19.03.2024 08:36 |
There are no translations available.
МУАЛЛИФОНИ КИТОБ ВА ДАСТУРҲОИ ТАЪЛИМӢ БОЯД НАМУНАИ ИБРАТ БОШАНД!
Имрӯз таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба илм, раиси Шурои илмӣ- методии донишгоҳ ҷаласаи навбатии Шурои илмӣ-методӣ доир шуд. Роҷеъ ба «Вазъи омодагии донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ» сардори раёсати илм ва инноватсия Зайдуллозода С. гузориш дод. Таъкид шуд, ки дар ин маврид ҳайати корӣ ташкил гардида, аллакай беҳтаринҳо ба озмуни ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Оид ба «Санҷиши вазъи корҳои илмию методӣ, илмӣ ва сифати тайёр кардани мутахассисон дар кафедраҳои умумидонишгоҳӣ» мудири шуъбаи омоданамоии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ Кенҷанев Ф. маълумот дод. Номбурда натиҷаи санҷиши гурӯҳи кориро ба самъи ҳозирон расонд. Гуфта шуд, ки дар баъзе кафедраҳои умумидонишгоҳӣ вазъи корҳои илмӣ ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нестанд.
|
19.03.2024 03:04 |
There are no translations available.
САФО ОРАД БА ОЛАМ ҶАШНИ НАВРӮЗ
18-уми марти соли 2024 ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар саҳни бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо як шукуҳу шаҳомати хоса бо оростани хони наврӯзии 14 факултети донишгоҳ баргузор карда шуд.
Дар ҳамоиши ҷашни Наврӯз Сафирони фавқулода ва мухтори якқатор ҷумҳуриҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикстон таъйин шудаанд ширкат намуда, аз хони наврӯзии оростаи масъулини Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дидан намуданд.
|
18.03.2024 05:09 |
There are no translations available.
ДДОТ: ТОҶИКОНА МЕПУШЕМ!
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан, либоси зебои миллӣ, атласу адрасу чакан ва баланд бардоштани фарҳангу маданияти либоспушӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ пушидани либоси миллӣ дар миёни омӯзгорону донишҷӯён бештар гардидааст.
|
15.03.2024 04:48 |
There are no translations available.
ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ МЕҲВАРИИ СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН, НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИНИ МАМЛАКАТ ДАР ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ
Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар партави суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат вохӯри бо кормандони илм баргузор гардид. Сараввал вазъи корҳои илмӣ, мушкилот ва пешомади соҳа мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор дода шуд. Таъкид шуд, ки рушди илм ҳамвора дар суҳбату мулоқотҳои Пешвои миллат таъкид мегардад ва дар суханронии Президент дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимогни дини мамлакат низ бори дигар зикр шуд, ки «Мо бояд хонем, илм омӯзем, илмҳои дақиқу риёзиро рушд диҳем, техникаву технологияҳои навтаринро аз худ кунем, кадр тарбия кунем ва заҳмат
|
15.03.2024 04:38 |
There are no translations available.
ХУШХАБАР: САФИ УНВОНДОРОНИ ДОНИШГОҲ МЕАФЗОЯД!
Бо дастгириҳои ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки муҳаққиқону омӯзгорон рисолаҳои худро муваффақона дифоъ намуда буданд, якбора рисолаи 4 нафари онҳо бо фармоиши раиси КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, аз 05.03.2024, №35, 36, 37 тасдиқ гардид.
Аз ҷумла: Максумова Шаҳноза Уктамовна, омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои география;
Имамбердиева Саломат Менгликуловна, омӯзгори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ;
|
12.03.2024 05:33 |
There are no translations available.
ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ МИЁНИ 2 МУАССИСАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ИМЗО ШУД
Имрӯз 12 – уми марти соли 2024 миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Термези Ҷумҳурии Ӯзбекистон ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Санади муҳими ҳамкорӣ аз тарафи Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Ҳасанов Азизбек Бахтиярович, ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Термез ба таври маҷозӣ ба имзо расонида шуд.
|
11.03.2024 05:25 |
There are no translations available.
ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО БО МУАССИСАҲОИ ЧИН
7-уми марти соли равон Қурбонзода Рухшона, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо Сун Янмэй, ректори Институти таълим ва мубодилаи байналмиллалӣ, муовинони ректор Лю Хунмей, Ван Ся, роҳбари Маркази табодул ва ҳамкории забонҳои чинӣ ва хориҷии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин, муовини ректори Донишгоҳи Ҷинан ва Ҷау Хун Лян директори Ширкати “Технологияи таълими Shangdon Daliangzao”-и Ҷумҳурии Халқии Чин вохӯрии маҷозӣ баргузор намуд.
|
|
|
|