08.12.2022 07:34 |
There are no translations available.
ИДОМАИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ДАР КОЛЛЕҶИ ОМЎЗГОРӢ
Тибқи дастури ректори Донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода дар Коллеҷи омўзгории ба номи Хосият Махсумова ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омўзгорони муассисаи мазкур ва татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омўзгорон курсҳои такмили ихтисос бо ишитроки устодони варзидаи Донишгоҳ роҳандозӣ гардидаанд.
|
08.12.2022 07:32 |
There are no translations available.
ҲИФЗИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ДАР РАВАНДИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ
Имрӯз, 8-уми декабри соли 2022 дар назди кафедраи забони франсавии факултети забонҳои романӣ-германӣ тибқи нақша, семинари навбатии илмӣ-методӣ баргузор гардид.
Дар семинар мудири кафедраи забони франсавӣ д.и.ф., Султонзода С., муовини декан оид ба корҳои илмӣ н.и.ф. Ҷурақулов Б., муаллимони калон Муҳиддинов Т., Маликов А., Бойматова Д., Ғаниева М., Султонова Ш., Одилова З. ва докторанти PhD Холов Ё. ширкат намуданд ва дар он маърӯзаи Султонзода С. дар мавзӯи «Ҳифзи забони модарӣ ва худшиносии миллӣ дар раванди омӯзиши забонҳои хориҷӣ (дар партави суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)» шунида шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
|
07.12.2022 10:50 |
There are no translations available.
МАҲФИЛИ ИЛМӢ ДАР КАФЕДРАИ ФАЛСАФА
Ҷиҳати татбиқи нақша – чорабиниҳои кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар таърихи 05 декабри соли 2022 таҳти роҳбарии маҳфили илмии “Файласуфони ҷавон” номзади илмҳои фалсафа Гулов И.Ф. ҳамоиши навбатӣ баргузор гардид. Дар маҳфили мазкур мудири кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносӣ номзади илмҳои фалсафа Бердиев Ш.П. ва узви садорати маҳфил, номзади илмҳои фалсафа Кенҷаева Л.Э. иштирок намуда, суханронӣ намуданд. Ҳамчунин донишҷӯи факултети филология Бегзода Таманно дар мавзӯи “Ҷомеа ҳамчун низоми худинкишофёбанда” маърӯзаи хешро ироа намуд. Мавсуф аз ҷумла зикр кард, ки моҳияти ҳаёти ҷамъиятӣ ба фаъолияту амали инсон асос меёбад. Инсон фаъолияти худро дар асоси муносибат бо дигар одамон, ки шаклҳо ва навъҳои онҳо дар тули таърих ташакул ёфтанд, амалӣ мекунад. Барои ҳамин дар кадом соҳаи ҳаёти иҷтимоие, ки фаъолияти инсон амалӣ шавад, вай доимо характери иҷтимоӣ дорад.
|
07.12.2022 08:07 |
There are no translations available.
КОМЁБИИ ДОНИШҶӮДУХТАРОН ДАР МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ
Дар муддати рӯзҳои 1-6 декабри соли 2022 дар доираи чорабиниҳои Федератсияи волейболи Тоҷикистон дар байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди шаҳри Душанбе мусобиқаи волейбол барпо гардид. Аз ҷумлаи ин муассисаҳои таълимӣ 6 даста ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфта, миёни ҳамдигар қувва озмуданд. Дар натиҷа тими донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон мавқеи якум, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мавқеи дуввум, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мавқеи сеюмро ишғол намуданд.
|
06.12.2022 07:53 |
There are no translations available.
ДАРСИ КУШОД МАРБУТ БА МАСОИЛИ СИЁСӢ
Дар асоси нақша – чорабиниҳои садорати факултети математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар факултети мазкур бо ташаббуси ассистенти кафедраи анализи математикӣ Сайфуллоева З. Х. дар курсҳои дувуми ихтисоси таълими касбии фанни информатика дарси тарбиявӣ баргузор гардид. Дар дарси мазкур мақолаи таҳлилгари масоили сиёсӣ Абдуллоҳи Роҳнамо “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” мавриди таҳлил қарор гирифт.Дар раванди дарс зикр шуд, ки аксарияти нофаҳмиҳо ва ҷангу ҷидолҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон ин рӯйи замину обҳои таърихиву расмии мо мебошанд. Ва боварии комил метавон гуфт, ки то имрӯз аксарияти мардуми ватандӯсти мо аз баъзе фактҳои расмиву таърихии баҳсҳои марзӣ огоҳ набуданд.
|
06.12.2022 02:51 |
There are no translations available.
ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»
Имрӯз, 5-уми декабри соли 2022 даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид. Дар маросими ифтитоҳии он муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ ширкат ва суханронӣ карданд.
|
06.12.2022 02:50 |
There are no translations available.
МУЛОҚОТ ҶИҲАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО
Ҷиҳати рушд ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар таърихи 5 декабри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мулоқоти намояндагони ин муассисаи таълимӣ бо мушовири ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Томски Федератсияи Россия оид ба масоили марбут ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Погодаев Н.П. баргузор гардид. Дар ҷараёни музокираи масъалаҳо муовини ректори донишгоҳ, профессор Сангинзод Д.Ш., деканони факултетҳои психология Дадабоева М., физика Назруллоев А., география Қаландаров А., муовини декани факултети математика ва информатика оид ба корҳои илмӣ Зеваршоев У., сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Мусомирова З., котиби шуроҳои диссертатсионӣ Усмонзода Ш. иштирок карда, доир ба масоили марбут ба табодули ҳайати омӯзгорон, унвонҷӯён, донишҷӯёни зинаҳои магистрӣ ва бакалаврӣ, таъсиси шуроҳои диссертатсионӣ, таҳияи барномаҳои муштарак конфронсҳои онлайнӣ ва амсоли инҳо гуфтушунид анҷом доданд.
|
|