29.10.2024 06:28 |
There are no translations available.
Ифтитоҳи бинои таълимӣ барои факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин
Айнӣ

29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бинои нави таълимии факултети забон ва адабиёти русро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои тозабунёди таълимӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ ба
|
26.10.2024 03:32 |
There are no translations available.
ҶАЛАСАИ МУОВИНИ ИЛМ АЗ ШУНИДАНИ ҲИСОБОТИ САРКОТИБИ ШУРОҲОИ ДИФОЪ ОҒОЗ ГАРДИД
 Имрӯз тибқи нақшаи корӣ дар ҷаласаи муовини ректор оид ба корҳои илмӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Дониёр Сангинзод ҳисоботи саркотиби шуроҳои дифоъ шунида шуда, дурнамо ва нақшаҳои ояндаи шуроҳои дифоъ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи нақшаи мазкур ҳисоботи сохторҳои марбутаи илмӣ аз ҷониби муовини ректор оид ба корҳои илмӣ шунида шуда, лурнамои фаъолияти онҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
|
16.10.2024 02:50 |
There are no translations available.
БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ- НАЗАРИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ГЕОГРАФИЯ
15-уми октябри соли равон семинари илмӣ – назариявии факултети география дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Белорусия дар мавзуи «Таҷрибаи тадқиқоти экологӣ – иқлимии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Белорусия» баргузор гардид.
Дар семинар муовини ректор оид ба робитаҳои хориҷӣ, профессор Қурбонзода Р., раиси Ҷамъияти география дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Муҳаббатов Х., ва директори Институти истифодаи сарватҳои табиии Ҷумҳурии Белорусия, профессор Лысенко Сергей Александрович маърӯза намуданд.
Дар рафти семинар тарзу усулҳои муосири таҳқиқотҳои илмӣ оид ба омӯзиши иқлим ва ҷӯзъиётҳои он, захираҳои обӣ, замин ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Белорусия бо истифода аз технологияҳои навин ва зеҳни сунъӣ (искусственный интеллект) дар пешгӯиҳои тағйирёбии иқлим сухан намуданд.
 |
16.10.2024 02:48 |
There are no translations available.
ТАНТАНАИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР ДОНИШГОҲ
 Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷашни Меҳргон аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Айнуллозода Наҳтулло, муовини ректор оид ба корҳои таълими ҷашнро бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ ифтитоҳ намуда, тамоми омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро бо фарорасии ин иди миллӣ табрику таҳният хонданд. Ҳамчунин ба дастархони омоданамудаи факултетҳои донишгоҳ баҳои баланд дода, миннатдории раёсати ДДОТ ба номи С.Айниро ба онҳо расониданд. Сипас, барномаи консертии ансамбли “Чеҳранамо”-и донишгоҳ бо суруду таронаҳои дилнишин хотири ҳозиринро болида гардонид.
 |
16.10.2024 02:45 |
There are no translations available.
ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ РОМАНӢ-ГЕРМАНӢ
 14-уми октябри соли 2024 дар факултети забонҳои романӣ-германӣ, чорабинии тантанавӣ таҳти унвони "Ҷашни Меҳргон-Ҷашни меҳрофарин",бахшида ба Иди Меҳргон баргузор гардид. Дар ин чорабинии фарҳангӣ бахшҳои гуногуни фарҳангӣ ва фароғатӣ ба намоиш гузошта шуд. Дар чорабинии мазкур меҳмонон аз Раёсати Донишгоҳ, мудири шӯъбаи тарбия, раиси созмони ҷавонони донишгоҳ, раиси иттифоқи ҷавонони донишгоҳ, раиси бонувон ва сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ иштирок намуданд. Чорабинии мазкур дар сатҳи хеле баланд доир гардида, намоиши шоҳу арӯси минтақаҳо, рақсҳои минтақа ва ҳамчунин намоиши меваву сабзавот ба роҳ монда шуд.
 |
11.10.2024 13:50 |
There are no translations available.
СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БО ИНСТИТУТИ ГЁТЕ
 Шуруъ аз 9-уми октябри соли 2024 то санаи 11-уми октябри соли равон муовини ректор оид ба илми ДДОТ ба номи С. Айнӣ профессор Сангинзод Д.Ш. ва мудири кафедраи забони олмонии факултети забонҳои романӣ-германӣ н.и.ф. дотсент Ғиёсов Ф.Н., ҷиҳати иштирок дар конфронси байналмилалии Институти Гёте дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доранд.
Вобаста ба ин 1-уми октябри соли ҷорӣ конференсия байналмилалӣ дар мавзӯи «Тақвият бахшидани омӯзиши забони олмонӣ бо методҳои навин» бо иштироки намояндагони 10 донишгоҳои бонуфузи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур муовини ректор оид ба
|
07.10.2024 05:17 |
There are no translations available.
ОМӮЗГОР- ЧАРОҒИ РӮЗГОР
Ҳамасола якшанбеи ҳафтаи аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгор таҷлил мегардад. Воқеан омӯзгор ҳамчун чеҳраи воқеии миллат шинохта мешавад, таълиму тарбияи насли наврас ва рушди соҳаи маориф ба ин чеҳраи мунавварфикр вобаста аст. Ҳар қадар омӯзгор бо донишҳои нави замонавӣ мусаллаҳ бошад, ҳамон қадар давлат пеш меравад ва аз дастовардҳои илмии омӯзгорон махзани илми мамлакат пурбор мешавад, дар ҷодаи мактабу маориф навгониҳои тоза ба миён меояд. Зеро ҳеҷ кишваре қодир нест, ки бе мактабу маориф пеш равад, рушд кунад ва ба муваффақиятҳои назаррас ноил шавад. Ба ин хотир, соҳаи мактабу маориф ва фаъолияти омӯзгор дар саргаҳи афкори сарвари давлат қарор дошта, пайваста барои ҳалли масъалаҳои мубрами соҳа чорасозӣ мешавад. Қабули ду стратегия ва амалисозии ҳашт барномаи давлатӣ дар соҳаи маориф далели ин гуфтаҳост. Илова бар ин, 19%-и буҷаи солонаи ҷумҳурӣ, ки 7,2 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ба соҳаи маориф марбут аст.
|
|
|
|