08.09.2020 06:31 |
There are no translations available.
ШӮРОИ ПРОФЕССОРОН ВА МАҚОМИ ҶАМЪИЯТИИ ОН
Таҳти раёсати ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ нахуст ҷаласаи Шӯрои профессорон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Низомномаи Шӯрои профессорон, ки дар асоси оинномаи муассисаи давлатии таълими ва қарори Шӯрои олмимон таҳия шудааст, мавриди баррасии аъзои Шӯро қарор гирифт.
Ҷаласаро Н.Ғаффорӣ ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки профессорон олимони маъруф ва фидоиёни асили донишгоҳ буда, ҳар яки онҳо дорои мактаби махсуси илмӣ дошта, барои тарбияи кадрҳои баландихтисос, иҷро намудани таҳқиқотҳои бунёдиву амалӣ ва ҷалби мутахассисони ҷавон ба пажӯҳиши корҳои илмиву фановарӣ ёрирасон мебошанд.
|
08.09.2020 06:16 |
There are no translations available.
САФОРАТ БА ДОНИШГОҲ ЛУҒАТИ ПАНҶҶИЛДА ҲАДЯ НАМУД
Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев робитаи дӯстонаи ду ҳамсоякишвар паёмадҳои неку ояндадорро ба бор овард. Аз ҷумла, тайи солҳои охир дӯстию ҳамкориҳои муштараки олимони тоҷику ӯзбек дар бахшҳои гуногун - илми табиатшиносӣ, биологӣ, кишоварзӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, саноатӣ, иҷтимоӣ ва ғайраҳо хеле тақвият ёфта, ки ин аз сиёсати хориҷии дарҳои кушоди ҳар ду кишвар дарак медиҳад.
Дар заминаи робитаҳои дуҷонибаи илмӣ 27-уми августи соли 2020 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ муҳтарам Нуъмонҷон Ғаффорӣ Котиби дуюми Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Фаррух Азизовро ба ҳузур пазируфта, мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот мавзӯъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб барои таҳким ва густариши робитаҳои мутақобилаи судманд баррасӣ шуданд. Ҳар ду ҷониб бори дигар тамоили худро барои рушди ҳамкории судбахш таъкид доштанд.
|
08.09.2020 02:39 |
There are no translations available.
ТУҲФА АЗ НОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ДОНИШГОҲ
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он фарзонамардоне ҳастанд, ки барояшон мавзӯи китоб аз муҳимтарин масоили корӣ ба ҳисоб меравад. Аз аввалин рӯзҳои Президентӣ то ба имрӯз пайваста барои беҳбуди шароит ва соҳибмаърифат гардонидани мардуми кишвар кӯшидаанд.
Бо ин назардошт санаи 29-уми августи соли 2020 бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29-умин солгарди Истиқлоли кишвар ба Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла, ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ китобҳои Пешвои миллат тақдим карда шуд.
|
07.09.2020 03:13 |
There are no translations available.
ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В ТОРГАХ
Республика Таджикистан
Проект «Развития высшего образования»
Окно 1. Улучшение качества и актуальности высшего образования для рынка труда
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни
|
07.09.2020 10:58 |
There are no translations available.
Боздид аз “Боғи Ватан” дар шаҳри Турсунзода
07.09.2020 11:50, шаҳри Турсунзода
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои токзори Хоҷагии деҳқонии “Ватан” шинос шуданд.
Дар ин сафар Президенти мамлакатро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳадафи ин сафари Пешвои муаззами миллат шиносоӣ аз рафти иҷроиши “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020”, татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат мебошад.
|
07.09.2020 10:48 |
There are no translations available.
Боздид аз “Боғи Сомон” дар шаҳри Турсунзода
07.09.2020 11:48, шаҳри Турсунзода
Дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз заминҳои “Боғи Сомон” дар Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Камол” шинос шуданд.
Дар ин сафар Президенти мамлакатро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳадафи ин сафари Пешвои муаззами миллат шиносоӣ аз рафти иҷроиши “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020”, татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат мебошад.
|
07.09.2020 10:56 |
There are no translations available.
Боздид аз хушккунии ангур (мавиз) дар хоҷагии
деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат”-и шаҳри Турсунзода
07.09.2020 09:36, шаҳри Турсунзода
7 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҷура Раҳмонови шаҳри Турсунзода ба Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат” ташриф оварданд.