08.11.2023 03:04 |
There are no translations available.
ЯК РӮЗИ ШАНБЕГӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ҲАМА БА ПАХТАЧИНӢ" ДАР САҲРО
 5-уми ноябри соли равон раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 29-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кушониён шанбегӣ таҳти унвони "Ҳама ба пахтачинӣ" баргузор намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки таҳти ҳамин шиор баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ҷамъоварии ҳосили пахта ва дар саҳро намондани он кормандону омӯзгорон ба пахтачинӣ баромада, дар ҷамъоварии тиллои сафед саҳми худро гузоштанд.
|
06.11.2023 10:00 |
There are no translations available.
ХУСУСИЯТҲОИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ФАРДӢ ДАР КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 Имрӯз Тоҷикистон дар шароити истиқлолияти давлатӣ барои шинохти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва муқаддасоти давлатдорӣ аз диди тоза назар андохта, беҳтарин арзишҳо, ормонҳо ва ченакҳоеро муайян карданист, ки метавонанд манфиатҳои имрӯзу фардои миллату давлатро дилпурона дифоъ намоянд.
Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ,
|
04.11.2023 05:08 |
There are no translations available.
СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ДОНИШГОҲҲОИ ОМӮЗГОРИИ ЧИНУ ТОҶИКИСТОН БА ИМЗО РАСИД
 2-юми ноябри соли ҷорӣ Аҳлиддин Ибодуллозода ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар Форуми соҳибкорӣ ва ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Чин (НМСӮ) иштирок намуда.
Дар форуми мазкур байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи омӯзгории Синзяни ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
|
04.11.2023 04:53 |
There are no translations available.
БОЗДИДИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ АЗ ОСОРХОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
 Дар остонаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёни соли аввали факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо роҳбарии сарпарасти гурӯҳ Валиев Ҷамшед Абдурасулович бо мақсади аз наздик шинос шудан бо фаъолияти фарзонафарзанди миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки воқеъ дар Донишгоҳи милии Тоҷикстон аст, дидан намуданд.
 |
03.11.2023 03:59 |
There are no translations available.
САФИ ОМӮЗГОРОН ДАР МАШҒУЛИЯТҲОИ ҲАРБӢ-ВАТАНДӮСТӢ МЕАФЗОЯД
 Шоми имрӯз, 2-уми ноябри соли ҷорӣ чун ҳамешагӣ дар майдончаи варзишии донишгоҳ тамринҳои машғулиятҳои дарси ҳарбӣ бо иштироки кормандони раёсати донишгоҳ, деканону мудирони кафедраҳо ва омӯзгорон баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки таваҷҷуҳи омӯзгорон ба машғулиятҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ бештар зоҳир гардида, бо ҳисси баланди ватандӯстиву ҳувияти миллӣ ва эҳсоси худшиносиву дарки рисолати ватандорӣ дар ин машғулиятҳо ширкат менамоянд.
|
03.11.2023 03:55 |
There are no translations available.
ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ-ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ
 Имрӯз, 2 ноябри соли равон бо ибтикори раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъмат ва сарбозоне, ки бо
|
01.11.2023 12:03 |
There are no translations available.
КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ “ПРОБЛЕМАҲОИ ИНКИШОФИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР” БАРГУЗОР ГАРДИД
 Имрӯз, 1-уми ноябри соли равон бо ташаббуси факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар толори ошиёнаи сеюми бинои асосӣ, конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ- амалӣ дар мавзуи “Проблемаҳои инкишофи сайёҳии дохилӣ дар замони муосир” баргузор гардид.
Дар кори конференсия меҳмонон Одилзода Дилбар, муовини раиси шаҳри Душанбе, Холматиён Рустам, муовини аввали Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаббатов Холназар,
|
|
|
|