07.02.2019 05:11 |
There are no translations available.
«Freedom House» дар хизмати кист?
Тоҷикистон тоза ба истиқлолият расидаву ҷойгоҳи худашро дар арсаи байналмиллалӣ пайдо намуда истодааст. Пешравиҳои кишварро ҳамагон мебинему аз онҳо пурра огоҳӣ доред. Лекин чунин пешравии босуръат дар ҳама самтҳо на барои ҳамаи давлату созмонҳои байналмиллалӣ писанд аст.
|
07.02.2019 05:07 |
There are no translations available.
Дар Туркия Симпозиуми байналмилалии «Муқовимат бар зидди ташкилоти террористии наҳзат» доир гардид
Хулоса, симпозиуми мазкур, ки дар сатҳи баланд доир гардид, ба пешрафти раванди мубориза бар зидди терроризму экстремизм, хусусан бар зидди фаъолияти ТТЭ ҲНИ таъсири амиқ гузошт.«Мо, аъзои Анҷумани тоҷикон дар Туркия ба ҳукумати муҳтарами Туркия изҳори сипос менамоем, ки тамоми аъзои созмони хатарноки террористии наҳзатро аз қаламрави кишвари дӯстӣ мо рондаанд.
|
06.02.2019 08:07 |
There are no translations available.
Чодархаёли саҳнаи сиёсат
Шахсияти Илҳом Ёқубов, ки алҳол роҳбари Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Миёна дар кишварҳои Аврупо аст, барои аксарият шинос мебошад. Варзишгар буд ва баъдан ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пайваст, роҳбари бахши суғдии ҳизби номбурда гардид. Баъдан, эълон кард, ки аз ин ҳизб даст кашидааст ва дар навори видеоӣ иқрор гашта буд, ки роҳи интихобнамудаи ҳизби наҳзат нодуруст аст. Аммо ин суханонаш комилан барои раҳгум занондан, барои дар тасаввуроти мардум худашро ислоҳшуда нишон додан будаасту халос.
|
05.02.2019 03:56 |
There are no translations available.
Бозшинохти робитаи ҳаракати босмачигарӣ бо фитнаи наҳзатӣ
Масъалаҳое, ки Карим Давлатов дар мақолаи «Ҳаракати босмачигарӣ чун лаккаи таърихии наҳзатӣ» ба миён гузоштааст, дар ҷомеаи имрӯзаи мо ба хотири тарбияи солими насли ҷавон хеле ба маврид буда, аз аҳамияти калони назариявию амалӣ бархурдор мебошад. Ин ҷо ҳак ба чониби муаллиф аст, вақте ӯ байни босмачиҳо ва наҳзатиҳо як айнияти равшанеро мушоҳида менамояд.
|
01.02.2019 15:24 |
There are no translations available.
Фаъолияти кураторони донишгоҳ баррасӣ гардид
Санаи 1-уми феврал дар толори бинои асосии донишгоҳ љаласа оид ба ҳисоботи шӯрои кураторони донишгоҳ ва омодагӣ ба оғози нимсолаи баҳории соли таҳсили 2018-2019 гузаронида шуд. Дар љаласа раиси шӯрои кураторони донишгоҳ Г. Баротова, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Қ. Иброҳимов ва тамоми кураторони гурӯҳҳои академии факултетҳо ширкат варзиданд.
|
31.01.2019 18:13 |
There are no translations available.
Натиҷагирӣ аз фаъолияти илмии донишгоҳ
Санаи 31-уми январи соли ҷорӣ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ академик Носирҷон Салимӣ ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шӯрои олимони донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он, аз ҷумла, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методии донишгоҳ дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 баррасӣ гардид. Дар ҷаласа муовини ректор оид ба корҳои илмӣ профессор Насрулло Убайдуллоев оид ба масъалаи мазкур маърӯзаи худро ба самъи аъзои шӯро ва дигар устодону омӯзгорон расонида, аз муваффақияту дастовардҳои соҳа, мушкилоту масоили ҳалталаб ва нақшаву барномаҳои дарпешистода ёдовар шуд.
|
31.01.2019 09:49 |
There are no translations available.
Баргузории нишасти матбуотӣ дар донишгоҳ
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнї санаи 28-уми январ нишасти матбуотӣ бо ширкати хабарнигорон ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Нишасти матбуотиро ректори донишгоҳ академик Носирҷон Салимӣ ифтитоҳ намуда, оид ба муҳимтарин самтҳои фаъолияти гуногунҷанбаи донишгоҳ, дастоварду муваффақиятҳои донишгоҳ дар соли сипаришуда ва нақшаву вазифаҳои дарпешистода гузориш дод.
|
|
|
|