13.12.2018 16:09 |
There are no translations available.
Нақши занон дар ҷомеа муҳим дониста шуд
Ҳафтаи равон дар факултети забон ва адабиёти рус мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши зан дар ҷомеаи имрӯза» баргузор гардид. Њадаф аз баргузории ҳамоиш таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани ҳуқуқи занон дар ҷомеаи имрӯза дониста шуда, масъалаи мазкур ҳамчун яке аз мушкилоти мубрам диққати донишмандон ва муассисаҳои тадқиқотиро ба худ ҷалб карда, як мушкили бузурги гендерӣ дониста мешавад, - қайд карда шуд дар ифтитоҳи чорабинии илмию маърифатӣ.
|
13.12.2018 15:50 |
There are no translations available.
Дарси кушод муваффақияти таҷрибаомӯзон аст
Дар кӯдакистони хусусии «Зарринтоҷ» бо иштироки таҷрибаомӯзони курсҳои 5-уми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ-забони англисии факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ санаи 7-уми декабри соли равон дарси кушоди ҷамъбастӣ аз фанни забони англисӣ баргузор шуд. Рафти дарс аз хондани шеърҳо, сурудҳо, ҳарфёбак, бозиҳои шавқовари нақшдор ва нақл аз рӯи расм бо забони англисӣ буд.
|
13.12.2018 15:26 |
There are no translations available.
Рӯнамоии ду китоб бахшида ба профессор Мирзо Аҳмадов
Дар толори факултети филологияи тоҷик санаи 13-уми декабр маҳфили ёдбуди профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёт, доктори илмҳои филологӣ Мирзо Аҳмадов баргузор гардид. Дар маҳфили адабӣ, ки бо иштироки устодони донишгоҳ, ҳамкорон, дӯстон ва пайвандони устоди зиндаёд доир шуд, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ доктори илмҳои таърих Н.Убайдуллоев бо сухани ифтитоҳӣ аз кору эҷод ва зиндагиномаи пурбаракати устод Мирзо Аҳмадов ёдоварӣ намуд.
|
12.12.2018 09:37 |
There are no translations available.
ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ВА ПЕШГИРИИ ХАТАРҲОИ МУОСИР
Ҷаҳони имрӯз бо ворид гардидан ба марҳалаи ҷаҳонишавӣ бо хатарҳое рӯ ба рӯ мегардад, ки ин хатарот на танҳо ба амнияту суботи кишварҳои алоҳида, балки ба кулли мамолики ҷаҳон таҳдид мекунанд. Ба қатори чунин хатарҳо метавон афзоиши терроризм ва экстремизми диниро мансуб донист, ки коршиносон ва сиёсатмадорон як қатор омилҳоро сарчашма ва заминаи ин падидаи хавфноки замони муосир меҳисобанд.
|
10.12.2018 09:04 |
There are no translations available.
Баргузории конфронси илмӣ бахшида ба Шӯриши Восеъ
Санаи 8-уми декабр дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Шӯриши Восеъ: ҷунбиши бузурги мардумии зидди истибдоди амирӣ» оғоз гардид, ки дар он муҳаққиқони таърихшинос ва устодону донишҷӯён ширкат варзиданд. Конфронси мазкур ба муносибати 130-юмин солгарди шӯриши бузурги деҳқонон дар Бухорои Шарқӣ, ки дар таърих бо номи Шӯриши Восеъ машҳур аст, ташкилу баргузор карда шуд.
|
10.12.2018 09:00 |
There are no translations available.
Мубориза бо фасод амре ногузир аст
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия, ки ҳамасола 9-уми декабр қайд карда мешавад, дар толори бинои асосии донишгоҳ вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм бо ҳайъати донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ баргузор гардид.
|
07.12.2018 13:00 |
There are no translations available.
НБО “РОҒУН” – ЗАМИНАИ АСОСӢ БАРОИ ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ
Тоҷикистон бо мавқеи ҷойгиршавии географии худ дар минтақае қарор гирифтааст, ки сарчашмаи ташаккули захираҳои обии минтақа мебошад. Истифода аз ин захираҳо омил ва шарти асосии таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии давлат ва баланд гардидани мавқеи сиёсии он ҳам дар сатҳи минтақа ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ мегардад.
|
|
|
|