18.11.2021 10:09 |
There are no translations available.
ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ
ДОНОӢ КИТОБ АСТ...”, ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Рӯзи 16 - уми ноябри соли равон дар Кохи Сурӯш бо иштироки васеи аҳли зиёи кишвар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст...”, ҷамъбаст гардид. Бояд зикр намуд, ки аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ, дар даври шаҳрии озмуни мазкур 11 нафар довталабон иштирок намуда, 6 нафарашон сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
|
18.11.2021 09:43 |
There are no translations available.
БОЗ ЯК ҒОЛИБИЯТ!
Ба хотири дар сатҳи баланд баргузор намудани рӯзи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони “Авангард” озмуни ҷумҳуриявии “Шеър, достон ва мақолаи публисистии беҳтарин” дар васфи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҷавонони аз 14 то 30-солаи кишвар эълон гардида буд. Озмуни мазкур санаи 16-уми ноябри соли 2021 дар Академияи ВКД ҶТ бо иштироки васеи иштирокчиёни ин озмун ҷамъбаст гардид.
Қобили қайд аст, ки аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз ҳар се номинатсия 9 нафар довталабон иштирок варзиданд.
|
13.11.2021 11:18 |
There are no translations available.
СТРАТЕГИЧЕСКИЕ ПОБЕДЫ И ПОРАЖЕНИЯ
|
12.11.2021 15:23 |
There are no translations available.
НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ
ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ
12.11.2021 дар Гимназияи №4-и барои хонандгони болаёқати шаҳри Душанбе конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф” баргузор гардид. Конференсияи мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Имомзода Муҳаммадюсуф ифтитоҳ намуд.
Сипас, Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон, профессор Махфират Хидирзода, номзади илмҳои филологӣ Рудобаи Мукаррам, профессор Диноршоҳ Азиз, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Абдулло Раҳнамо, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Хоналӣ Қурбонзода ва муовини сармуҳаррири нашрияи “Минбари халқ” Маҳмадулло Наимов бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Дар идомаи чорабинӣ, ба як қатор кормандони соҳаи маориф ба ифтихори 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай ва саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи маориф бо қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ин созмон, аз 14.07.2021, таҳти №13 бо медали “20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай” қадрдонӣ гардонида шуданд.
|
12.11.2021 12:35 |
There are no translations available.
БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ИЛМИИ “ПСИХОЛОГИ ҶАВОН”
ДАР ФАКУЛТЕТИ ПСИХОЛОГИЯ ВА ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР
Имрӯз, 12.11.2021 бо ташаббуси декани факултети психология ва таҳсилоти фарогири ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ н.и.п, дотсент Дадобоева Мадина Солибоевна ва аъзоёнии кафедраи психологияи умумӣ, маҳфили илмӣ таҳти унвони “Психологи ҷавон” бо иштироки донишҷӯёни фаъоли курсҳои 3-юми ихтисоси равоншиноси амалӣ баргузор гардид. Роҳбарии маҳфили мазкурро омӯзгори калони ҳамин кафедра Рустамова Зарина бар ӯҳда дошт. Мавриди зикр аст, ки дар ин маҳфил донишҷӯён аз омилҳои гуногуни ҷанбаҳои психологӣ андешаронӣ намудаву барои саволу ҷавоб кардан, шарҳ додани баъзе аз истилоҳот ва тадбирандешии пешгирии ҳолатҳои зӯроварӣ, нашъамандӣ, тамокукашӣ, майнӯшӣ, рафтори агрессивӣ, канибализм, суитсид (худкушӣ) баҳсу мунозираҳо карданд.
|
12.11.2021 11:44 |
There are no translations available.
Муҳаммад Наҷибулло – ин ном шояд барои насли ҷавон кам ошност.
|
09.11.2021 17:58 |
There are no translations available.
Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи милитсия
09.11.2021 18:00, шаҳри Душанбе
Муҳтарам кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ!
Ҷашни касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, яъне Рӯзи милитсия имсол ба рӯзҳое баробар омад, ки мардуми шарафманду сарбаланд ва тамаддунсози тоҷик санаи сарнавиштсози таърихӣ – сисолагии истиқлоли давлатии кишвари азизамонро бо тантана ва бо ифтихор аз Ватану ватандорӣ таҷлил намуда, дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба хотири рушду тараққиёти Тоҷикистони маҳбубамон содиқона ва софдилона заҳмат кашида истодаанд.
Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки дар шароити сулҳу суботи комил ва бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардидани ин ҷашни муқаддас натиҷаи матонату ҳушёрӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқату ватандӯстии кормандони милитсия, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии давлати соҳибистиқлоламон мебошад.
Бинобар ин, бо камоли ифтихор ҳамаи кормандон, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик мегӯям.
Вақте ки ба таърихи фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистони соҳибихтиёр назар мекунем, мебинем, ки он пур аз саҳифаҳои корнамоиву фидокорӣ ва ҷасорату ҷоннисориҳои фарзандони содиқ ба миллату Ватан мебошад.
|
|
|
|