• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
06.09.2021 15:10
There are no translations available.

 

ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ!

14.JPG - 117.42 KbИмрӯз, 06.09.2020 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқбол аз Истиқлол” баргузор гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода суханронӣ намуда, ҳайати профессорону устодон ва кормандону донишҷӯёни донишгоҳро бо фарорасии ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, барояшон саодатмандиву комгориҳои беназирро таманно намуд. Сипас, Давлатҷон Ғаффурзода – муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баромад намуд. Мавсуф доир ба дастовардҳои даврони истиқлолият сухан намуда, иброз дошт, ки ҳар як фарди Тоҷикистон бояд ифтихор аз он намояд, ки дар як ватани соҳибистиқлолу обод ва демокративу дунявӣ умр  ба сар мебарад.

 
06.09.2021 14:31
There are no translations available.

 

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАИ

ДОНИШГОҲ ДАР СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

1.jpg - 113.39 KbДар таърихи 6-уми сентябри соли равон Қосимӣ Саъдӣ, муовини аввали ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Тоҷикистон дар масири таърих: истиқлол, дастовард ва дурнамо”, ки бо ташаббуси раёсати Академияи миллии илмҳои кишвар ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ширкат ва суханронӣ намуд. Маърӯзаи муовини аввали ректори донишгоҳ дар мавзӯи “Дастовардҳои таҳсилоти олии касбӣ ва рушди он дар 30 соли истиқлоли давлатӣ” дар бахши ҳафтуми симпозиум, ки роҷеъ ба рушди соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат буд, пешниҳоди аҳли толор гардонида шуд.

 
06.09.2021 14:24
There are no translations available.

 

 

Қосимӣ Саъдӣ Абдулқодир

муовини якуми ректори

ДДОТ ба номи С.Айнӣ,

н.и.ф., дотсент

ДАСТОВАРДҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА РУШДИ ОН

ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

1.jpg - 113.39 KbСоҳибсухане барҳақ фармудааст, ки “Ҳеҷ неъмате беҳтар зи истиқлол нест” ва дар ҳақиқат беҳтарин неъмат барои инсон ба даст овардани истиқлол ва озодӣ ба шумор меравад.

Мардуми тоҷик беш аз ҳазор сол баҳри озодию истиқлол талошу мубориза мебурданд ва ин орзую умедашон 9 сентябри соли 1991 ҷомаи амал пӯшид ва инак 30 сол мешавад, ки онҳо аз ҳавои фараҳбахши Истиқоли давлатӣ нафас мегиранд ва барои бунёди ҷомеаи пешрафтаи кишварамон саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Истиқлоли давлатӣ аз ҷумлаи дастовардҳои беназири халқи тоҷик ба шумор рафта, махсусан, барои пешрафти соҳаи маориф ва илм шароит ва имкониятҳои басо мусоид фароҳам овард. Соҳаи маориф самти асосӣ ва стратегӣ эълон карда шуда, дар ҷумҳурӣ омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат эътироф гардид.

Ҳамаи рукнҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва ғайра, пеш аз ҳама, дар заминаи мактабу маориф рушд меёбанд. Аз ин ҷост, ки давлат дар роҳи рушду пешрафти худ, аввалтар аз ҳама, ба мактабу маориф ва илм такя мекунад ва тамоми неру ва тавоноии худро баҳри рушди ҳамаҷонибаи ин соҳаи миллатсоз ҷалб месозад.

 
04.09.2021 19:54
There are no translations available.

 

“ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: МАРҲИЛАИ

ТАҚДИРСОЗ ДАР САРНАВИШТИ ХАЛҚИ ТОҶИК”


15.JPG - 143.51 Kb4 сентябри соли 2021 дар толори  Шӯрои олимони донишгоҳ бо иштироки олимону устодони варзидаи улуми таърих ва таърихшиносӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ: марҳилаи тақдирсоз дар сарнавишти халқи тоҷик” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаи пленарӣ  бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода зер мавзӯи “Рамзи соҳибдавлатӣ”оғоз гардид. Сарвари донишгоҳ меҳмонон, устодон ва аҳли нишастро бо фароҳам омадани чандин ҷашнвораҳои омадаистода, табрику таҳният гуфта, инчунин баргузории ин конфрнесияро, ки шомили 2 бахшу 34 маърӯза мебошад, хеле мубрам ва дар самти хештаншиносиву худогоҳии миллӣ басо арзишманд арзёбӣ намуд.

 
04.09.2021 19:43
There are no translations available.

 

ҲАМОИШ БАХШИДА БА МУАРРИФИИ КИТОБИ

“ОФТОБИ ТАРБИЯТ”

 

1.JPG - 147.15 Kb4 сентябри соли 2021 дар толори  Шӯрои олимони донишгоҳ бо иштироки як зумра олимон, устодони варзидаи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва рӯзноманигорон муаррифии китоби   “Офтоби тарбият”,  ки  ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мураттаб гардидааст, баргузор гардид.

Садри ин ҷамъомади муаррификунанда мудири кафедраи методикаи таълими забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик, д.и.ф., профессор Шарифмурод Исрофилниё ҳозиринро бо мазмуну муҳтавои ин китоб ошно намуд. Сипас  муаллифони мақолаҳо ва мураттибони ин китоб доир ба хусусияти вожаи “тарбия” анешарониҳо намуданд. Маврид ба зикр аст, ки муаррифии ин китоб ба “Рӯзи китоб”, ки ҳамасола 4-уми сентябр дар Ҷумҳури Тоҷикистон таҷлил мегардад, рост омадааст.

 
01.09.2021 06:12
There are no translations available.

 

Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи №4

барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Душанбе

01.09.2021 11:00, шаҳри Душанбе

1 сентябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Муассисаи боҳашамати таълимӣ аз 9 бинои панҷ ва чорошёна иборат буда, ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд ёфтааст ва барои 2500 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Гимназия дорои 109 синфхонаи замонавӣ буда, барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон шароити заруриву мутобиқ ба талаботҳои сатҳи ҷаҳонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, ҷиҳати омӯхтани фанҳои дақиқ таълимгоҳ дорои лабараторияҳои замонавии фаннӣ, синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология, физика ва табиатшиносӣ буда, барои гузаронидани таҷрибаҳои гуногун дар синфҳо аёниятҳои зарурӣ васлу насб гардидааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия, бо омӯзгорону хонандагони муассисаи наву замонавӣ суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Гуфта шуд, ки таълиму тарбия дар Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Душанбе мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии таълимӣ ба роҳ монда шуда, барои тарбияи дурусти хонандагон аз усулҳои муосиру аёниятҳои замонавӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Аз ҷумла, тамоми синфхонаҳои таълимӣ бо тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.

 
01.09.2021 06:02
There are no translations available.

 

Муборак, “Рӯзи дониш”, эй азизон!

5.jpg - 84.50 KbҲамасола 1-уми сентябр барои кулли донишомӯзон алалхусус, донишҷӯёни муасисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар рӯзи ибтидои соли хониш ба ҳисоб меравад ва бо тақвияти чунин андешаҳо субҳи имрӯз низ дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ “Рӯзи дониш” оғоз гардид. Чун анъанаи дерин аъзои раёсати донишгоҳ аз ҷумла, муовинони ректор дар ҳамбастагӣ бо қисми таълим ба донишҷӯёни нав ба ин боргоҳомада, роҳнамоиву машваратҳо медоданд. Дар назди даромадгоҳи асосии донишгоҳ масъулин ҷиҳати беҳдошти вазъи саломатӣ, риояи фосилаи иҷтимоиву пӯшидани ниқобҳои яккарата ба донишҷӯён хидматгузорӣ мекарданд. Қисми дигари кормандон ҷиҳати ташкилнамоии тамошои “Дарси сулҳ” тавассути оинаҳои нилгун дар аудиторияву толорҳои биноҳои таълимӣ саҳмгузорӣ менамуданд.Фазои дохили донишгоҳ аз накҳати файзи истиқлоли кишвар муаттару шукуфо метофт.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ