• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterСегодня598
mod_vvisit_counterВчера1192
mod_vvisit_counterВ неделю6633
mod_vvisit_counterПрошлом неделе5692
mod_vvisit_counterМесяц24754
mod_vvisit_counterПрошлом месяце28173
mod_vvisit_counterОбщий923556

Онлайн 9
ваша IP: 216.73.216.150
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-02-28 15:55
10.09.2024 04:45
There are no translations available.

Возможно, это изображение 11 человек и текстШИРКАТ ВА НАМОИШИ ДАСТОВАРДҲОИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ ДАР ЧОРАБИНИИ БА ИФТИХОРИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ

 


 
10.09.2024 04:41
There are no translations available.

НЕЪМАТЕ БЕҲТАР ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ…

Возможно, это изображение 1 человек
Истиқлол ҷашни пуршукӯҳтари миллӣ ба ҳисоб меояд, барои миллати мо дари бахту саодатро кушод, миллати тољик ба маънои томаш соҳибдавлат шуд, рукнҳои асосии давлати миллӣ побарљо гардид, Тољикистон тавассути сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба љаҳониён шинохта шуд, кишвари мо ба ҳайси мамлакати сулҳдӯст имиљи нави сиёсии худро пайдо кард.
 
06.09.2024 04:38
There are no translations available.

Ш.НОРАК:ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 33 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРКАЗИ КАСБОМӮЗӢ

Возможно, это изображение 5 человекДар муассисаи "Маркази касбомӯзии Донишгоҳи  давлатии омӯзгории   Тоҷикистон ба номи Садридини  Айнӣ дар шаҳри Норак" бахшида ба 33 - юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он

Сангинзода Дониёр -муовини ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, роҳбари муассиса, омӯзгорон, собиқадорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

 
02.09.2024 11:08
There are no translations available.

ЭҲТИРОМ БА ОМЎЗГОР ЭҲТИРОМ БА ОЯНДАИ МИЛЛАТ АСТ!
(Бардошт аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори оғози соли нави таҳсил, таҷлили Рўзи дониш ва дарси сулҳ)
Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, фароҳам овардани шароити хуби таҳсил, ба таҳсил ҷалб намудани духтарон, тақвияти неруи зеҳнии донишандўзон, рақамикунонии соҳаи маориф, пешгирии шомилшавии хонандагон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷилавгирӣ аз афзудани қонуншиканиҳо дар низоми маориф, омўхтани илму ҳунар, боз ҳам баланд бардоштани мақоми омўзгор дар ҷомеа ва донистани забонҳои хориҷӣ сархати суханронии Пешвои миллатро ба ифтихори оғози соли нави таҳсил ва таҷлили Рўзи дониш ташкил намуданд. Пешвои миллат дар оғози суханронии худ бо қатъият
 
28.08.2024 12:05
There are no translations available.

ИСТЕҲСОЛИ АВВАЛИН НАМУНАҲОИ МИНБАРҲОИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ ОМӮЗГОРОН ДАР ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲ
Бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар соли 2023 дар назди Парки технологӣ баъд аз мизу курсиҳо чунин минбарҳои хушсифату замонавӣ сохта шуда, баҳри таълими донишҷӯён дар ҳамаи синфхонаҳои таълими таъмин карда шуд

 
28.08.2024 12:04
There are no translations available.

ИСТЕҲСОЛИ АВВАЛИН НАМУНАҲОИ МИЗУ КУРСӢ ДАР ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲ
Возможно, это изображение учеба и столМизу курсиҳои замонавии истеҳсолнамудаи парки технологии донишгоҳ барои беҳтару хубтар намудани шароити таълиму илмомӯзӣ ба синфхонаҳои таълимии факултети математика, химия, география, педагогика, технология, забон ва адабиёти рус дар соли 2023 истеҳсол гардида дода шуд, ки мизу курсиҳои ин факултетҳо ҳануз аз солҳои пешин дар факултетҳо хидмат мекарданду куҳнаву фарзуда шуда буданд.

 
28.08.2024 12:01
There are no translations available.

 

ҚАБУЛ: МАҚСАДИ АСОСИИ МО ДАСТГИРӢ ВА КӮМАК РАСОНИДАН БА МУРОҶИАТКУНАНДАГОН МЕБОШАД!
Возможно, это изображение 11 человек, люди учатся, стол, шахматы и текстТибқи ҷадвали қабули шаҳрвандон имрӯз аз ҷониби ректори донишгоҳ дар саҳни бинои асосии донишгоҳ қабули шаҳрвандону донишҷӯён баргузор гардид.
Ҳамаи арзу шикоятҳои муроҷиаткунандагон зимни суҳбат шунида шуда, масъулин вазифадор шуданд, ки дар доираи қонун муроҷиатҳоро баррасӣ ва тибқи тартиби қонунгузорӣ дастгирӣ намоянд.
Мавриди зикр аст, ки муроҷиати имрӯза масъалаҳои интиқолу барқарор, таъмини донишҷӯён ба хобгоҳ, таҳсил дар зинаи магистратура, ихтисоси 2-юм ва идомаи таҳсилро дар бар мегирифт.

 

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мы в социальных сетях