|
13.01.2023 09:31 |
|
There are no translations available.
МУЛОҚОТ БО ОМӮЗГОРОНИ СОҲИБЗАБОН
12-уми январи соли равон муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Қурбонзода Рухшона бо омӯзгорони соҳибзабон, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки ба донишҷӯёни донишгоҳ дарс мегӯянд ва тариқи шартномаи дутарафа дар муассисаи мазкур фаъолият менамоянд, вохӯрӣ баргузор намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба раванди таълим, мушкилоти ҷойдошта дар ин самт ва будубоши онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон нақшаи фаъолияти онҳо баррасӣ гардид.
|
|
11.01.2023 03:00 |
|
There are no translations available.
ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯИ БАРҚАРОРУ ИНТИҚОЛ ҲАМЕША ТАҲТИ НАЗОРАТ ҚАРОР ДОРАД
Имрӯз, 10-уми январи соли 2023 Наҳтулло Айнуллозода, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ҷаласаи назоратӣ дар толори Шӯрои олимон баргузор намуд. Дар ҷаласаи мазкур сардори Раёсати таълим ва сармутахассисони ин бахш, муовинони декан оид ба корҳои таълимӣ ва методистону коргузорон ширкат намуданд. Муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ҷаласаро аз пурсиши рафти ҳуҷҷатгузории фаъолияти комиссияи интиқолу барқарор дар факултетҳо оғоз намуда, масъулинро барои саривақт омода ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ дастур дод.
|
|
10.01.2023 11:13 |
|
There are no translations available.
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ТИБҚИ ТАРТИБИ МУҚАРРАРӢ
Имрӯз, дар таърихи 10 январи соли 2023 дар асоси тартиби рӯзҳои қабул аз ҷониби ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ҷиҳати баррасии дархости муроҷиаткунандагон рӯзи қабул анҷом пазируфт. Муроҷиати шаҳрвандон аз тарафи роҳбари Донишгоҳ дар доираи талаботи қонун баррасӣ гардида, вобаста ба моҳият талаботу хоҳиш аксар муроҷиаткунандагон қонеъ карда шуд. Дар раванди қабули шаҳрвандон асосан масъалаҳои интиқолу барқарори донишҷӯён ва маблағи шартномаи таҳсил пешниҳод гардида буданд. Маврид ба зикр аст, ки ректори донишгоҳ дар доираи салоҳиятҳои хеш дархости муроҷиаткунандагонеро, ки 400 вожаи серистеъмоли забонҳои русӣ ва англисиро бо иловаи ду ғазали муқарраршуда аз худ карда буданд, қонеъ намуда, бобати таҳлили дархостҳои мухталиф ба мутасаддиёни сохторҳои донишгоҳ вобаста ба моҳияти онҳо супориш ироа кард.
|
|
10.01.2023 06:45 |
|
There are no translations available.
ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР СОҲАИ ФИЗИКА
Дар таърихи 9 январи соли равон дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-041 – и назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммадҷон Осимӣ омӯзгори кафедраи физикаи умумии факултети физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Мирзоева К. рисолаи худро дар мавзӯи “Таъсири нанозаррачаҳо бо эффекти “Хотираи шакл” доштаи андазаҳояшон гуногун ба тағйирёбии гармигузаронӣ ва зичии толоул ҳангоми гузариши фазавӣ” таҳти роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, профессор Маҳмадалӣ Сафаров аз рӯи ихтисоси 01.04.14-Физикаи ҳарорат ва назарияи техникаи гармо барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ бомуваффақият ҳимоя намуд.
|
|
09.01.2023 08:48 |
|
There are no translations available.
РЕКТОР: ПЕШРАВӢ АЗ ДУРУСТИИ КОР ВОБАСТА АСТ!
Имрӯз, 9-уми январи соли 2023 бо ширкати Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи назоратӣ дар толори Шӯрои олимон баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ ҷаласаро аз пурсиши ҳисоботи ҳафтаинаи масъулин ва деканони факултетҳо оғоз намуда, зимнан аз бемасъулиятии деканони факултетҳои психология, забони русӣ, география, забони англисӣ, химия ва маркази техникӣ ҷиҳати дар муҳлати пешбинишуда пешниҳод накардани ҳисобот ёдовар шуд.
Ҳамзамон Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ аз мушкилоти соҳаҳои мазкури самти илму таълим, аз ҷумла, нақшаҳои инфиродӣ, саоатҳои таълимӣ, мақолаҳои омӯзгорон, ҳолати иштироки магистрону унвонҷӯён дар дарсҳо, таҳсилоти фосилавӣ, таҳлилу баррасии раванди имтиҳонот, назорати қатъии раванди баргузории имтиҳонҳо, махсусан донишҷӯёни шакли таҳсили рӯзона, интизоми донишҷӯёну омӯзгорон, изҳори нигаронӣ намуда, масъулинро ҷиҳати таҳти назорати ҷиддӣ қарор додани масъалаҳои мазкур ва инчунин атрофи масъалаҳои муҳими дигар низ дастур дод.
|
|
07.01.2023 06:25 |
|
There are no translations available.
ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ИЛМӢ
Дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-038 – и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар таърихи 5 январи соли 2023 омӯзгори кафедраи ботаникаи факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Сафармади Мирзовалӣ рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Аломатҳои биоморфологии топинамбур (HELIANTHUS TUBEROSUS L.) дар шароити водиҳои Кӯлобу Ҳисор” зери роҳбарии доктори илмҳои биология Қурбоналӣ Партоев аз рӯи ихтисоси 03.02.01-Ботаника бомуваффақият ҳимоя намуд.
Раёсати донишгоҳ Сафармади Мирзовалиро ҷиҳати ҳимояи рисолаи номзади илм табрику таҳният намуда, дар корҳои минбаъдаи ӯ комёбиҳои назаррасро таманно дорад.
|
|
06.01.2023 08:28 |
|
There are no translations available.
ШАРҲИ НУКТАҲОИ МУҲИМИ ПАЁМ ДАР КАФЕДРАИ ҲУҚУҚ
Дар таърихи 6 январи соли 2023 бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардида буд, ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҷараёни баргузории ҳамоиш муовинони ректор оид ба корҳои таълимӣ ва илмӣ Айнуллозода Н. ва Сангинзод Д. Ш., инчунин як зумра устодону донишҷӯён ширкат намуданд. Ҳамоишро мудири кафедраи мазкур номзади илмҳои таърих Аламов Ҳ. оғоз намуда, қайд кард, ки Паёми солонаи Роҳбари давлат аҳаммияти бисёр муҳимми сиёсӣ ва рамзӣ дошта, худи ҳастии давлатии миллат ва истиқлолияти сиёсии давлатро ифода мекунад. Новобаста аз чигунагии мазмуни сиёсату барномаҳои Паём, худи аз тарафи роҳбарияти кишвар мустақилона муайян ва озодона эълон шудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, моделу шеваи давлатдорӣ, низоми арзишҳои интихобшуда ва тарзу марҳилаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар маҳз маънои худмуайянкунии давлатӣ ё истиқлолияти сиёсии кишварро дорад. Яъне, худи Паём хоси давлати мустақилест, ки моҳият ва самтҳои сиёсатгузориро худ мустақилона муайян мекунад. Сипас, профессори кафедра Раҷабов С. баромад намуда, доир ба нуқтаҳои муҳими Паём ибрози андеша намуд ва ҳамзамон ёдовар шуд, ки ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоссатан Пешвои миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ бесобиқаанд.
|
|