26.06.2022 06:41 |
There are no translations available.
ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОН БАҲРИ ОБОДИСТ
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки ҳамаи кормандону омӯзгорон шанбегии умумӣ баргузор гардид, ки ҳадаф аз он покиза намудани гирду атрофи таълимгоҳ, нарм кардани бехи дарахтон, тозакориҳо дар ҳудуди гулзорҳои атрофи биноҳои таълимӣ ва беҳтар намудани симои пойтахт мебошад. Дар шанбегии дастаҷамъона ҳайати кормандони раёсат, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ иштирок намуда, гирду атрофи биноҳои таълимӣ, атрофи майдончаҳои назди бинои асосиро ба тартиб оварда, алафҳои хушкида ва ҳалқагулҳои атрофи донишгоҳро тозаву озода карданд.
|
25.06.2022 05:43 |
There are no translations available.
ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: ДАР ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ 4 МУОВИНИ РЕКТОР ВА 4 ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТ ИВАЗ ГАРДИД!
Имрӯз дар асоси фармоиши муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ як қатор тағйиротҳои кадрӣ дар сатҳи роҳбарикунанда, аз қабили 4 муовини ректор ва 4 декани факултетҳои химия, биология, забони англисиву русӣ ба амал омад.
Муаррифии кадрҳои тозатаъйин бо иштироки Наврӯз Мирзозода, сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
|
22.06.2022 04:19 |
There are no translations available.
РЕКТОР: КАБИНЕТҲОИ ФАННӢ ВА ТАҲХОНАҲОИ БИНОҲО ТАЪМИРУ ТАҶДИД МЕШАВАНД
Бо мақсади бартараф намудани супоришҳои назоратӣ ва беҳтар намудани шароити таълим, инчунин тармиму таҷдид ва муҷаҳҳаз намудан бо лавозимоти муосири корӣ дар кабинетҳои фаннӣ ҷаласаи ситоди назди ректор баргузор гардид.
Ибодуллозода Аҳлиддин, ректори донишгоҳ зимни ҷаласа иброз намуд, ки мақсади асосии мо беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани иқтидори илмӣ, беҳтар намудани шароити таҳсил барои донишҷӯён мебошад.
|
20.06.2022 11:23 |
There are no translations available.
МУЛОҚОТИ ИБОДУЛЛОЗОДА БО ДОКТОРАНТОН АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD)
Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ бо мақсади татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди маориф ва илм бо докторантон аз рӯи ихтисос (Phd) вохӯрӣ баргузор намуд. Маврид ба ёдоварист, ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шумораи докторантон 82 нафарро ташкил намуда, дар курсҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм таҳсил менамоянд. Ректори донишгоҳ зимни вохӯрӣ шахсан бо ҳар як докторант суҳбат намуда, доир ба мақолаҳои чопкардаашон ва дар кадом сатҳ қарор доштани рисолаҳои илмияшон пурсон шуда, ба докторантоне, ки дар курси ниҳоӣ қарор доранд, муҳлати мушаххас барои дифои рисолаҳояшон пешбинӣ намуд.
|
20.06.2022 07:01 |
There are no translations available.
МАҚОМУ ИФТИХОРИ МО ЗИ ИЛМ АСТ!
Боиси ифтихор аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар сабқати ҷумҳуриявӣ, ки 38 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд, дар бахши фанҳои табиатшиносию риёзӣ дар ҷумҳурӣ ба мақоми 2-юм сазовор дониста шуда, аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома ва як адад принтери замонавӣ қадрдонӣ карда шуд.
Соли ҷорӣ даври хотимавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст...» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доир гардид.
|
18.06.2022 12:11 |
There are no translations available.
ИТТИҲОДУ ЯКДИЛӢ АЗ ВАҲДАТ АСТ
18-уми июни соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ – кафили субот ва рушди ҷомеаи Тоҷикистон” доир гардид.
Ҳамоиши илмиро Абдусалом Мирзозода, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ифтитоҳ намуда, зимнан иброз намуд, ки Ваҳдати миллӣ, беҳтарин неъмат, орзуву ормон, таҳкими давлатдорӣ, наҷоти миллат, рушду нумуъ ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон ба шумор меравад. Мавсуф ҳамзамон ёдрас кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин таъкид намудаанд: “Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо субботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд”.
|
18.06.2022 06:47 |
There are no translations available.
ТОЗАГИВУ ПОКИЗАГӢ ҲУСНИ ОМӮЗГОР АСТ
Субҳи 18-уми июн дар асоси дастури ректори донишгоҳ баҳри ободониву покизагӣ ҳашари дастаҷамъонаи омӯзгорон дар гирду атрофи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Дар шанбегӣ ҳайати раёсат, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ иштирок намуданд ва гирду атрофи биноҳои таълимӣ ба тартиб оварда, алафҳои хушкида ва ҳалқагулҳои атрофи донишгоҳро тозаву озода карданд.
|
|
|
|