08.01.2022 12:23 |
There are no translations available.
ПАЁМИ ПЕШВО - РОҲНАМОИ ҶОМЕА
7 январи соли 2022 дар факултети психология ва таҳсилоти фарогири ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ чорабинӣ дар мавзуи “Паёми Пешво-роҳнамои ҷомеа” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур профессор Бобоҷон Самиев - мушовири ректори донишгоҳ, инчунин Мадина Дадобоева - декани факултети номбурда ва Г. Ҷалолова омӯзгори кафедраи психологияи умумӣ ва педагогӣ. иштирок намуда доир ба моҳияти Паёми Пешвои миллат маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.
|
08.01.2022 11:01 |
There are no translations available.
БУНЁДИ МИЛАТ АЗ МАОРИФ ОҒОЗ МЕЁБАД
7 январи соли 2022 дар факултети забон ва адабиёти руси ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ чорабинӣ роҷеъ ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои меҳварии Паёми Пешвои миллат дар мавзуи “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад” баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро Абреза Ниятбекова - декани факултет оғоз намуда, зимнан дар мавзуи “Рушди маориф дар меҳвари Паёми Пешвои милат ” андешаронӣ кард.
|
30.12.2021 14:43 |
There are no translations available.
Сообщение пресс-центра прокуратуры района Шохмансур города Душанбе
ДУШАНБЕ, 30.12.2021 /НИАТ «Ховар»/. 30 декабря 2021 года в отношении гражданина Республики Таджикистан Чоршанбиева Чоршанбе Авазхоновича, 1995 года рождения, уроженца города Хорог, временно незаконно проживающего в Российской Федерации, по решению Останкинского районного суда города Москвы
|
30.12.2021 14:41 |
There are no translations available.
Хабари маркази матбуоти Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 30.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. 30 декабри соли 2021 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбиев Чоршанбе Авазхонович, соли таваллудаш 1995, зодаи шаҳри Хоруғ, муваққатан дар Федератсияи Россия ғайриқонунӣ иқомат дошт, бо қарори Суди ноҳияи Останкинои шаҳри Москва барои қонуншиканиҳои маъмурӣ ва дағалона вайрон намудани қоидаҳои будубош, зери хатар мондани ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон ба маблағи калон ҷаримабандӣ гардида, аз ҳудуди Федератсияи Россия хориҷ карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хабар дод.
|
30.12.2021 05:19 |
There are no translations available.
ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШӮРОИ ОЛИМОН БАРГУЗОР ГАРДИД
29 декабри соли 2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи васеи Шӯрои олимон бо иштироки ҳайати устодону кормандон, профессорон, садорати факултетҳову мудирони кафедраҳо ва роҳбарони зерсохторҳои донишгоҳ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур нахуст ректори донишгоҳ профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ сухан намуда, ба ҷаласаи ҳусни оғоз бахшид. Сипас “Ҳисобот доир ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022” аз ҷониби ректори донишгоҳ шунида шуд, ки дар он пиромуни фаъолияти 5 самти асосии ин муассисаи таълимӣ сухан рафт. Пас аз анҷоми маърӯзаи сарвари донишгоҳ профессорон Биҳафиза Маҷидова, Шамсиддин Солеҳов, Акобир Мирзораҳимов ва муовини ректор оид ба корҳои таълим Абдусалом Мирзозода доир ба пешравиҳову пешбиниҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ барои соли 2022 ба музокира баромаданд.
|
27.12.2021 15:46 |
There are no translations available.
МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ БА ТАЪЛИМ ВА МУШКИЛОТИ
ТАТБИҚИ ОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ
25 декабри соли 2021 дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-методӣ дар мавзуи “Муносибати босалоҳият ба таълим ва мушкилоти татбиқи он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” ба ифтихори 90-солагии таъсисёбии факултети филологияи тоҷик баргузор гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон баромад намуда, қайд дошт, ки муносибати босалоҳият дар таълим ба мақсади ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаётӣ, маърифатӣ ва касбӣ равона карда шуда, барои баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани шогирдони сазовор ва ҳаматарафа такомулёфта нигаронида шудааст. Сипас, профессорон Шарифмурод Исрофилниё, Абдусамад Мулоев, Рухшона Восиева, Саъдулло Нематов ва Ирина Каримова баромад намуданд.
|
27.12.2021 15:29 |
There are no translations available.
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БА ИФТИХОРИ
90-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ДДОТ БА НОМИ С.АЙНӢ
“Таърихи ташаккулёбӣ ва фаъолияти Донишгоҳи омӯзгорӣ як пораи таърихи нави миллати мост”.
Эмомалӣ Раҳмон
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ яке аз аввалин муассисаи олии касбии кишвар ба ҳисоб рафта, 18-уми июли соли 1931 дар заминаи ду шуъбаи факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна таъсис дода шуд, ки соли ҷорӣ аз таъсиси ин боргоҳи илму маърифат 90 сол сипарӣ гашт.
Ба ин муносибат, 24 декабри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Нақши Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ ва рушди низоми маориф” бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, даспарварону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
|
|
|
|