификунандаи давлату миллат дар арсаи байналмилалиро парафшон намуданд.

 
15.09.2020 03:30
There are no translations available.

 

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Ашт ва ифтитоҳи бинои

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-и деҳоти Понғоз

 

113.png - 218.99 Kb15.09.2020 09:14, ноҳияи Ашт

15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.

Меҳмони воломақом - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар деҳоти Понғоз роҳбарияти ноҳия ва сокинон бо шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан самимона истиқбол гирифтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Понғоз бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-ро мавриди истифода қарор доданд.

 
14.09.2020 03:09
There are no translations available.

 

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи варзишгоҳ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд

 

112.png - 220.45 Kb14.09.2020 20:03, ноҳияи Мастчоҳ

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шумо ва кулли сокинони сарбаланди вилояти Суғдро бори дигар ба ифтихори бисту нӯҳумин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки сокинони вилоят, аз ҷумла мардуми ноҳияи Мастчоҳ ин ҷашни барои ҳар шаҳрванди ватандӯсти Тоҷикистон муқаддасу азизро дар баробари тамоми мардуми кишвар бо омодагии шоиста ва дастовардҳои арзанда таҷлил намуданд.

Мо ин падидаи некро давоми чанд рӯзи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мушоҳида кардем. Мардуми заҳматкаши вилоят тавассути татбиқи самараноки сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат дар самти корҳои ободонӣ иқдомҳои хеле назаррасро ба анҷом расонидаанд.

Ва ҳоло дар вилоят раванди ободониву созандагӣ ба хотири истиқболи ҷашни муқаддасу бузурги халқамон - сисолагии истиқлоли давлатӣ босуръат идома дорад.

 
14.09.2020 03:05
There are no translations available.

 

Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии ноҳияи Мастчоҳ бо 10 ҳазор ҷойи

нишаст ва мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳия

 

111.png - 196.53 Kb14.09.2020 20:01, ноҳияи Мастчоҳ

Дар ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияро бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ифтитоҳ карда, дар ҳамин ҷо бо роҳбарон ва фаъолону сокинони ноҳия мулоқот карданд.

Майдони умумии варзишгоҳ 3,2 гектарро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ дар он аз соли 2016 оғоз гардида буд.

Варзишгоҳ дар шаҳраки Бӯстон бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмон”, “Темурҷон” ва “Эъҷози ҳунар” сохта шуд.

Варзишгоҳ аз чор минбари нишастгоҳ ва ҳамчунин барои меҳмонони олиқадр ҷойи махсус иборат аст.

Масоҳати майдон барои бозии футбол бо андозаҳои 105 метр бар 68 метр мебошад.

 
14.09.2020 03:02
There are no translations available.

 

Ифтитоҳи қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” дар ноҳияи Мастчоҳ

 

110.png - 161.23 Kb14.09.2020 19:50, ноҳияи Мастчоҳ

Дар ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи Ҷонмаҳмад Холиқови шаҳраки Бӯстон қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ”-ро, ки аз рӯи лоиҳаи зебою замонавӣ бунёд шудааст, бо иштироки наврасону ҷавонон ва дӯстдорони варзишу тарбияи ҷисмонӣ мавриди истифода қарор доданд.

Бунёди қасри варзиш бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби машқу тамрин, эҳёву рушди намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гӯштин, гӯштини миллӣ, камарбандӣ, дзюдо, гӯштини самбо ва намудҳои дигари варзишӣ миллӣ ба роҳ монда шудааст.

 
14.09.2020 02:59
There are no translations available.

 

Суханронӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд

109.png - 231.64 Kb14.09.2020 17:43, ноҳияи Мастчоҳ

Ҳозирини гиромӣ!

Дар оғози сухан ҳамаи шумо – намояндагони мардуми сарбаланду меҳмоннавоз, бонангу номус ва созандаву ободкори ноҳияи Мастчоҳро ба муносибати бисту нӯҳумин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, ҷашни фархундаи 5500 - солагии Саразми бостонӣ, ки бо қарори ЮНЕСКО таҷлил гардида, нишонаи таърихи бостонии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, табрик мегӯям.

Воқеан истиқлолу озодӣ олитарин ва бузургтарин дастоварди мардуми тамаддунсозу фарҳангии мо буда, ҳамчун машъали фурӯзон роҳи моро ба сӯи фардои ободи Тоҷикистони азизамон равшану пурнур месозад.

Маҳз истиқлолу соҳибихтиёрӣ ба мову шумо имконият фароҳам овард, ки таърих, забон ва фарҳанги халқи худро ба таври шоиста қадрдонӣ кунем, анъанаву ойинҳои миллатамонро эҳё намоем, санаҳои таърихӣ ва шахсиятҳои бузурги халқамонро гиромӣ дошта, мероси бузурги маънавии гузаштагонро дар хизмати ҷомеа гузорем ва барои тарбияи наслҳои ояндасоз равона созем.

 
14.09.2020 02:56
There are no translations available.

Ифтитоҳ Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Мастчоҳ

 

108.png - 202.24 Kb14.09.2020 17:35, ноҳияи Мастчоҳ

Нимаи дуюми рӯзи 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ бинои нави Қасри фарҳангро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Қасри тозабунёди фарҳанг дар маркази шаҳраки Бӯстон қомат афрохта, ба ҳусни ноҳия боз таровати дигар бахшид.

Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он тамоми шароит барои кормандон ва аҳолӣ муҳайё мебошад. Толори барҳавои иншооти фарҳангӣ барои 1000 нафар пешбинӣ шудааст.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ