14.09.2020 02:50 |
There are no translations available.
Ба истифода дода шудани бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ
14.09.2020 17:15, ноҳияи Мастчоҳ
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар маркази ноҳияи Мастчоҳ - шаҳраки Бӯстон бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияро ифтитоҳ карданд.
Бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои шуъбаи маорифи ноҳия туҳфаи арзанда ба ифтихори 29-солагии ҷашни истиқлоли давлатӣ ба аҳли маориф ва кулли сокинони ноҳияи Мастчоҳ мебошад.
|
14.09.2020 10:55 |
There are no translations available.
Барафрохтани Парчами давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ
14.09.2020 11:45, ноҳияи Мастчоҳ
Дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ Парчами давлатиро барафрохтанд.
Парчами давлатӣ дар кӯчаи Саидшариф Шарифови шаҳраки Бӯстон дар вазъияти тантанавӣ, бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки доираи васеъи сокинон партавафшон карда шуд.
Майдони Парчами давлатӣ дар шафати бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардидааст ва ба ҳусни ин мавзеъ зебогии боз ҳам бештар зам менамояд.
|
14.09.2020 10:52 |
There are no translations available.
Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ
14.09.2020 11:36, ноҳияи Мастчоҳ
Дар шаҳраки Бӯстон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳро, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба таври замонавӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Иншоот аз ду ошёна иборат буда, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ҳархелаи мавсимӣ оро дода шудааст, ки ба ҳусни шаҳраки Бӯстон зебогии дигар зам мекунад.
Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ аз 5 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, дар он беҳтарин шароит барои кормандон фароҳам оварда шудааст.
|
14.09.2020 10:49 |
There are no translations available.
Ба истифода додани Маркази адлия дар ноҳияи Мастчоҳ
14.09.2020 11:30, ноҳияи Мастчоҳ
Дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои наву замонавии Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати 875 метри мураббаъ бунёд гардида, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Бино дорои 12 утоқи корӣ, толори ақди никоҳ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон аст.
Утоқҳои бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонидашуда дар ошёнаи якуми бино барои кормандони Идораи нотариалии давлатӣ пешбинӣ гардидаанд.
|
14.09.2020 10:46 |
There are no translations available.
Боздид аз фермаи асп ва чорвои калони шохдор дар ноҳияи Мастчоҳ
14.09.2020 11:29, ноҳияи Мастчоҳ
Дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ аз фермаи ширию молии Кооперативи истеҳсолии “Олимиён” боздид ба амал оварданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар фермаи ширию молии Кооперативи истеҳсолии “Олимиён” беш аз 200 сар чорвои калони шохдор, 560 сар моли майда, 25 сар асп, 6 шутур, 12 шутурмурғ ва 10 ҳазор сар мурғи гуштӣ парвариш карда мешавад.
Фермаи ширию молии Кооперативи истеҳсолии “Олимиён” солҳои дароз фаъолият намекард ва он имрӯз бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Устосафар Олимов пурра навсозӣ шуда, ҳамчун комплекси замонавии чорводорӣ ва асппарварӣ фаъолияти худро пеш мебарад.
|
14.09.2020 10:43 |
There are no translations available.
Тақдими тӯхфаҳо ба ятимон дар тарабхонаи “Бустон”-и ноҳияи Мастчоҳ
14.09.2020 11:28, ноҳияи Мастчоҳ
14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ифтитоҳ кардани бинои кӯдакистони хусусии “Ваҳдат” дар ноҳияи Мастчоҳ дар тарабхонаи “Бӯстон” бо ятимон мулоқоту сӯҳбати самимӣ анҷом доданд.
Тибқи иттилоъ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд 1173 нафар ятим ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 24 нафарашон ятими кул мебошанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ятимонро ба ҷашни умумимиллӣ - 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо барои идомаи таҳсил ва дар оянда омӯхтани илму дониш, махсусан забонҳои хориҷӣ, технологияи замони муосир ва касбу ҳунар ҳидоят намуданд, зеро ояндаи давлат ва миллат дар дасти ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва донишманду бозаковат мебошад.
|
14.09.2020 10:40 |
There are no translations available.
Ифтитоҳи кӯдакистони “Ваҳдат” дар ноҳияи Мастчоҳ
14.09.2020 11:24, ноҳияи Мастчоҳ
14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ-шаҳраки Бӯстон кӯдакистони хусусии “Ваҳдат”-ро ифтитоҳ карданд.
Бинои нави кӯдакистони хусусии “Ваҳдат” дуошёна буда, бо унсури миллӣ ва муосир бунёд гардидааст.
Муассисаи хусусии томактабӣ дар доираи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанов сохта шудааст.
Бо назардошти ҳуҷраҳои таълимию фароғатӣ ва мувофиқи стандарти таълим дар кӯдакистон имкон аст, ҳамарӯза қариб 200 нафар кӯдаки хуштолеъи даврони соҳибистиқлол ба таълиму тарбия фаро гирифта шавад.
|
|
|
|