• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
10.11.2018 12:17
There are no translations available.

КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Имрӯз, 10-уми ноябр, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба кори худ шурӯъ кард.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс, ки дар толори калони бинои асосии донишгоҳ бо ширкати олимону мутахассисон аз идораҳои дахлдори давлатӣ ва муассисаҳои илмию таълимии кишвар, аз ҷумла Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, инчунин бо ҳузури устодону донишҷӯён баргузор гардид, нахуст муовини ректор оид ба корҳои илмии донишгоҳ доктори илмҳои таърих Н. Убайдуллоев ҳузури меҳмонон ва ифтитоҳи чунин чорабинии муҳимро таҳният гуфт.

 
09.11.2018 08:06
There are no translations available.

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҲОЗИРҶАВОБОН МИЁНИ
ДОНИШҶӮЁНИ ХОБГОҲҲОИ ДОНИШГОҲ

Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонон дар ҳамкорӣ бо кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ ҳафтаи равон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни хобгоҳҳои № 2, 3, 6, 7 ва 8 чорабинии фарҳангӣ-фароѓатии ҳозирҷавобӣ дар толори бинои асосии донишгоҳ баргузор гардид.

 
08.11.2018 14:53
There are no translations available.

РАФТИ БАРГУЗОРИИ ОЛИМПИАДА ДАР ДОНИШГОҲ

Бо мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷӯён ба омӯзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмӣ ва техникии онҳо, инчунин дарёфти донишҷӯёни лаёқатманд ҷиҳати ҷалби онҳо ба соҳаҳои илм санаи 08.11.2018 соати 1400 даври якуми олимпиадаи аз рӯи ихтисосҳои фалсафа ва сиёсатшиносӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён аз факултеҳои таърих, забони англисӣ, математика, география, филологияи тоҷик, таҳсилоти томактабӣ ва  ибтидоӣ, психология ва таҳсилоти фарогир, фаъолона иштирок намуданд. Бояд қайд намуд, ки  рафти баргузории олимпиадаро камиссия дахлдор бо роҳбарии мудирони ҳарду кафедра, сардори Раёсати илм ва инноватсия Ҳакимов Р. ва сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсия доир ба маҳфилҳо ва гурӯҳҳои олимпӣ Ҳамидов Б. зери назорати ҷиддӣ гирифтанд.

 
07.11.2018 10:41
There are no translations available.

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД ДАР ДОНИШГОҲ АНҶОМ ЁФТ

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи таҷлил аз ҷашнҳои муҳимми давлатӣ – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Рӯзи Президент ва Рўзи Парчами давлатии кишвар аз санаи 10-уми октябр то 05-уми ноябри соли 2018 мусобиқаи варзишии футболи  хурд дар байни донишҷўёни факултетҳои донишгоҳ  баргузор гардид.

 
05.11.2018 14:36
There are no translations available.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ТАҶЛИЛИ САЗОВОРИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДОНИШГОҲ

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ санаи 5-уми ноябри соли равон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ таҷлил гардид. Бо мақсади истиқболи сазовор аз ин санаи таърихӣ ва муқаддаси кишвари соҳибистиқлол чорабинии асосӣ дар толори калони бинои марказии донишгоҳ бо ширкати васеи устодону донишҷӯён ва меҳмонон баргузор шуд.

 
05.11.2018 11:29
There are no translations available.

Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар устувор намудани институтҳои таърихии давлатдории тоҷикон

 

Таҷлил аз солгарди 24-уми қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мояи худшиносӣ ва ифтихор маҳсуб ёфта, рӯзи қабули он барои мо маънои лаҳзаи тақдири хешро бо дасти худ гирифтан, дарк намудани масъулияти давлатдории миллиро дорад, моро ба эҳё ва мавриди амал қарор додани падида ва ниҳодҳои давлатдории куҳанбунёди ориёӣ раҳнамун месозад.

 
05.11.2018 05:46
There are no translations available.

КОНСТИТУТСИЯ ТАҲКИМБАХШИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз ва шиносномаи миллати тоҷик дар арсаи рушд ва нумӯи давлатдории миллӣ ҳуҷҷати асосии танзимкунандаи меъёрҳои ахлоқию ҳуқуқӣ, қарору қонунҳои амалкунандаи ҷомеа мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба он ки маншаи аввалини худро аз Эъломияи Куруши Кабир, ки масъалаи меҳвариашро эҳтироми инсон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ӯ, риояи рукнҳои адолат ва меъёрҳои адолати иҷтимоӣ дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа ташкил медод, гирифта, вале мазмуну муҳтавои бобҳо, моддаҳо ва зербандҳои он фарогири тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиямон мебошанд.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ