• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterСегодня741
mod_vvisit_counterВчера1075
mod_vvisit_counterВ неделю741
mod_vvisit_counterПрошлом неделе7159
mod_vvisit_counterМесяц27413
mod_vvisit_counterПрошлом месяце28067
mod_vvisit_counterОбщий979283

Онлайн 20
ваша IP: 216.73.216.237
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-04-26 15:06
11.09.2021 09:33
There are no translations available.

 

ЁДБУДИ АДИБИ ЗАБАРДАСТ ДАР

ДДОТ БА НОМИ С.АЙНӢ

 

1.jpg - 27.07 Kb11 сентябри соли 2021 дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 110-солагии мавлуди нависандаи номвари тоҷик Сотим Улуғзода (1911-1997) мизи мудаввар бо иштироки ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт, д.и.ф., профессор Шамсиддин Солеҳов дар мавзӯи “Мақоми Сотим Улуғзода дар фарҳангу адаби садаи ХХ” оғоз шуда, нақши ин абармардро дар густариши забону адабиёт, фарҳанг ва зинда намудани номи шахсиятҳои таърихӣ хело ҳам бориз арзёбӣ намуд. Инчунин Ш.Солеҳов афзуд, ки “дар эҷодиёти Сотим Улуғзода насри бадеӣ асосан баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавқеъ пайдо мекунад.

 
11.09.2021 07:26
There are no translations available.

As the entire world community is well aware, the territory of Panjshir, which was considered to be the safest region of Afghanistan, has been under attack by the Taliban with the support of transnational, international terrorist groups for more than three weeks.   

 
11.09.2021 07:21
There are no translations available.

Тавре ҳамаи ҷаҳон огоҳ мебошад, аз се ҳафта ба ин сӯ қаламрави Панҷшер, ки амнтарин вилояти Афғонистон маҳсуб мешуд, мавриди ҳамлаи Толибон бо пуштибонии гуруҳҳои чандмиллиятии террористии байналмилалӣ қарор дорад.

 
11.09.2021 07:12
There are no translations available.

Как известно всему мировому сообществу, вот уже более трех недель территория Панджера, которая считалась самой безопасной областью Афганистана, подвергается нападению Талибов при поддержке транснациональных международных террористических группировок.  После неоднократных неудачных нападений этих групп и окружения талибов в осаде, к сожалению, 5 сентября 2021 года мы – гражданские лица – жители Панджшера стали свидетелями воздушного нападения авиации и беспилотников Армии Пакистана на территорию Панджшерского ущелья. Сотни бомб были сброшены на наши дома, в результате чего погибли десятки мирных жителей Панджшера, тела некоторых из них ещё предстоит собрать и похоронить.

 
11.09.2021 04:30
There are no translations available.

 

Ватан, ҳар гӯшаат обод бинам!

1.JPG - 281.92 Kb11-уми сентябри соли 2021 бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе дар дохил ва атрофи биноҳои таълимӣ, роҳравҳо ва хобгоҳҳои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни ин боргоҳи муқаддас шанбегии дастаҷамъона таҳти шиори “Ватан, ҳар гӯшаат обод бинам!” баргузор гардид.

 
10.09.2021 04:28
There are no translations available.

 

Суханронӣ ба ифтихори 30-солагии

истиқлоли давлатӣ дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе

 

22.jpg - 231.89 Kb09.09.2021 19:44, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлоли давлатӣ – ҷашни бузургтарину муқаддастарини миллии мардуми шарафманди Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Бо ифтихору хушҳолии зиёд иброз медорам, ки ин ҷашни сарнавиштсозро тамоми сокинони мамлакат чанд рӯз инҷониб дар фазои сулҳу субот, бо рӯҳияи баланди ватандорӣ ва қаноатмандиву шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таҷлил карда истодаанд.

Ин рӯзи муборак, ки дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шудааст, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад.

 
10.09.2021 04:24
There are no translations available.

 

Иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни

30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар “Наврӯзгоҳ” - и пойтахт

20.jpg - 264.53 Kb09.09.2021 19:40, шаҳри Душанбе

9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” - и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар чорабинии идона шумораи зиёди сокинони пойтахт ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.

Мавриди зикри хос аст, ки сокинони шаҳри Душанбе ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо комёбиҳои беназир истиқбол гирифтанд.

Танҳо давоми як соли охир пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бо бунёди иншооти гуногуни маишӣ, маъмурӣ, истиқоматӣ, гулгашту хиёбон, майдончаҳои варзишӣ, азнавсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра симои тоза ба бар кард.

Ҳамаи ин пешравиҳо бо ҷонибдории мардум аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва талошҳову тадбирҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба даст омадааст.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мы в социальных сетях