30.10.2023 02:51 |
There are no translations available.
ЭЪЛОН: РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ ТАҶРИБАОМӮЗОНРО БА ДАРСҲОИ ҲУЗУРӢ ДАЪВАТ МЕНАМОЯД
Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба самъи донишҷӯёни дар таҷрибаомӯзӣ қарордошта мерасонад, ки дар вақти таътили тирамоҳаи хонандагони тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки аз 1-ум то 10-уми ноябр пешбинӣ шудааст, ба донишгоҳ баргарданд.
Тибқи барномаи таълимӣ донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5-ум айни замон дар таҷрибаомӯзии дарозмуддати омӯзгорӣ қарор доранд ва бо мақсади азбар намудани барномаи таълимӣ онҳоро зарур аст, ки дар давраи
|
28.10.2023 03:30 |
There are no translations available.
ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БО ДОНИШҶӮЁНУ ҶАВОНОНИ ДОНИШГОҲ
Нимаи дуюми рӯзи 26-уми октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ҶТ полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб, кормандони ин ниҳод, Ҳусейнов Комрон сардори шӯъбаи ҷавонону ноболиғони н. Исмоили Сомонӣ,роҳбари гурӯҳи ҷавонон Авангард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳанон Саидов ва ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрии судманд доир гардид.
|
28.10.2023 03:27 |
There are no translations available.
ДОНИШҶӮЁН ДАР МАҲФИЛИ «ХИРАДМАНД» БО 6 ЗАБОН АЗ АШЪОРИ ШОИРОН ПОРЧАҲОИ ШЕЪРӢ ХОНДАНД
27-уми октябр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи маҳфили «Хирадманд» мулоқот бо Туйчибой Ҷумаев, тарҷумони асарҳои нависандагони фаронса, дотсенти кафедраи типологияи муқоисавии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҳфили мазкур донишҷӯёни факултети забонҳои романӣ германӣ аз ашъори олимони аврупо порчаҳои шеърӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, фаронсавӣ ва англисӣ қироат намуданд. Дар интиҳо ба тарҷумон аз номи ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода сипоснома супорида шуд.
|
28.10.2023 03:25 |
There are no translations available.
ДАР ОЗМУНИ «МАҲОРАТ» МАҲОРАТИ ДАСТАИ "БУНЁДКОР"-И ФАКУЛТЕТИ ТЕХНОЛОГИЯ БЕҲТАРИН ҲИСОБИДА ШУД
Имрӯз, тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати донишгоҳ донишҷӯёни факултетҳои технология ва химия аз рӯи талаботи озмуни “Маҳорат” маҳорати ҳунарии хешро дар назди ҳакамон ба маърази намоиш гузоштанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҳунарнамоии мазкур дастаи ҳунарии факултети технология, ки таҳти унвонӣ “Бунёдкор” маҳораташро пешкаш намуд, бар дастаи химия, ки бо номи “Кимёгарон” муаррифӣ мешуд ғолиб омада, ба даври дигари озмун роҳхат ёфт.
|
28.10.2023 03:22 |
There are no translations available.
БОЗДИДИ РОҲБАРИЯТ ВА РАЁСАТИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ АЗ НЕРӮГОҲИ «РОҒУН»
Бо тасмими ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ роҳбарият ва раёсати Донишгоҳ бо шумораи 35 нафар ҳайати профессорон, устодон, кормандон ва дастаи ҳунарии «Чеҳранамо» аз иншооти бузурги аср, кохи нуру зиё-Роғун боздид намуда, бо раванди корҳои ободониву созандагӣ шинос шуданд.
Айни ҳол дар ин кохи нуру зиё зиёда аз 15 ҳазор нафар мутахассисону сохтмончиён ва муҳандисону кормандони техникӣ ба таври шабонарӯзӣ
|
28.10.2023 03:17 |
There are no translations available.
МИЁНИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ ВА ШУРОҲОИ АМРИКОИИ ТАҲСИЛОТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ СОЗИШНОМА БА ИМЗО РАСИД
Мақсади созишнома ба омӯзгорони забони англисӣ, толибилмони донишгоҳ ва мутахассисони ҷавон имконияти дастраси ба маводи таълимии забони англисӣ муҳайё намудан, ҳамзамон омӯзиши барномаҳои ба монанди FLEX, TEA, Maskie, JFDP ва амсоли инҳоро роҳандозӣ намудан мебошад.
|
27.10.2023 04:16 |
There are no translations available.
ГИРОМИДОШТИ НАВИСАНДАИ РУС ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ РУС
25-уми октябри соли равон дар маҳфили «Адиб»-и факултети забон ва адабиёти рус тибқи нақшаи баргузории маҳфилҳои илмӣ-адабии донишҷӯён, бахшида ба 195-солагии нависандаи машҳури рус Л. Толстой шоми адабӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони раёсати илм ва инноватсия, омӯзгорону донишҷӯёни факултет фаъолона ширкат ва суханронӣ карданд.
|
|
|
|