10.11.2022 11:04 |
There are no translations available.
ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИРО БО НАМОЯНДАГОНИ 5 КИШВАРИ ДУНЁ ТАШКИЛ ВА БАРГУЗОР НАМУД
Дар доираи ҳамкориҳои мутақобила бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар дар таърихи 10-уми ноябри соли 2022 бо ибтикори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалии онлайн таҳти унвони "Таҳсилоти педагогӣ дар заминаи равандҳои тағирёбанда: захираҳо ва механизмҳои таъмини рушди устувори ҷомеа" ташкил ва баргузор карда шуд. Лозим ба зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташкилкунандаи асосии конфронси мазкур буда, дар кори он намояндагони 5 давлати дунё, аз қабили Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (Ҷумҳурии Тоҷикистон), Донишгоҳи давлатии омӯзгории Беларус (Ҷумҳурии Беларус), Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Маскав (Федератсияи Россия), Донишгоҳи давлатии омӯзгории Арманистон ба номи Хачатур Абовян (Ҷумҳурии Арманистон), Донишгоҳи давлатии Қарағанда ба номи Е.А. Букетов (Ҷумҳурии Арманистон) ва Донишгоҳи славянии Ҷумҳурии Молдова (Ҷумҳурии Молдова) иштирок ва суханронӣ намуданд.
|
10.11.2022 06:55 |
There are no translations available.
ДАРСИ КУШОДИ НАВБАТӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ
Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи раёсати донишгоҳ дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Х. Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ мунтазам аз тарафи омӯзгорони таҷрибадори донишгоҳ дарсҳои намунавӣ баргузор карда мешаванд. Ҳадаф аз баргузории чунин дарсҳо баланд бардоштани сифати таълим ва рушди малакаи касбии омӯзгорон маҳсуб меёбад. Ҳамин тавр, дарси намунавии навбатӣ аз тарафи омӯзгори донишгоҳ Нигора Сатторова дар курси 1-уми ихтисоси забони англисӣ дар мавзӯи “Four skills of learning English” гузаронида шуд. Дар дарс дар қатори донишҷӯён устодони коллеҷ низ ширкат намуданд.
|
10.11.2022 06:21 |
There are no translations available.
СЕМИНАРИ ИЛМИИ МУШТАРАК
Дар таърихи 9-уми ноябри соли 2022 семинари илмии муштараки кафедраҳои анализи математикӣ, алгебра ва назарияи ададҳои факултети математика ва информатикаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ баргузор шуд. Азбаски Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ҳамчун муассиси пешбар ба рисолаи илмии Хайруллоев Ш.А. дар мавзӯи «Нулҳои ҳосилаҳои функсияҳои Харди ва Дэвенпорт-Хейлбронн, ки дар порчаҳои кӯтоҳи хати рости критикӣ мехобанд» интихоб шудааст, бинобар ин дар семинар рисолаи доктории номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хайруллоев Ш.А. «Нулҳои ҳосилаҳои функсияҳои Харди ва Дэвенпорт-Хейлбронн, ки дар порчаҳои кӯтоҳи хати рости критикӣ мехобанд» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
|
10.11.2022 06:19 |
There are no translations available.
МУАРРИФИИ ЛОИҲА
Дар таърихи 9-уми ноябри соли 2022 дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ муаррифи лоиҳа бо унвони «Таҳкими заминаҳои назариявӣ, моддӣ-техникӣ ва корҳои пажуҳишӣ дар ҳамкориҳои байналмилалӣ барои омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гардид. Дар муаррифии лоиҳаи мазкур сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳ Идиев С. ва як зумра мудирону устодони кафедраҳои факултет иштирок доштанд.
Декани факултет Назруллоев А.С. иброз намуданд, ки дар рӯзҳои наздик баъд аз муҳокима лоиҳа ба раёсати Донишгоҳ ирсол мегардад ва дар ҳолати амалӣ гардидани лоиҳа факултети физика ба дастовардҳои хуб ноил хоҳад шуд.
|
10.11.2022 06:16 |
There are no translations available.
НАТИҶАИ ОЗМУН ДОНИШГОҲРО ДАР МАҚОМИ АВВАЛ ҚАРОР ДОД
Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» 7 нафар аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ сазоври ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Вобаста ба номинатсияҳои озмун 3 нафари онҳо сазоворӣ ҷойи 1-ум, 3 нафар сазовори ҷойи 2-юм ва 1 нафар сазоворӣ ҷои 3-юм шуданд.
Маврид ба ба зикр аст, ки натиҷаҳои бадастовардаи намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар даври шаҳрии озмуни имсолаи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” нисбат ба дигар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе баландтар мебошад.
|
10.11.2022 05:30 |
There are no translations available.
ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ САРТОСАРИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ
9 ноябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар мавзӯи гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ташкилотҳои мамнуъ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва ҷинояту ҷинояткорӣ баргузор гардид.
Чунин вохӯриву суҳбатҳо дар самти пешгирии содиршавии кирдорҳои ҷиноятӣ дар байни ҷавонон ва баланд бардоштани савияи ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намуда, аз содиршавии амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок пешгирӣ мусоидат хоҳад кард.
|
09.11.2022 13:35 |
There are no translations available.
ТАҶДИДИ ФАЪОЛИЯТИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ
Дар таърихи 9-уми ноябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо ташаббуси ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода мизи мудаввар баргузор гардид, ки муҳтавои асосии он таҷдиди назар нисбат ба саҳифаҳои факултетҳо ва шуъбаҳо ва тарзи истифодаи дурусти онҳо дар ҷомеаи имрӯз мебошад. Дар ҷараёни он роҳбари муассиса ба аъзоёни раёсат ва муовинони деканҳои факултетҳо ҷиҳати корбурди саҳифаҳо дастурҳои муфид пешниҳод намуд. Хосатан зикр карда шуд, ки фаъолияти саҳифаҳои расмии факултетҳо ва бахшҳои мустақили донишгоҳ ба таври бештар гузориш ва маводи зарурӣ интишор намоянд.
|
|
|
|