24.12.2022 10:06 |
There are no translations available.
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН – АМРИ МАЪМУЛӢ
Дар таърихи 24 декабри соли 2022 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода тибқи ҷадвали муқарраргардида қабули шаҳрвандонро ба роҳ монда, вобаста ба муроҷиати онҳо арзу дархосташонро баррасӣ намуд. Лозим ба зикр аст, ки муроҷиати шаҳрвандон аз тарафи роҳбари Донишгоҳ дар доираи талаботи қонун ҷараён гирифта, аксари онҳо қонеъ карда шуданд. Бештари дархосту муроҷиатҳо ба барқарор шудани донишҷӯён ва кам кардани маблағи шартнома вобаста буданд ва дар ҳамин маврид супориши ректори донишгоҳ ба андозаи аз 10 то 20 фисад кам кардани маблағи шартномаи он донишҷӯёне, ки 400 луғати серистеъмоли забонҳои русӣ ва англисиро бо иловаи ду ғазали муқарраршуда балад буданд, ба инобат гирифта шуд.
|
24.12.2022 08:21 |
There are no translations available.
ОҒОЗИ ОЗМУНИ “ШОҲНОМАХОНӢ”
Дар таърихи 24 декакбри соли 2022 дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба тарғиб ва ҷалби иштиёқмандон ба маҳфили “Шоҳномахонӣ” ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Ҳамоишро аз номи Раёсати донишгоҳ мудири шуъбаи табъу нашр Мардонзода Ҷобир ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки ин ташаббус бевосита аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Ибодуллозода Аҳлиддин тарҳрезӣ гардидааст. Тибқи дастури роҳбари донишгоҳ бояд озмуни “Шоҳномахонӣ” таъсис гардида, шартҳои ба довталабони ин озмун пешниҳод карда шавад. Дар идома зикр гардид, ки озмун аз ҳозир оғоз гардида, ниҳояти он дар арафаи иди “Наврӯз” ҷамъбаст мешавад. Сипас, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёт, профессор Исрофилниё Шарифмурод оид ба мавқеъ ва аҳамияти “Шоҳнома” ибрози андеша ронд ва зикр кард, ки маҳфили “Шоҳномахонӣ” аз ҷумлаи усулҳои маърифатии мардуми тҷоик ба шумор меравад.
|
23.12.2022 09:43 |
There are no translations available.
ҶАМЪОМАД ДАР ФАКУЛТЕТҲО
Дар таърихи 23 декабри соли 2022 ба ғайр аз ҷамъомади умумӣ дар толори асосӣ дар ҳама факултетҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати истимои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҷамъомадҳо барпо гардиданд. Дар ҷараёни назарсанҷӣ аксар омӯзгорону кормандони факултетҳои Донишгоҳ Паёми навбатии Сарвари давлатро ҳамчун пайки такондиҳандаи ҷомеа шарҳ доданд. Онҳо изҳор доштанд, ки дар умум Паёми навбатии Пешвои миллат чун паёмҳои пешин саросар ба беҳбудбахшии шароити зиндагӣ, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, хусусан соҳаи маориф нигаронида шудааст.
|
23.12.2022 09:16 |
There are no translations available.
ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМ ПАЙКИ ХУШЕСТ БАРОИ МИЛЛАТ
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамоест, ки самтҳои асосии минбаъдаи сиёсати дохилию хориҷии кишварамонро муайян менамояд. Пас аз ироа гардидани ҳар як Паём ба Маҷлиси Олӣ дар мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоянд ва рушду такони ҷиддие, дар ҳама самтҳою соҳаҳо эҳсос карда мешавад. Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ, ки дар таърихи 23 декабри соли 2022 ироа гардид, боз як такони бузурге барои пешрафт, боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, хоссатан дар рушду тавсеаи соҳаи маорифу илми кишвар нақши худро хоҳад гузошт.
Ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Паёми навбатии Сарвари давлатро хуш пазируфта, баҳри истимои ин рисолати хуш дар толорҳои муқарраршуда ҷамъ омаданд.
|
23.12.2022 02:50 |
There are no translations available.
БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ БА ЯТИМОНУ МАЪЮБОН КУМАКПУЛӢ ДОДА МЕШАВАД!
22-юми декабри соли 2022 Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар вохӯрӣ бо ятимону маъюбон дар остонаи Соли нави мелодӣ дастур фармуд, ки ба 140 нафар ятимону маъюбони гурӯҳҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм новобаста аз идрорпулии (стипендия) ҳамешагӣ, кумакпулии яквақтаина ба миқдори 200 сомонӣ ба ҳар яки онҳо дода шавад.
Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ изҳор дошт, ки ғамхорӣ ба маъюбону ятимон аз татбиқи сиёсати хирадмандонаи Сарвари кишвари маҳбубамон сарчашма гирифта, ятимону бепарасторон ва нафарони имконияташон маҳдуд набояд худро ҳаргиз яккаву танҳо ҳис кунанд.
|
23.12.2022 02:48 |
There are no translations available.
РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲУ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ АЗ ДИДБОНГОҲИ САРҲАДИИ “БАҲОРАК”-И ҶАМОАТИ САРИЧАШМАИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН ДИДАН НАМУДАНД
20 декабри соли 2022 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар арафаи Соли нави 2023 дар ҳамбастагӣ бо роҳбарияти Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи назди донишгоҳ ба дидбонгоҳи сарҳадии “Баҳорак”-и қисми ҳарбии қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон мавҷуд аст, ташриф оварда, бо Зафар Гулзода, раиси ноҳияи мазкур аз дидбонгоҳи сарҳадии мазкур дидан намуда, бо шароити зисту зиндагии хидматчиёни ин дидбонгоҳ аз наздик шинос шуданд.
Дар вохӯрӣ ва суҳбат бо хидматчиёни дидбонгоҳи мазкур зикр гардид, ки ҳифзи марзу бум, ҳимояи ватан ва пос доштани сулҳу субот, ваҳдату ягонагии миллат қарзи шаҳрвандии мост ва ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки имрӯз дар заминаи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат шароити буду боши хизматчиёни ҳарбӣ беҳтар гардида, зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии кишвар қарор дорад ва баҳри таъмини зиндагии шоистаи онҳо тамоми тадбирҳои судбахш роҳандозӣ гардидааст.
|
22.12.2022 11:29 |
There are no translations available.
ДАР ПАРТАВИ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Дар таърихи 22-юми декабри соли равон бо ибтикори кафедраи географияи табии факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи “Ташаббуси навбатии байналмилалии Пешвои миллат оид ба ҳифзи пиряхҳо” мизи мудаввар баргузор гардид, ки ҳамоиши илмии мазкурро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш. ифтитоҳ намуд. Мавсуф зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути минбари СММ вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, санаи мушаххаси «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муқаррар карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аст. Дар ҷараёни маҳфили илмӣ доктори илмҳои география, профессор Муртазаев У.И., директори маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ, н.и.т. Қодиров А., муовини директори Маркази автоматии алоқаи агентии обуҳавошиносӣ Давлатов Р. ширкат ва суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меоранд.
|
|