16.02.2019 16:07 |
There are no translations available.
Пешвоз аз 26-умин солгарди Артиши миллӣ
Чи хеле, ки ба ҳамагон маълум аст мо дар арафаи таҷлил аз 26-умин солгарди Артиши миллӣ қарор дорем. Рӯзи 14-уми феврали соли равон донишҷӯёни курси якуми гурӯҳи химия-экологияи факултети химия бо роҳбарии куратори гурӯҳ Урозова С.А дар толори бинои асосии донишгоҳ ин ҷашни миллиро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд.
|
16.02.2019 10:09 |
There are no translations available.
Таърихи таъсисёби ва рушди Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳар кишвар дорои артиши миллии худ аст, вале Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис додашуд, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣҳам дар кишвар камбуданд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогирбуд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯънамуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуд.
|
16.02.2019 08:16 |
There are no translations available.
Дар Турк Симпозиум байналмилалии «Муқовимат бар зидди ташкилоти террористии наҳзат» доир гардид
5 феврали соли 2019 дар Ҷумҳурии Туркия Симпозиуми байналмилалӣ зери унвони «Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат» баргузор гардид. Ин ҳамоиш зимни даъвати расмии Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода аз ҷониби Муфтиёти Туркия доир карда шуд. Дар Симпозиуми мазкур ходимони динии Тоҷикистон ва Туркия, олимон, унвонҷӯён, мутахассисони самти мубориза бар зидди терроризм, дипломатҳои кишварҳои хориҷии муқими Анқара, Шӯрои донишҷӯёни тоҷик дар Туркия, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ ва Анҷумани тоҷикон дар Туркия ширкат доштанд.
|
16.02.2019 08:13 |
There are no translations available.
ФАВРӢ! ШАРОФИДДИН ГАДОЕВ – МУОВИНИ КАБИРӢ БА ТОҶИКИСТОН БАРГАШТ
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 15 феврал бо нашри як изҳороти вижа эълон кард, ки Шарофидин Гадоев, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон – эътилофи мухолифини тоҷик, ки дар шаҳри Эйндҳовени Ҳолланд паноҳ мебурд, ихтиёран бо ҳавопаймои Маскав – Душанбе ба Тоҷикистон баргашта, дар ШВКД фурудгоҳи Душанбе худро ба мақомот таслим кардааст.
|
15.02.2019 09:03 |
There are no translations available.
Қушунҳои сарҳадӣ кафили амнияти миллӣ
Санаи 14 феврали соли 2019 ба истиқболи «25-солагии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар кафедраи ҳуқуқи факултети таърихи донишгоҳ бо иштироки омўзгорону донишҷуён мизи мудаввар доир карда шуд. Зимни баргузорӣ сараввал мудири кафедра, н.и.т., Н. Шарипов суханронӣ намуда, қайд карданд, ки қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон намуди махсуси қушунҳое мебошанд,
|
14.02.2019 10:12 |
There are no translations available.
НАВРӮЗУ НАВБАҲОРОН БАР ДӮСТОН МУБОРАК!
Инак, ба сарзамини биҳиштосои мо, ба Ватани соҳибистиқлол ва зебоманзари мо Наврӯз меояд; айёми гулу сабза, зебоии табиат, зиндашавии тамоми наботот. Паёму навиди насимомези атрогини хуҷастапайки фаррухрӯзи баҳориро бо дамидани гулҳои бойчечаку лолаву сияҳгушу наргис дар ин фурсати наврӯзӣ ба ҳар яки шумо ҳамватанони азиз хайру мақдам мегӯем.
|
09.02.2019 05:35 |
There are no translations available.
УНИВЕРСИАДАИ ПАТЕНТИИ АВРУОСИЁГӢ «НАЗАР БА ОЯНДА»
Универсиадаи патентии Авруосиёгӣ «Назар ба оянда» (минбаъд - универсида) бо мақсади дастгирии ҷавонони болаёқат ва баландбардории рағбати онҳо ба масъалаҳои моликияти зеҳнӣ баргузор карда мешавад. Универсиада аз санаи 1 январ то 9 сентябри соли 2019 баргузор карда мешавад. Барои иштирок дар универсиада толибилмони ташкилотҳои таҳсилоти умумии анҷомдиҳандаи барномаҳои таълимии миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ, олӣ, инчунин дигар шахсони ҳавасманди синну соли аз 10 то 25 сола даъват карда мешаванд. Универсиада аз рўи ду категорияи синусолӣ дар намуди озмуни корҳои эҷодӣ ё лоиҳаҳо аз рўи мавзуъҳои зерин баргузор карда мешавад:
|
|
|
|