• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterСегодня148
mod_vvisit_counterВчера861
mod_vvisit_counterВ неделю4991
mod_vvisit_counterПрошлом неделе5692
mod_vvisit_counterМесяц23112
mod_vvisit_counterПрошлом месяце28173
mod_vvisit_counterОбщий921914

Онлайн 17
ваша IP: 216.73.216.150
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-02-27 04:54
14.01.2026 13:48
There are no translations available.

ВОХӮРИИ НАВБАТӢ ҶИҲАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО БО МУАССИСАҲОИ ЧИН
Рӯзи 14.01.2026 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода роҳбарияти Донишкадаи касбӣ-техникии саноати дифои вилояти Шансии Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимиро
 
13.01.2026 20:20
There are no translations available.

НАМОИШНОМАИ ТЕАТРӢ: МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИЛ
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳунармандони Театри «Ҷавонон» ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо пешниҳоди як намоишномаи театрӣ баромад намуданд. Чорабинӣ бо ҳадафи боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқию иҷтимоии ҷавонон баргузор гардид.
 
13.01.2026 18:49
There are no translations available.

АТТЕСТАТСИЯИ УНВОНҶӮЁН ВА ДОКТОРАНТОН (PhD) ДАР ДОНИШГОҲ
Рӯзи 13 январи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи нақшаи бахши омоданамоии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ аттестатсияи унвонҷӯён ва докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) баргузор гардид.
Дар кори аттестатсия муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Раҷабзода Сироҷиддин Икром, ҳамчунин намояндагони қисми илмии Донишгоҳ иштирок намуданд.
 
13.01.2026 16:45
There are no translations available.

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.

 
13.01.2026 11:49
There are no translations available.

САҲМИ ДОНИШГОҲ ДАР РУШДИ ВАРЗИШ ВА МУАРРИФИИ КИШВАР ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Рӯзи 11 январи соли 2026 дар шаҳри Сиямини Ҷумҳурии Мардумии Чин C&D марафони байналмилалии Сиямин–2026 баргузор гардид. Дар ин чорабинии бузурги варзишӣ 35 000 варзишгар аз зиёда аз 40 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.
Дар марафони бонуфузи мазкур дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуда, кишвари моро се варзишгар аз шаҳри Душанбе намояндагӣ карданд. Аз ҷумла, дар ҳайати даста омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Одинаев Меҳробҷон ҳунари варзишии худро муаррифӣ намуд.
 
13.01.2026 11:37
There are no translations available.

ҚАДАМИ НАВ ДАР ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ИШТИРОКИ ДОНИШГОҲ ДАР 2 РАДДАБАНДИИ ҶАҲОНӢ
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар марҳилаи кунунӣ ҷиҳати иштирок дар 2 раддабандии бонуфузи ҷаҳонӣ: “QS (Quacquarelli Symonds)” ва “The Times Higher Education World University Rankings” корҳои омодагӣ ва ҳуҷҷатгузориро ба таври муназзам ба роҳ мондааст.
 
12.01.2026 10:08
There are no translations available.

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
Рӯзи 12.01.2026 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мы в социальных сетях