• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterСегодня658
mod_vvisit_counterВчера879
mod_vvisit_counterВ неделю3484
mod_vvisit_counterПрошлом неделе5697
mod_vvisit_counterМесяц17889
mod_vvisit_counterПрошлом месяце24069
mod_vvisit_counterОбщий803170

Онлайн 32
ваша IP: 216.73.216.99
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-10-22 11:53
02.09.2023 09:06
There are no translations available.

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ
Возможно, это изображение 9 человек и помост
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чун анъана таҷлили Рӯзи дониш бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид.
Имрӯз омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз тамошои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳоне маънӣ бардоштанд.

 
07.07.2023 05:43
There are no translations available.

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ: ОМӮЗГОРОН БАРОИ ТАЪЛИМИ НАСЛИ ИМРӮЗИ МИЛЛАТ БОЗ ҲАМ БЕШТАР ТАЛОШ НАМОЯНД!
Возможно, это изображение 11 человек, помост, храм и текстИмрӯз ҳисоботи Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз натиҷаи фаъолияти шашмоҳаи нимсолаи аввали соли 2023 ба самъи кулли кормандону омӯзгорон ироа гардид.
Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ дар ҷаласаи мазкур иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун муассисаи таълимию илмӣ фаъолияти худро дар доираи қонунҳои амалкунанда, консепсияву стратегияҳо ва барномаву дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилот ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илм, инчунин супоришҳои Вазири муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст.
Мавсуф иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ донишгоҳ ба як қатор дастовардҳои назарраси таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, байналмилалӣ ва иқтисодиву хоҷагидорӣ ноил гардида бошад ҳам, боз корҳои зиёде барои анҷом додан ва расидан ба ҳадафҳои боз ҳам наҳзаррас ҷой дорад.
 
05.07.2023 13:15
There are no translations available.

 

ВОХУРИИ НАВБАТӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ СОҲИБКОРӢ ВА ОМӮЗГОРИИ ДЕҲНАВИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН
Дар Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ санаи 05-уми июли соли ҷорӣ дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба вохӯрӣ бо намояндагони Донишгоҳи соҳибкорӣ ва омузгории Деҳнави Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар вохури Суюнов Шерзод Ҷамолович, мудири кафедраи томактабӣ ва таълими мактаббача ва ҳайати омӯзгорони ин кафедра Ачилов Обид Музробович, Бобомуродов Эшмамат Норбадалович, Авлоқилов Диловар Ҳайитбоевич, Элмиродова Лола Тожиалиевич, Тирдиева Иззатой Садиковна, Шохимардонова Бахтигул Хушбоқовна, Шаимардонова Наргиза Махманазаровна, Эсанова Сарвиноз Уктамовна, Эрматова Мехринисо Бекмуродовна ва Иулдошова Меҳринисо Очилдиевна иштирок доштанд.
 
24.06.2023 08:15
There are no translations available.

ПОКИЗАГӢ МАРОМИ МОСТ

Возможно, это изображение 5 человек, дорога и деревоДар таърихи 24 июни соли 2023 тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ибтикори роҳбарияти донишгоҳ  дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аксияи тозагӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ҳайати устодону кормандони донишгоҳ ширкат намуданд. Дар рафти аксия устодону кормандон гирду атрофи биноҳои таълимӣ ва ёрирасон ва кӯчаҳои ҳамшафати донишгоҳро тоза карданд.

Ҳамчунин гурӯҳи дигари омӯзгорон тасмим гирифтанд, ки кафедра ва синфхонаҳоро рангубор намуда, ба биноҳои таълимӣ зиннати тоза бахшанд. Нарм намудани бехи дарахтон, ба тартиб овардани гулу буттаҳои ороишдиҳандаи гирду атрофи донишгоҳ аз ташаббусҳои созандаи кормандону омӯзгорони ин боргоҳи маърифат ба шумор меояд.

 
17.06.2023 07:52
There are no translations available.

БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ МУЛОҚОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
Возможно, это изображение 10 человек, помост и текстИмрӯз, 16-уми июни соли 2023 дар толори асосии донишгоҳ мулоқоти ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода бо устодони факултетҳои химия, география, биология ва педагогика баргузор гардид. Ректори донишгоҳ оид ба амалӣ гардидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи баланд бардоштани савияи таълиму тарбияро баррасӣ намуда, мушкилоти дар ин замина мавҷудавро зикр намуд. Таъкид шуд, ки беҳтар шудани сифати таълим пеш аз ҳама аз савияи дониш ва ҷаҳонбинии омӯзгорон вобаста аст.
Ҳарчанд дар ин ҷода пешравиҳои чашмрас ба миён омадаанд, вале ҳанӯз мушкилоти зиёде дар пеш аст. Аз ҷумла, ҳанӯз баъзе фанҳо китоби дарсӣ надоранд, миқдори мақолаҳои илмии байналмилалӣ қонеъкунанда нестанд, қисми зиёди омӯзгорон аз маъхази китобхонаи донишгоҳ истифода намебаранд, иқтидори илмии кафедраҳои факултетҳои номрафта ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест, дар нақшаи таълимӣ такрори баъе фанҳо ба мушоҳида мерасанд, лоиҳаҳои илмии аксари кафедраҳо то кунун пешниҳод нагардидаанд.
 
16.06.2023 02:36
There are no translations available.

ҲАМКОРӢ: ТИБҚИ СОЗИШНОМА ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОНИ ЧИНӢ ДАР ЗИНАИ МАГИСТРАТУРА ОҒОЗ МЕГАРДАД!
Дар асоси созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Ширкати “Технологияи таълими Shangdon Daliangzao”-и назди Донишгоҳи омӯзгории Ҷумҳурии Халқии Чин қабули довталабони чиниро дар шакли таҳсили фосилавӣ ва ҳузурӣ дар зинаи магистратура аз аввали соли нави таҳсил оғоз менамояд.
Созишномаи мазкур дар асоси дархост ва интихоби беш аз 1000 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва коллеҷҳои Ҷумҳурии Халқии Чин таҳия ва тасвиб шуда, раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба таҳсил фаро гирифтани ин хатмкунандагонро дар зинаи магистратура ба роҳ мемонад.
 
15.06.2023 06:30
There are no translations available.

МУЛОҚОТИ РЕКТОР: ҲАЛЛИ МУШКИЛОТ ФАЪОЛИЯТИ НАТИБАХШРО ТАЛАБ МЕКУНАД!

Возможно, это изображение 3 человека

14-уми июни соли ҷорӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии судманд бо кормандону омӯзгорон, профессорону мудирони кафедраҳои факултетҳои матиматика ва информатика, физика, технология ва иқтисодиёт ва идора баргузор намуд.
Ректори донишгоҳ дар ҷаласа асосан ба масоили чоп намудани китобҳои дарсӣ, иҷрои сарбориҳои қисми илм, навиштани мақолаҳо дар маҷалаҳои байналмилалӣ, омода намудани дарсҳои видеоӣ, тайёр намудани шогирдон барои олимпиадаҳо, озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ҳимояи рисолаи номзадӣ ва докторӣ изҳори нигаронӣ намуд.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мы в социальных сетях