• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
06.01.2018 06:18
There are no translations available.

Ҳайфи он ҷавонмардони гумроҳи миллат

Сулҳу ваҳдат ва рушду нумӯъи бемайлони Ватанро дида, бо худ ифтихор меварзам, ки дар чунин сарзамини биҳиштосо зода шудаам. Дар чунин диёре, ки баҳорашро хазон вайрон натавон кард. Мо миллати бонангу ори тоҷик пеш аз ҳама фахр мекунем, ки дар сарзамине арзи ҳастӣ намудаем, дар он иттиҳоду якдигарфаҳмӣ реша давондааст. Вале афсус имрӯз вабои муосир ба баъзе ҷавонмардони тоҷик сироят кардааст, ки мо мардуми тоҷик онро шадидан маҳкум намуда, қабулаш надорем. Ин вабо вабои тафриту ифротгароии динист.

 
05.01.2018 05:07
There are no translations available.

ҶАВОНОН ВА ЭҲТИРОМИ МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

Башарият дар фосилаи таърихии ташаккули худ барои муттаҳидию сарҷамъӣ, ифтихори миллӣ, ғурури миллӣ ва дастёбӣ ба музафариятҳои бештар, ҳамзамон пешгирӣ аз нифоқу ҷудоӣ ва низову зиддиятҳо воситаҳои гуногунеро истифода намудааст. Дар ин замина воситаҳое, ки бештар боэътимод гардидаву ҷомеаро хубтар муттаҳид намудаанд ҳамчун муқаддасот эътироф гардида, гиромӣ дошта мешаванд. Чунин воситаҳо дар давраҳои таърихӣ хеле

 
05.01.2018 05:01
There are no translations available.

ҶАВОНОН ВА ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ.

Дар дунёи мутамаддин ҳар як миллату халқиятро бо фарҳанг ва арзишҳои хоси худ мешиносанд ва эътироф мекунанд. Ҷавҳари ҳастии ҳар як миллат ва сарчашмаи ташаккули он ва дар маҷмўъ унсури таркибии миллат арзишҳои он мебошанд. Хушбахтона миллати фарҳангсолори тоҷбарсари мо аз азал арзишҳои хосеро дар худ эҷоду эҳё намудааст, ки ҷавҳари аслии онро инсондўстию фарҳангсолорӣ, илмдўстию ҷавонмардӣ, шуҷоату мардонагӣ, созандагию бунёдкорӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллию ҷаҳонӣ ташкил медиҳад. Сулҳдўстию сулҳпарварӣ ва башардўстию раъиятпарварӣ яке аз он

 
05.01.2018 04:53
There are no translations available.

ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРӣ.

Табиати инсон ҳамчунон сохта шудааст, ки ҳамеша ниёзманди арзишҳо ва шароитҳои хосса мебошад. Миёни тоифаҳои ҷомеа бештари ниёзҳо ҳам аз ҷиҳати моддию маънавӣ ва ҳам берун аз он ба ҷавонон рабт доранд. Худи ҷомеа ва идомаи ҳастии он бошад ба ҷавонон. Миёни арзишҳое, ки ҷавонон ба онҳо эҳтиёҷи бештар доранд ва онҳо метавонанд сарчашмаи асосии хушбахтии тамоми ҷомеа бошанд дар меҳвари асосӣ дарки масъулияти ватандорӣ меистад. Муҳаббат ба Ватан дар ҳиссиёт ва қалби мо ҷавонон бояд чун умри мо ҳар лаҳза зиёда гардаду самари зиёд диҳад. Инсон дар ҳаёт масъулияти

 
05.01.2018 04:48
There are no translations available.

ҶАВОНОН ВА БУНЁДИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ

«Маҳз давлати миллӣ, давлати соҳибистиқлолу озоди демократӣ имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки мо андешаи ваҳдати миллиамонро ба вуҷуд орем ва роҳу равиши халқамонро ба сўи оянда муайян созем, андешаи ҷомеъ ва ҷовидонаеро ба вуҷуд орем, ки бунёди онро адолат ташкил дода, мардумро якрўҳу ягона созад, аз арзишҳои асили фарҳангиву маънавии аҷдодамон сарчашма гирад,

 
05.01.2018 04:33
There are no translations available.

ҲНИТ ЧИ ГУНА ҲИЗБ АСТ

Олимону муҳаққиқон навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, технологӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки дар замони муосир аз ҳама беш терроризму экстремизми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар сиёсатшиносон низ экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад,  реша медавонад ва он дар тамоми гўшаву канори сайёра ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, чунин падидаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар

 
05.01.2018 04:30
There are no translations available.

Мақсади  гуруҳои террористои  дар Ҷомеъаи имруза

Мақсади асосии терроризму экстремизм амалан асосҳои маънавии  Ҷомеаро вайрон карда, амнияти тамоми Ҷаҳонро халалдор намуданаст. Мақсади ин зуҳуроти хатарнок ва нанги – ифротгароии динӣ, ки ҳанўз солҳои 70-80-уми асри xx дар ҷаҳони муосир доман паҳн карда,  бо роҳи зури тағйир додан сохти конститутсиони ва ғасби ҳокимият мебошад. Таҳлили вазъи  ҷаҳони имруза нишон медиҳад,  ки бадбахтона барои амалинамоии барномаи сиёсии ҳамаи созмону ҳаракатҳои ифротгаро аз тарафи доираҳову фондҳо ва ташкилотҳои тундгарои байналмилал  ва давлатҳои манфиатҷуву Ҷудоиандоз маблағгузори мекунанд

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ