15.11.2023 13:59 |
There are no translations available.
ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ДАР ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАИ СММ БАРРАСӢ ШУД
 15-уми ноябри соли 2023 Қурбонзода Рухшона, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Елизавета Алексеева, намояндаи Созмони миллали муттаҳид оид ба экология ва ҳифзи муҳити зистро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба омӯзиши фанҳои экология ва ҳифзи муҳити зист андешаронӣ намуда оид ба дастовардҳо ва рушди ин самт гуфтушунид анҷом доданд.
|
15.11.2023 11:23 |
There are no translations available.
ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР МАВЗУИ НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ҚОНУНИЯТ
 Имрӯз дар донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назарӣ дар мавзуи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва рушди инноватсионии кишвар» баргузор гардид.
Дар щамоиши илмӣ оид ба моҳияти таҷлили Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва хидматҳои таърихии Пешвои миллат ибрози назар шуда,
|
14.11.2023 03:44 |
There are no translations available.
ЭЪЛОН: РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ ОЛИМОНИ ВАРЗИДАИ МАМЛАКАТРО БАРОИ ТАЪЛИФИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ ДАЪВАТ МЕНАМОЯД! Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати дониши донишҷӯён ва ҳамзамон таъмин намудани онҳо бо маводи таълимӣ ва таълифи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ олимону муҳаққиқон ва омӯзгорони варзидаро барои ҳамкорӣ даъват менамояд.
|
13.11.2023 06:29 |
There are no translations available.
ВИКТОРИНАИ ҲОЗИРҶАВОБОН МИЁНИ ХОБГОҲҲОИ ДОНИШҶӮЁН
 Шоми 8-юми ноябри соли 2023 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи нақша-чорабиниҳои Шуъбаи кор бо ҷавонон чорабинии иттилоотӣ–фарҳангӣ бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ дар миёни дастаҳои хобгоҳҳои донишҷӯёни донишгоҳ таҳти унвони "Викторинаи ҳозирҷавбон" баргузор гардид.
|
13.11.2023 03:18 |
There are no translations available.
ИҶЛОСИЯИ XVI - УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ПАДИДАИ НАҶОТБАХШ ВА САРНАВИШТСОЗ Халқи тоҷик дар раванди таърихи ниҳоят тӯлонии хеш ба бисъёр фоҷиаҳои қисматшикану падидаҳои тақдирсоз рӯ ба рӯ гашта, заҳри бедавлатию шаҳди соҳибдавлатиро чашидааст. Вале дар ҳама ҳолат тавонистааст, ки рисолати тамаддунофари худро нигоҳ доштаву сайқал диҳад. Донистани таърих ва роҳҳои тайкардаи ниёгон барои ҳар як фарди тоҷик зарур ва мояи ифтихор мебошад.
Сарнавишти миллати тоҷик дар давоми асрҳо чун дигар қавмҳои ориёинажод бисёр ҳам печ дар печу пуршебу фароз будааст. Тоҷик дар
|
10.11.2023 04:06 |
There are no translations available.
ТАҚДИМИ ШАҲОДАТНОМА БА ШАҲРВАНДОНИ ПОКИСТОН
 Имрӯз пеш аз оғози ҷаласаи навбатии Шурои олимон ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба 2 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки курси 2 солаи омӯзиши забони тоҷикиро бомуваффақият хатм намуданд, шаҳодатномаи курси мазкурро тақдим намуд.
Маврид ба зикр аст, ки ба курси омӯзиши забони тоҷикӣ шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Ҳиндустон таваҷҷуҳи бештар дошта, айни замон шунавандагон аз кишварҳои зикршуда ба таҳсил фарогир мебошанд.
|
10.11.2023 04:03 |
There are no translations available.
ОМӮЗГОРОН МАШҒУЛИЯТҲОРО БО ҲИССИ БАЛАНДИ ВАТАНДӮСТӢ ИҶРО МЕНАМОЯНД
 Шоми имрӯз, 9-уми ноябри соли ҷорӣ чун ҳамешагӣ дар толори варзишии донишгоҳ тамринҳои машғулиятҳои дарси ҳарбӣ бо иштироки кормандони раёсати донишгоҳ, деканону мудирони кафедраҳо ва омӯзгорон баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки омӯзгорон ба машғулиятҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ бо ҳисси баланди ватандӯстиву ҳувияти миллӣ ва эҳсоси худшиносиву дарки рисолати ватандорӣ иҷро менамоянд.
|
|
|
|