18.01.2022 11:58 |
There are no translations available.
ФАЪОЛОНИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОМӮЗГОР” ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНҲО ГАРДИДАНД
18 январи соли 2022 дар толори бинои Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он муовини раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, раисони кумитаҳои иҷроияи ноҳиявии ҳизб, кормандони сохторҳои ҳизбии шаҳр, фаъолон, як қатор вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.
|
17.01.2022 09:17 |
There are no translations available.
ШУМОРАИ НАВИ МАҶАЛЛАИ “МУҲАҚҚИҚ”
Шумораи навбатии маҷаллаи илмӣ-омӯзишии муҳаққиқони ҷавон “Муҳаққиқ” тариқи матбааи ДДОТ номи Садриддин Айнӣ аз чоп баромад. Шумораи мазкур 71 мақоларо дар бар мегирад, ки дар онҳо натиҷаи таҳқиқоти магистрон ва мутахассисони ҷавон дарҷ ёфтааст.
|
15.01.2022 11:41 |
There are no translations available.
ПАЁМ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН
(бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»)
“Хотирнишон месозам, ки ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад.”
|
15.01.2022 11:35 |
There are no translations available.
ИНЪИКОСИ ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ ИҶТИМОИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатияшон таъкид сохтанд, даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад. Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид сохтанд, ки рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.
|
15.01.2022 07:36 |
There are no translations available.
ПАЁМ – РОҲНАМОИ МАВҚЕИ ЗАН ДАР ҶОМЕА
(бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»)
“Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатиашон таъкид карданд, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.
Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.
|
14.01.2022 06:53 |
There are no translations available.
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
13 январи соли 2022 дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид. Дар ин ҷаласа Ҳабибзода Зоир Иззат – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи марказии ҲХДТ, Мирзозода Иброҳим Холмурод – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Меликзода Парвина – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Насимҷон Расулзода – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раёсат ва аъзои Кумитаи иҷроия, раисон, намояндагони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, намояндагони нашрияҳои ҳизбӣ ва ВАО иштирок намуданд.
|
14.01.2022 06:20 |
There are no translations available.
ПАЁМ РОҲНАМОИ МОСТ
Бо чунин унвон 13 январи соли 2022 дар факултети забонҳои романӣ-германии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ чорабинӣ доир ба ташреҳи муҳтавои Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки дар он устодону донишҷӯёни факултет фаъолона иштирок намуданд.
|
|