01.02.2017 03:34 |
There are no translations available.
Дар донишгоҳ Шӯрои нави дифоъ таъсис ёфт
Тибқи фармони №1554\нк-и Шӯрои олии аттестатсионии Федератсияи Русия аз 16-уми декабри соли 2016 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар риштаи адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ Шӯрои дифоъ таъсис дода шуд. Кушодашавии ин шӯро имкон медиҳад, ки минбаъд унвонҷӯён рисолаҳои номзадӣ ва доктории хешро дар донишгоҳ ҳимоя намоянд.
|
01.02.2017 03:32 |
There are no translations available.
Таълими салоҳиятнокӣ-самараи хуби дониш
Бо мақсади батадриҷ мувофиқсозии низоми таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ-омӯзгории ҷумҳурӣ курсҳои омӯзишии таълими салоҳиятнокӣ гузаронида шуд. Курсҳо дар ду марҳила: аз 16-ум то 21-ум ва аз 23-юм то 28-уми январ давом карданд ва дар шаш гурӯҳ омӯзгорони донишгоҳи мо ихтисоси худро такмил доданд ва соҳиби сертификат гардиданд.
|
01.02.2017 03:29 |
There are no translations available.
Ободкорӣ мароми мост
Тибқи супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи шанбе, 21-уми январ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳо шанбегӣ эълон карда шуд. Аҳли донишгоҳи мо низ дар тозагиву ободии донишгоҳ саҳм гузоштанд.
Инчунин, 70 нафар омӯзгор ва корманди донишгоҳ дар маҳаллаи назди соҳил 140 метри квадратиро ҳамвор намуданд.
|
01.02.2017 03:26 |
There are no translations available.
Ёде аз олими барҷаста
Бахшида ба 70-солагии Корманди шоистаи Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор, собиқ ректори донишгоҳ шодравон Қурбон Расулов дар таълимгоҳ мизи мудаввар доир гардид.
Чорабиниро профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологии донишгоҳ С.Бандаев оғоз бахшида, аз зиндагиномаи марҳум ёдовар шуд. Аз ҷумла, қайд кард, ки замони ба Донишгоҳи омӯзгорӣ ректор таъйин шудани Қурбон Расулов дар
|
18.01.2017 06:49 |
There are no translations available.
Каломи раҳнамою илҳомбахш
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.12.2016) аз ҳар ҷиҳат аз Паёмҳои пешин фарқ дошт. Ин паём як навъ ҷамъбасткунандаи як марҳилаи сиёсиву иқтисодии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо дар дарозои 25 сол аст, дарбаргирандаи ҷабҳаҳои мухталифи ҷомеаи мост.
|
18.01.2017 06:48 |
There are no translations available.
Барои дарси хуб вақт муҳим ё сифат?
Дар семинаре, ки 12-уми январ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, омӯзгори факултаи географияи донишгоҳи мо Шоҳимардон Содиқов роҳҳои истифодабарии усулҳои интерактивӣ дар таълими географияи мактабиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Мавриди зикр аст, ки дар семинар аз чор ноҳияи пойтахт омӯзгорони фанни географияи аксар мактабҳо иштирок доштанд.
|
18.01.2017 06:46 |
There are no translations available.
Пеш рафтӣ, кор осон мешавад
Дар нишастҳои матбуотие, ки дар донишгоҳи мо баргузор мегарданд, теъдоди нисбатан бештари рӯзноманигорон ширкат меварзанд, ки инро метавон чун як далели таваҷҷуҳ ва эътимоди аҳли қалам ба таълимгоҳи омӯзгорони фардо тавзеҳ бахшид. Дар ҳамин гуна ҳамоиши навбатие, ки оғози ҳафтаи равон дар донишгоҳамон созмон дода шуд, шумори рӯзноманигорон боз ҳам афзунтар буд.
|
|
|
|