• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
09.11.2022 10:20
There are no translations available.

АЗ 34 НАФАР ИШТИРОКЧӢ 7 НАФАР БА ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ РОҲ ЁФТ

Дар ин рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе маросими даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субхи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он аз ҷумлаи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (3 нафар омӯзгор ва 10 нафар донишҷў) аз рӯи номинатсияҳои “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ”, “Адабиёти классикии тоҷик”, “Адабиёти муосири тоҷик”, “Адабиёти ҷаҳон” ва “Эҷоди назму наср иштирок намуданд. Тибқи натиҷаи озмун 7 нафар аз онҳо: ду нафар аз рўи номинатсияи “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ” ду нафар аз рӯи номинатсияи “Адабиёти классикӣ”, як нафар аз рӯи номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик”, ду нафар (як нафар омӯзгор ва як нафар донишҷӯ) аз рӯи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.

 
09.11.2022 09:12
There are no translations available.

ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Тибқи маълумоти мавҷуда Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мувофиқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1532 аз 20 октябри соли 2022 роҳбарии умумии лоиҳаи байналмилалиро таҳти унвони “Тақвияти низоми дастгирии омӯзгорон дар раванди татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим” ба уҳда дорад. Дар ин баробар бо мақсади мусоидат яке аз бобҳои “Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ карда шуда, дар мувофиқа бо бахшҳои вазорат Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ яке аз муассисаҳои асосӣ барои татбиқи лоиҳа интихоб шудааст.Мулоқоти гурӯҳҳои корӣ дар давраи аз 08 ноябри соли 2022 то 10 ноябри соли 2022 дар меҳмонхонаи Хилтони шаҳри Душанбе идома ёфта, аз ҳисоби устодони донишгоҳи мо дар он 25 нафар иштирок менамоянд.

 
09.11.2022 09:08
There are no translations available.

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН

Имрӯз зимни қабули шаҳрвандон, ректори донишгоҳ арзу шикоятҳои муроҷиаткунандагонро шунида, ҷиҳати ҳалли мушкилоташон дар доираи қонун дастгирӣ намуд.

Мебояд ёдовар шуд, ки масъалаҳои муроҷиат аз дастгирии ятимон, маъюбони гурӯҳҳои мухталиф ва барқарори донишҷӯёни хориҷшуда иборат буд.

 
08.11.2022 11:27
There are no translations available.

МАҲФИЛИ “ХИРАДМАНД” БО ШИРКАТИ МУҲАММАД ҒОИБ

Дар таърихи 8-уми ноябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  маҳфили “Хирадманд” бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб баргузор гардид. Маҳфилро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Дониёр Сангинзод ҳусни оғоз бахшида, зикр намуданд, ки Муҳаммад Ғоиб муаллифи зиёда аз 40 асар, аз ҷумла «Турнаҳо», «Роҳи деҳа», «Фарёди ёдҳо», «Меҳри гиёҳ», «Хоки ватан», «Гавҳари меҳр», «Нури дида», «Боми сипеҳр», «Гумгаштапайдо», «Роҳи каҳкашон», «Пойгаҳ», «Ватани Наврӯз», «Фархундапай», «Шоҳи Ҳамадон », «Сад ғазал», «Поси ошноӣ», «Парчами нанг», «Девон» «Каъбаи дил», «Подарок» (бо забони русӣ), «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» ва ғайра мебошанд. Ҳамчунин якчанд очерку новеллаҳои телевизионӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Драмаҳои машҳури "Шоҳи Ҳамадон", "Мири Кабир","“Имоми Аъзам","Арвоҳзада","Зиндамаргон", "Волидони беворис", филмномаҳои "Гумгаштапайдо", "Пуштаи хандақпеч", "Ҳасрати дидор","“Вафодор" ва ғайра зодаи эҷоди ӯянд.

 
08.11.2022 11:03
There are no translations available.

Аз 1-ум то 3-юми ноябри соли 2022  намояндагони Донишгоҳ дар конфронси байналмилалии таълимӣ таҳти унвони ”Ҳамкорӣ баҳри нигоҳдошт ва таҳкими мероси маънавии халқи рус”, ки аз ҷониби Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М. Акмулла ташкил карда шуда буд, иштирок намуданд. Дар конфронси мазкур Самиев Б. – профессори кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносӣ, Байдуллоев А. – дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷума, Карабаев Б. – директори маркази рушди таҳсилоти муттасил ва педагогикаи ҷаҳон ширкат намуда, оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккул ва рушди фарҳанги Авруосиё, муҳити таълимӣ ва тафаккури иҷтимоии ҷавонон, саҳми волидайн дар раванди ташаккулёбии маънавию ахлоқии шахсият маърӯза карданд.

 
08.11.2022 08:14
There are no translations available.

РЕКТОР: ЛАБОРАТОРИЯҲОИ ТАЪЛИМИРО БО ТАҶҲИЗОТИ МУОСИР ТАЪМИН МЕНАМОЕМ!

Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ бо иштироки муовинони ректор, деканону сардорони раёсатҳо ҷаласаи корӣ баргузор намуд.

Дар ҷаласаи корӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ масъалаҳои назорат ва одилона ҷамъбаст намудани озмунҳо, вазъи хориҷ ва барқорории донишҷӯён, назорати сарбории омӯзгорон, назорати донишҷӯёне, ки стипендия мегиранд, назорати мактубҳои воридотӣ, таъмини лабораторияҳоро бо лавозимоти таълимӣ, озмуни “Фалаксароён” ва баргузор намудани озмунҳои нав дар миёни донишҷӯёнро мавриди баррасӣ қарор дод.

 
07.11.2022 05:56
There are no translations available.

ПОКИЗАГӢ ШИОРИ КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ

Имрӯз баҳри покизагиву ободкорӣ дар атрофи биноҳои таълимӣ ва бинои асосии раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шанбегӣ баргузор карда шуд.

Дар шанбегии мазкур кормандони раёсати илм ва инноватсия, маркази бақайдгирӣ, факултети технология ва соҳибкорӣ ширкат намуда, атрофи биноҳои таълимӣ ва асосии Донишгоҳро тозаву покиза намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи ректори Донишгоҳ мунтазам чунин шанбегиҳо дар Донишгоҳ ҳар ҳафта баргузор карда мешавад.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ