05.10.2024 02:46 |
There are no translations available.
ВОХӮРИИ НАМОЯНДАИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ
2-юми октябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур ректори донишгоҳ, намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ректор, деканони факултетҳову кураторони гурӯҳҳо ва донишҷӯён ширкат намуданд.
Ҷаласаро ректори донишгоҳ ифтитоҳ намуда, зимнан иброз дошт, ки раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин
|
24.09.2024 12:48 |
There are no translations available.
ОМИЛҲОИ СИЁСИВУ ҲУҚУҚИИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР МОНОГРАФИЯИ ОЛИМИ ДОНИШГОҲ РУИ ЧОП ОМАД
Монографияе, ки аз ҷониби олими соҳа Шариф Қозиён, профессор, мудири кафедраи ҳуқуқи донишгоҳ таҳия шудааст, фарогири мавзуоти муҳимтарини омилҳои сиёсиву ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад. Манография ҳамзамон дар худ усулу васоит ва омилҳои муҳимму камназири сиёсиву ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия дар сохтори Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои пешгирии онро ба риштаи илман асосёфта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, пешкаши хонанда гардонидааст. Муҳаққиқону донишҷӯён, унвонҷӯёну кормандони мақомоти ҳивзи ҳуқуқ ва доираи васеи шахсони ба ин мавзуъ мутаваҷҷеҳ метавонанд аз ин монография ба таври васеъ истифода намоянд.
|
24.09.2024 12:44 |
There are no translations available.
ҶАЪФАРИ ТИРМИЗӢ МЕҲМОНИ МАҲФИЛИ «ХИРАДМАНД
Имрӯз, 23 сентябр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи маҳфили «Хирадманд» мулоқот бо шоири тоҷикзабони Узбекистон Ҷаъфари Тирмизӣ баргузор гардид. Онро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм Дониёр Сангинзод оғоз намуда иброз дошт, ки Ҷаъфари Тирмизӣ рамзи дӯстии халқҳои тоҷику узбек буда, пайваста дӯстиву рафоқати ду миллатро тарғиб менамояд. Номрафта дар рушди адабиёти муосири тоҷику узбек саҳми муассир дорад ва тараннумгари муқаддасоту ормонҳои миллӣ, Модару Ватан, забону фарҳанг,
|
20.09.2024 11:18 |
There are no translations available.
ҲАМОИШИ ИЛМИВУ АДАБӢ БА ИФТИХОРИ УСТОД ГУЛНАЗАР
Имрўз дар мавзеи оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба ифтихори арҷгузорӣ ба осори Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рўдакӣ, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ ҳамоиши илмиву фарҳангӣ бо ибтикори устодони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик доир шуд, ки дар он устодону донишҷўёни факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва устодону донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов ширкат намуданд.
|
20.09.2024 11:16 |
There are no translations available.
СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО БО ДОНИШҶӮЁНИ СОЛИ АВВАЛИ ДОНИШГОҲ
Ҳафтаи равон дар асоси нақшаи раёсати донишгоҳ Нигора Назарзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ дар толори васеи донишгоҳ давра ба давра бо донишҷӯёни соли аввали факултетҳои донишгоҳ суҳбатвохӯриҳо баргузорнамуда, зимни суҳбат-вохӯриҳо донишҷӯёнро ба ҳайати раёсати донишгоҳ, инчунин бо оинномаву низомномаи дохилидонишгоҳӣ шинос намуд.
суратгузориш аз ҷараёни суҳбат бо донишҷӯёни соли аввали факултетҳои филологияи тоҷик, таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ.
|
17.09.2024 10:43 |
There are no translations available.
КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ СОҲИБ ТАБАРОВ ВА МУШКИЛОТИ ОМӮЗИШИ АДАБИЁТИ ТОҶИКИ САДАИ ХХ
17-уми сентябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистион ба номи Садриддин Айнӣ конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Соҳиб Табаров ва мушкилоти омӯзиши адабиёти тоҷики садаи хх” бо ибтикори факултети филологияи тоҷик баргузор гардид.
Конференсия бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, ки аз ҷониби Дониёр Сангинзод, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ироа гардид, ифтитоҳ гардид. Ҳамзамон аз ҷониби ҳайати устодони дар конфронс ширкатдошта, аз ҷумла олимони соҳаи мазкур маърӯзаҳои пурмуҳтаво роҷеъ ба ҳалли мушкилоти масъалаҳои болозикр ироа гардид.
|
17.09.2024 03:17 |
There are no translations available.
РЕКТОР: ОМӮЗГОР БОЯД ИНТИЗОМИ НАМУНАВӢ ДОШТА БОШАД!
Ҷаласаи назоратии ректори донишгоҳ субҳи имрӯз аз баррасии масъалаҳои таҳияи лоиҳаҳои фармоишӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати сармоягузорӣ баҳри рушди илми донишгоҳ оғоз гардида, дар ин радиф якқатор масъалаҳои дигар, аз ҷумла, ҳолатҳои бесабаб ҳозир нашудани омӯзгорон ба дарс, риояи интизоми меҳнат, таҳлили раванди дарс, таҳияи китобҳои дарсӣ аз ҷониби олимони самти методикаи таълимро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар ҷаласа ректори донишгоҳ баҳри баланд бардоштани сифати таълим, таълифи китобҳои дарсӣ, навиштани мақолаҳои илмиву оммавӣ ва риояи
|
|
|
|