21.02.2020 08:43 |
There are no translations available.
21 - уми феврал Рӯзи байналмилалии забони модарӣ
Забони модариро пос дорем” унвон дошт ҳамоиши илмӣ- амалӣ, ки ба ифтихори Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ доир гардид. Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ Ректори донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ кушода, роҷеъ ба ҳифзи забонҳои модарӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди забони модарии миллатҳои маскуни Тоҷикистон ибрози назар намуд.
|
21.02.2020 10:21 |
There are no translations available.
Таҷлили Рӯзи байналмилалии забони модарӣ
дар факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ
Дар таърихи 21.02.2020 бо ибтикори мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филологӣ Холмаҳмад Раҳимӣ вобаста ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ конференсияи назариявӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар кори конференсия Х. Раҳимӣ- мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, Бегимов Ҳ.Х.- мудири кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоӣ, Басгул Туманова- муовини декан оид ба тарбия, Шаҳноза Ниёзова ассистенти кафедра иштирок намуданд.
|
17.02.2020 08:06 |
There are no translations available.
Вохӯрии судманд
Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии ҳудуди ноҳия санаи 17-02-2020 дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Точикистон ба номи С. Айнӣ дар байни донишҷӯёну омӯзгорон оид ба тарғибу ташвиқ ва шарҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои риояи қонунҳои миллӣ, пешгирӣ аз омилҳои номатлуб, терроризму экстремизм, ҷинояту ҷинояткорӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ вохӯрии судманд гузаронида шуд.
|
14.02.2020 08:52 |
There are no translations available.
«Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров
дар рушди худшиносии миллӣ»
Бо ташаббуси факултети таърих ва кафедраи таърихи халқи тоҷик санаи 14 феврали соли 2020 дар толори асосии донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар мавзӯи «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар рушди худшиносии миллӣ», семинари илмӣ баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор А. Мирзораҳимов бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чунин қайд карда буданд: «олимони таърихнигор ва ҷомеашиноси мо ва умуман аҳли зиёи кишвар бояд дар омӯзиш ва тарғиби зиндагинома ва осори ҷовидонаи ин бузургмарди миллат саҳмгузор бошанд» оғоз намуданд.
|
13.02.2020 05:22 |
There are no translations available.
ТАҚДИМИ КИТОБҲО АЗ ҶОНИБИ САФИРИ ФАРОНСА
Санаи 11-уми феврали соли 2020 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, 350 нусха китобҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ-оммавӣ ва бадеӣ туҳфа намуд, ки ҳадаф аз он густариши муносибатҳои фарҳангии ду кишвари дӯст мебошад.
Ректори донишгоҳ Нуъмонҷон Ғаффорӣ меҳмони олиқадрро ҷиҳати тақдими китобҳо арзи сипос намуда, дар хусуси нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими равобити Тоҷикистону Фаронса сухан ронд.
|
03.02.2020 05:01 |
There are no translations available.
ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В КОНКУРСНОМ ОТБОРЕ
МЕСТНОГО КОНСУЛЬТАНТА
Республика Таджикистан.
Проект «Развития высшего образования».
Окно 1. Улучшение качества и актуальности высшего образования для рынка труда
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни
Контракт: Изготовка видео-ролика «Тур по порталу»
Номер Контракта: ТГПУ/IC/11
Дата: 03 февраля 2020 г.
|
28.01.2020 03:03 |
There are no translations available.
Ду лоиҳаи пешниҳодкардаи Донишгоҳи омӯзгорӣ
оид ба баланд бардоштани сифати таълим татбиқ гардида
истодаанд-бардошт аз нишасти матбуотӣ
ДУШАНБЕ, 27.01.2020. /АМИТ «Ховар»/.Бо дастгирии лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон соли гузашта ду лоиҳаи пешниҳодкардаи донишгоҳи мо- «Ҳамгироии технологияи информатсионӣ дар раванди таълим ҳамчун омили баланд бардоштани сифати таълим» бо маблағи 2755 ҳазор сомонӣ ва «Беҳтар гардонидани шароити зисти духтарон дар хобгоҳ-ҳамчун ангезиши дохилшавӣ ба ДДОТ аз минтақаҳои кӯҳистон» ба маблағи 360 ҳазор сомонӣ қабул гардида, дар маҷмӯъ ба маблағи умумии 3115 ҳазор сомонӣ татбиқ шуда истодаанд. Ин нукта имрӯз дар нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баён гардид.
|
|
|
|