09.10.2014 08:18 |
There are no translations available.
Омӯзгорон қадрдонӣ гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи омӯзгор, ки ҳамасола шанбеи аввали моҳи октябр таҷлил мегардад, дар толори фарҳангӣ ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд. Ҳамоишро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ И.Аминов ҳусни оғоз бахдида, пиромуни бузургдошт ва мавқеи муаллим дар ҷомеа сухан ронд. Ӯ изҳори итминон намуд, ки донишҷӯёни мо оянда ҳамчун омӯзгор саҳми арзандаи хешро дар тарбияи насли наврас мегузоранд ва ба ин васила дар рушду тараққии мамлакати
|
09.10.2014 08:17 |
There are no translations available.
Муовинони ректор муаррифӣ шуданд
Бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Нарзуллоев ба таври гузариш муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ таъин гардид. Ӯ то ин замон ба ҳайси муовини ректор оид ба корҳои таълимии Донишгоҳи давлатии Данғара фаъолият менамуд.
Ҳамзамон, Абдусамад Муллоев, ки ба сифати муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишкадаи давлатии
|
09.10.2014 08:12 |
There are no translations available.
Бузургдошти Рӯдакию Мавлоно дар донишгоҳ
Бо ибтикори кафедраи адабиёти тоҷик ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ дар толори фарҳангии донишгоҳ бо иштироки васеи донишҷӯён маҳфили адабӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҳамоиш декани факултаи филологияи тоҷик Б.Шарифзода устод Рӯдакиро аз шоирони тавоно ва номдори ҷаҳон унвон карда, бузургдошти ӯро амри муҳим ва боиси ифтихор арзёбӣ намуд. Тавре мавсуф
|
02.10.2014 14:28 |
There are no translations available.
Фаъолияти лоиҳа тамдид мегардад
Роҳбари (координатори) лоиҳаи МЕDIATE (магистратура дар информатика ва алоқа), профессори Донишгоҳи Треко (Италия) Мауритсио Маркез бо ҳамроҳии шариконаш профессорони Донишгоҳи Кобленс-Ландау (Олмон), Сергей Ченишенко, Томас Бурхарт ва профессорони Донишгоҳи Патрас (Юнон) Михаил Логотетис, Василис Стилианакис ба донишгоҳи мо ташриф оварда, бо ректор, академик Абдуҷаббор Раҳмонов мулоқот намуданд.
|
23.09.2014 08:33 |
There are no translations available.
Омӯзиши забони тоҷикӣ вусъат меёбад
Дар донишгоҳи мо ҳамасола муҳаққиқон, магистрҳо ва аспирантони хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Лозим ба тазаккур аст, ки таълимгоҳи мо бо зиёда аз 40 макотиби олии бурунмарзӣ равобити мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст.
Дар заминаи ҳамкориҳо ва дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дафтари Осиёи марказшиносии Донишгоҳи ба номи Ҳумболти шаҳри Берлин
|
12.09.2014 12:35 |
There are no translations available.
Ректори Донишгоҳи Бошқирдистон-Доктори фахрӣ
Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои олимон ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М.Акмуллӣ, профессор Р.Асадуллин бо унвони олии Доктори фахрии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ сарфароз гардид.
Дар оғози ҷаласа ректор А.Раҳмонов пиромуни тақвияти ҳамкориҳо ва тасвиби созишномаҳо изҳори андеша намуда, дар ин ҷода саҳми Р.Асадуллинро ниҳоят назаррас арзёбӣ кард. Дар такя бар гуфтаи ӯ, маҳз дар заминаи равобити ҳасанаи
|
12.09.2014 12:25 |
There are no translations available.
Қаноатмандии муовини сарвазир аз равобити ҳамкориҳо (Аксҳо)
Муовини сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистон Салават Сагитов, ки дар чорчӯбаи ҷаласаҳои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Тоҷикистон омадааст, 11-уми сентябр ба донишгоҳи мо ташриф овард. Дар ин сафар ӯро ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М.Акмуллӣ, профессор Р.Асадуллин ҳамроҳӣ намуд. Зимни мулоқот бо ректор А.Раҳмонов ҷонибҳо аз барқароргардии риштаи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
|
|
|
|