03.06.2022 07:34 |
There are no translations available.
СЕМИНАРИ ИЛМӢ РОҶЕЪ БА МУШКИЛОТИ МУОСИРИ ЭКОЛОГӢ
2 июни соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ семинари илмӣ-фарҳангӣ дар мавзуи “Мушкилоти муосири экологӣ” ба муносибати 80-солагии доктори илмҳои биология, профессор Абдуллоҷон Эргашев баргузор гардид. Семинарро декани факултети география дотсент Аҳрор Қаландаров ҳусни ифтитоҳ бахшида, риштаи суханро ба ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ дод. Ректори донишгоҳ зимни баромади худ аз саҳми профессор Абдуллоҷон Эргашев дар рушди илми тоҷик ёдовар шуда, қайд кард, ки мавсуф муаллифи зиёда аз 305 кори илмӣ, аз ҷумла 4 ихтироот, 8 монография ва 9 китоби дарсӣ мебошад. Инчунин таҳти роҳбарии ӯ 10 нафар рисолаи худро бомуваффақият дифоъ намудаанд.
|
28.05.2022 06:51 |
УЧАСТИЕ ПРЕПОДАВАТЕЛЕЙ УНИВЕРСИТЕТА В ЦЕНТРАЛЬНОАЗИАТСКОМ ОНЛАЙН-СИМПОЗИУМЕ
26-го мая 2022 года состоялся «Центральноазиатский онлайн-симпозиум по образованию – семинар по валидации набросков к региональному отчету о политике в отношении учителей», где также приняли участие преподаватели с профелӣнҷх и обҳеуниверситетских кафедр ТГПУ им. С. Айни. Этот семинар является вторым из серии семинаров, совместно организованных ЮНЕСКО и Всемирным банком в рамках инициативы «Квалифицированные учителя – квалифицированная нация».
|
28.05.2022 06:35 |
There are no translations available.
НАҚШИ ИЛМҲОИ ТАБИӢ-РИЁЗӢ ДАР РАВАНДИ САНОАТИКУНОНИИ КИШВАР
28 майи соли 2022 дар толори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи илмӣ-методии байналмилалӣ дар мавзуи “Нақши илмҳои табиӣ-риёзӣ ва методикаи таълими онҳо дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар” бахшида ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)” ва ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар баргузор гардид. Ҷаласаро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Акобир Мирзораҳимов ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба ректори донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ дод.
|
26.05.2022 13:48 |
There are no translations available.
ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ “ШИКАСТИ ФИТНА”
26 майи соли 2022 дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи васеи Раёсати донишгоҳ баргузор гардид. Дар ҷаласа масоили марбут ба беҳтар намудани раванди таълим, баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва ҳамзамон мушкилоти рӯзмарраи ҷомеа ба мисли пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ аз тарафи устодону донишҷӯён баррасӣ шуданд. Инчунин дар доираи ҷаласаи мазкур омӯзгорону кормандони донишгоҳ филми мустанади “Шикасти фитна”-ро тамошо карда, дар бораи мӯҳтавои он ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки хоинону бадхоҳони миллат дар тӯли таърих ҳеч гоҳе ба марому мақсадҳои нопоки хеш нарасидаанд ва амалҳои зишту ноадолатонаи ин гуна афрод дар таърихи кишвар бо ҳарфҳои сиёҳ сабт мегардад.
|
26.05.2022 13:33 |
There are no translations available.
ЗИ КИМИЁ ЁФТ РАВНАҚ РӮИ ДУНЁ...
Ҳамасола ҳафтаи охири моҳи май дар саросари ҷаҳон Рӯзи химикон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат 26 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Зи кимиё ёфт равнақ рӯи дунё” баргузор гардид. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ баромад намуда, тамоми иштирокчиёнро ба Рӯзи химикон табрику муборакбод намуда, аз ҷумла зикр кард, ки пас аз амалӣ гардидани системаи маълумоти бисёрзигаӣ ва ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе мақоми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев, факултети биология-химия ба факултетҳои мустақили химия ва биология ҷудо шуд.
|
26.05.2022 04:29 |
There are no translations available.
Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар хусуси маълумоти бардуруғ ва иғвоангезе, ки вобаста ба кушта шудани яке аз саркардагони гуруҳи муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ, Мамадбоқиров Мамадбоқир дар сомонаи “ФОРС НЮС” ба нашр расидаст, бо масъулияти том иброз менамояд, ки иттиҳдияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Дар робита ба ин айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду мазҳаби расмӣ, мазҳаби Ҳанафия ва мазҳаби шиаи Исмоилия таи ҳазорсолаҳо дар фазои дустиву бародарӣ ва сулҳу оромӣ умр ба сар бурда истодаанд.
|
25.05.2022 11:30 |
There are no translations available.
ОҒОЗИ СЕССИЯИ ТОБИСТОНА ДАР ДОНИШГОҲ
Шурӯъ аз 25 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ раванди имтиҳонсупорӣ (сессияи тобистона)-и донишҷӯёни курсҳои 1-4-уми шакли таҳсили рўзона оғоз гардид. Донишҷӯён дар се Маркази қабули имтиҳонот ба тариқи тестӣ имтиҳон супорида истодаанд. Ба ғайр аз ин, дар асоси ризоияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 фоизи фанҳои тадрисшавандаи нимсолаи дуюми соли таҳсили 2021-2022 тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ гирифтани имтиҳонот ба роҳ монда шудааст. Ҳамин тариқ тибқи нақшаҳои таълимии амалкунандаи донишгоҳ аз 25 майи соли ҷорӣ қабули имтиҳонҳо дар се шакл – шифоҳӣ, хаттӣ ва тестӣ ба роҳ монда шудааст.
|
|
|
|