07.09.2020 10:54 |
There are no translations available.
Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Турсунзода
07.09.2020 09:30, шаҳри Турсунзода
7 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода майдони Парчами давлатиро мавриди истифода қарор доданд.
Парчами давлатӣ дар масоҳати умумии 6 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, баландии пояи он бо дарназардошти таҳкурсиаш 50 метрро ташкил медиҳад. Парчами давлатӣ дар маркази шаҳр қомат афрохта, андозаи матои он 7 ба 14 метрро ташкил медиҳад.
Майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Турсунзода яке аз иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар рафти бунёди он коргарони маҳаллӣ бо риояи меъёрҳои қабулшудаи сохтмонӣ иншоотро бунёд ва майдони назди Парчамро ба макони зебои сайру саёҳати мардум табдил доданд.
|
07.09.2020 10:43 |
There are no translations available.
Ба истифода додани беморхонаи хусусии «Нури шифо» дар шаҳри Турсунзода
07.09.2020 08:23, шаҳри Турсунзода
Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маркази табобатии «Нури шифо»-ро дар кӯчаи Садриддин Айнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ҷамияти дорои масъулияти маҳдуди «Нури шифо» дар доираи иқдомҳои созанда ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани солгарди навбатии истиқлоли давлатӣ ва ҷавобгу сохтани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҷурахон Хоҷамқулов бо маблағи умумии беш аз 2 миллион сомонӣ сохта шуда, дорои шароити мусоиди кору хизматарасонӣ мебошад.
Сарвари давлат аз шароити замонавии маркази табобатии «Нури шифо», ки аз 4 ошёна ва таҳхона иборат мебошад шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.
|
07.09.2020 10:53 |
There are no translations available.
Ба истифода додани зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ
дар кӯчаи Исмоилӣ Сомонии шаҳри Турсунзода
07.09.2020 08:19, шаҳри Турсунзода
7 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и “Равшан”- ро баъд аз таҷдид мавриди истифода қарор доданд.
Сарвари давлат нахуст бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти зеристгоҳи барқӣ, воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ оғози расмӣ бахшиданд.
Дар бинои танзим ва ҳимояи релегӣ нақшаи якхатаи зеристгоҳи мазкур, ки базаи асосии идораи таъминкунандаи нерӯи барқ маҳсуб мешавад, муаррифӣ гардид.
|
07.09.2020 10:41 |
There are no translations available.
Оғози ҷамъоварии шолӣ дар ҶСК “Ҳақиқат”-и шаҳри Турсунзода
07.09.2020 08:16, шаҳри Турсунзода
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамъоварии шолӣ дар Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Ҳақиқат”-и шаҳри Турсунзода оғоз бахшиданд.
Дар ин сафар Президенти мамлакатро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳадафи ин сафари Пешвои муаззами миллат шиносоӣ аз рафти иҷроиши “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020”, татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат мебошад.
Бо дарназардошти имконоти васеи шаҳри саноатию аграрии Турсунзода имрӯз дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни боздид аз хоҷагиҳо байни сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода барои дар давраи тирамоҳу зимистони дар пеш истода, мунтазам таъмин кардани бозорҳои истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавоти хушсифат, зироатҳо ва дигар маводи ниёзи аввал, шартномаҳои дутарафаи ҳамкорӣ баста мешавад.
|
07.09.2020 10:51 |
There are no translations available.
Оғози сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода
07.09.2020 08:12, шаҳри Турсунзода
7 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.
Дар ин сафар Президенти мамлакатро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳадафи ин сафари Пешвои муаззами миллат шиносоӣ аз рафти иҷроиши “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020”, татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат мебошад.
|
05.09.2020 09:02 |
There are no translations available.
Унвони “Хизмати шоиста” ба бонуи шоиста...
Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, декани факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Мадатзода Манзураи Тоҷиддинро барои сарфароз гаардиданашон бо медали “Хизмати шоиста” бо арзи сипос табрику таҳният гуфта, барояшон беҳтарин дастовардҳои илмиву эҷодӣ ва бурдбориҳои зиёдеро таманно менамояд.
|
04.09.2020 06:56 |
There are no translations available.
Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ
04.09.2020 11:44, шаҳри Душанбе
4 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозон, ки дар фаъолияти худ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ супориданд.
Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфтанд.
Таъкид гардид, ки ҳамасола дар остонаи таҷлили солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолони соҳаҳои гуногуни кишвар, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозони содиқи Ватанро барои хизматҳои шоён дар назди давлату миллат қадрдонӣ менамоем.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо заҳмати аҳлонаву софдилонаи мардуми созандаву бунёдкори тоҷик сол ба сол ободу зебо гардида, шароити зиндагии сокинони кишвар мунтазам беҳтар шуда истодааст.
|
|