18.06.2022 03:09 |
There are no translations available.
ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ ВА ОҚИБАТҲОИ НАНГИНИ ОН
Шиддат гирифтани низоъҳои сиёсию мазҳабӣ ва оқибатҳои даҳшатбору харобиоварашон аҳли башарро нигарон кардааст. Таҳдиду куштор, қатлу ғоратҳои ашхоси ҷудогонаи мансабталош боиси мутасанниҷ гардидани авзои сиёсии ҷаҳон шудааст. Гурӯҳҳои ҷудоихоҳу тафриқаандоз барои бароварда сохтани ғаразҳои нопоки худ, аз ҷавонони худноогоҳу камтаҷриба ва бедониш истифода карда, ҷони онҳоро аз байн мебаранд. Ин ашхоси манфиатхоҳ ҷавононро ба воситаи макру фиреб ба доми худ меафкананд. Онҳо ҳар гуна ҳадису оятҳои ба дини мубини ислом алоқаманд набударо, ба самъи ҷавонон расонида, бо роҳи макру фиреб эшонро ба ҳаракатҳои терористӣ гаравонидаю қурбони ғаразҳои сиёсии худ менамоянд.
|
16.06.2022 13:22 |
There are no translations available.
РЕКТОР: ДОНИШҶӮЁНИ ҒОЛИБИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД
Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ бо донишҷӯёне, ки дар даври ҷамъбастии озмун (олимпиада)-и ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуда, донишгоҳро муаррифӣ менамоянд, мулоқоти самимона анҷом дод.
Маврид ба зикр аст, ки дар даври ҷамъбастии озмуни мазкур аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ 14 нафар донишҷӯ аз рӯи фанҳои таълимии забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ, таърихи халқи тоҷик, фалсафа, сиёсатшиносӣ, педагогикаи умумӣ, назарияи иқтисодӣ, математика, физика, химия, информатика, биология-экология ва географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демографӣ, ки санаҳои 17-18 июни соли ҷорӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор мегардад, ширкат менамоянд.
|
16.06.2022 11:48 |
There are no translations available.
ҒОЛИБИЯТИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁН ДАР ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУН
16-уми июни соли 2022 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъбаст гардид. Нахуст, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф Ҳамид баромад намуда, қайд кард, ки озмуни мазкур аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳиву хушдшиносӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа ба роҳ монда шудааст.
|
14.06.2022 12:34 |
There are no translations available.
МУРОҶИАТ ДАР ДОИРАИ ҚОНУН БАРРАСӢ МЕШАВАД
Имрӯз ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандону донишҷӯён дар толори Шӯрои олимон шаҳрвандонро қабул кард.
Ректори донишгоҳ зимни суҳбат бо муроҷиаткунандагон таъкид намуд, ки мақсад аз баргузор намудани рӯзҳои қабул ин дар доираи қонун баррасӣ ва тибқи тартиботи қонунгузории соҳаи маориф кӯмак намудан ба муроҷиаткунандагон мебошад.
|
15.06.2022 05:38 |
ОБУЧЕНИЕ ЗА РУБЕЖОМ
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни имеет плодотворный опыт в сфере международных отношений и тесно сотрудничает с более чем 90 высшими учебными заведениями за рубежом, а также с международными ассоциациями и организациями. Ежегодно, в соответствии с межвузовскими договорами, выпускники бакалавриата ТГПУ им. С. Айни продолжают своё образование в программах магистратуры и послевузовского профессионального образования (аспирантура, докторантура) за рубежом.
|
14.06.2022 10:19 |
There are no translations available.
ЭЪЛОН
Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ” барои ишғоли вазифаҳои холии доктори илм, профессор ва номзади илм, дотсент дар кафедраҳои дахлдори донишгоҳ аз рӯйи ихтисосҳои зерин озмун эълон менамояд.
|
14.06.2022 09:31 |
There are no translations available.
РЕКТОР: КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ ИНТИЗОМИ МЕҲНАТРО БОЯД РИОЯ КУНАНД!
Субҳи имрӯз, 14-уми июни соли 2022 бо мақсади назорати вазъи интизоми кории масъулин ва кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ширкати бевоситаи ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода дар назди даромадгоҳи донишгоҳ рейди махсуси назоратӣ баргузор гардид.
Рейди назоратии мазкур муайян намуд, ки шумораи зиёди омўзгорону кормандон ва ҳатто, зумрае аз мудирони кафедраҳою роҳбарони сохторҳо дар вақти муқарраргардида ба ҷои кор ҳозир намешаванд. Бемасъулиятии кормандони баъзе аз сохторҳо то дараҷаест, ки қариб то ду соат ва зиёда аз ин ҳам ба кор дер меомаданд.
|
|
|
|