15.07.2020 13:01 |
There are no translations available.
НИШАСТИ МАТБУОТӢ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲРО ХУБ АРЗЁБӢ НАМУД
Тибқи нақшаи ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ 15-уми июли соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти донишгоҳ дар шашмоҳи соли 2020 бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон ва намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ доир гардид.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони расонаҳои хабарии кишвар - Заробиддин Ширинов, Назаров Сайидо, Сафияи Шоҳин аз агентии иттилоотии “Ховар”, Бузургмеҳр Ҷалилов аз рӯзномаи «Ҷумҳурият», Ибодуллоҳи Тоҳир аз рӯзномаи «Минбари халқ», Ворис Назарзода аз рӯзномаи «Садои мардум», Абдурауф Муродӣ аз рӯзномаи «Омӯзгор», Туйчизода Мутриба аз маҷаллаи «Тоҷикистон», Рустам Одинаев аз рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», Тоҷиддин Латипов аз рӯзномаи «Қонун ва ҷомеа», Усмон Раҳимзода аз рӯзномаи «Тоҷикистон», Лутфия Эшонқулова аз рӯзномаи «Народная газета», Насриддинова Гулнора аз радиои «Садои Душанбе», Шоиста Аёзова, Баҳруллои Маҳмадовуд аз «Радиои Тоҷикистон» ширкат намуданд.
|
15.07.2020 12:35 |
There are no translations available.
Раёсати ДДОТ: Донишҷӯёнро дастгирӣ мекунем
Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду пешрафти ДДОТ шароити мусоид фароҳам овард. Дар давоми се даҳсолаи ахир вобаста ба талаботи замон ва бозори меҳнат як қатор кафедраҳо, ихтисосҳо ва факултетиҳои нав таъсис ёфтанд ва ҳамкориҳои бисёрҷониба бо муассисаҳои олии таълимии мамолики хориҷӣ вусъат ёфтаанд. Аз 20786 донишҷӯи айни замон дар ин даргоҳи дониш таҳсил намуда истода 4020 нафар шаҳрвандони давлатҳои ҳамсоя мебошанд. Аз ин шумора 2262 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 1758 нафар дар шуъбаи ғоибона мехонанд.
|
14.07.2020 12:22 |
There are no translations available.
КИТОБ — САРЧАШМАИ МАЪРИФАТ
ДУШАНБЕ, 14.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ рӯнамоии китоби тозанашр таҳти унвони «Китоб—сарчашмаи маърифат» доир гардид. Дар китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳои олимону муҳаққиқони тоҷик дар бораи китоб, хизмати пурарзишу таърихӣ ва адабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба манзалати китоб гирд омада, он аз ҷониби академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва бо ибтикори Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбар Қосим бо теъдоди 500 нусха дар нашриёти «Ношир» ба чоп расидааст.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз маросими мазкур хабар дод, дар ин рӯнамоии китоби зикршуда ректори Донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ , олимону муҳаққиқони ва дӯстдорони каломи бадеӣ иштирок доштанд.
Нуъмонҷон Ғаффорӣ зикр кард, ки китоби мазкур ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда, ба доираи васеи хонандагони тоҷик равона карда шудааст.
|
18.05.2020 05:20 |
There are no translations available.
ТОҶИК, ТОҶИКИЯТ, КОРОНАВИРУС ВА НАНГУ НОМУС
Ба ҳаводис ва руйдодҳои олам менигарем. Мавзӯи асосӣ – бадбахтии саросарии олам-коронавирус.
Бузургтарин қудратҳои ҷаҳонӣ натавонистанд, аз он раҳоӣ ёбанд. Давлати қудратманде, ки даъвои кадхудоии дунёро дошт, ё кишваре, ки сесад сол Ҳиндустони бузургро таги чанголи оҳанин гирифта буд, мамлакате, ки роҳро ба сӯйи қитъаи Амрико кушода буд ва дигар кишварҳои бою сарватманд миллионҳо бемор ба бор оварданд. Даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони онҳо ҷонҳои худро бар асари ин сироят бохтанд.
Ин руйхатро метавон идома дод. Аммо ҳоҷат нест. Мардумони олам фоҷеи одамиро эҳсос мекунанд, мефаҳманд, агар бо кумакҳои моддӣ натавонанд ҳам ақаллан ҳамдардӣ изҳор менамоянд.
Афлотун фармудааст: «Ҷанг ягона руйдодест, ки қудрати маънавии миллатро дар намоиш мегузорад».
Масъала сари тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус меравад. Ҳамагон медонистанд ва медонанд, ки ин фоҷеаи умумибашарӣ наме-тавонист кишвари моро сарфи назар кунад. Акнун ин бадбахтӣ дари хонаи тоҷикро ҳам, тавре ки интизорӣ мерафт, куфт.
|
24.04.2020 08:18 |
There are no translations available.
Баргузории конференсия илмӣ дар
кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳӣ
Рӯзи 24-уми апрели соли 2020 дар кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ конференсияи илмиву назариявии устодону донишҷӯён баргузор гардид.Онро бо сухани муқаддимавӣ мудири кафедра С. Хоҷазод ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба “Нақши осори Сайидои Насафӣ дар бозтоб, тарғиб ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ” маърӯза кард.
|
23.04.2020 11:09 |
There are no translations available.
Баргузории конференсияи илмӣ-назариявии
устодону донишҷӯён дар факултетҳои таърих ва филологияи тоҷик
Конференсияи мазкур аз рӯи нақшаи раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва барномаи он дар кафедраи таърихи умумӣ ва кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва кафедраҳои факултети филологияи тоҷик санаи 23. 04. 2020 с. баргузор гардид. Дар кори конференсия ректори донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор А. Мирзораҳимов, сардори раёсати илм ва иноватсия, дотсент Ҳ. Раҷабов, мудири бахши магистратура С.Ахиева, сармутахассиси раёсати илм Мусаммирова З. ва дигар намояндагону мутасаддиёни зерсохторҳои донишгоҳ ширкат доштанд.
|
23.04.2020 05:59 |
There are no translations available.
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
23.04.2020 07:00, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати фаро расидани моҳи мубораки Рамазон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони Ватан файзу баракат ва рӯзгори осуда орзу менамоям.
Рамазон, ки дорои арзишҳои маънавии бузург мебошад, барои мардуми мусулмон моҳи муқаддас ба шумор меравад. Ин моҳ инсонро ба сабру таҳаммул ва парҳезкорӣ даъват карда, дар табиати одамон меҳрубонӣ ва раҳму шафқатро нисбат ба якдигар бедор месозад ва онҳоро ғолиби нафсу ҳомии рӯҳ мегардонад.
Яъне моҳи Рамазон ба пок гардидани ботину қалби инсон мусоидат карда, ӯро аз гуфтору рафтори зишту номатлуб дур месозад.
Дар ин айём, ки моҳи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат мебошад, одамон бояд якдигарро эҳтиром намоянд, аз гуноҳи ҳамдигар гузаранд, ба қадри падару модар, калонсолон, хешу табор ва ҳамсояҳои худ расанд ва фурӯтану хоксор бошанд.
Дар ин моҳи муборак баробари ба ҷо овардани тоату ибодат ва зоҳир намудани меҳрубониву самимият иҷрои амалҳои солеҳ, аз қабили хайру эҳсон ва парҳезгорӣ аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои инсониву имонӣ дониста шудааст.
|
|