• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
26.05.2021 07:40
There are no translations available.

 

ЗИНДАГӢ САҲНАИ ЯКТОИ ҲУНАРМАНДИИ МОСТ...

20.JPG - 168.34 KbНимаи дуюми рӯзи 25.05.2021 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси кумитаи Иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ намоишномаи “Келини ҷойдорӣ” дар иҷрои ҳунармандони Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ба намоиш гузошта шуд, ки дар он ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, муовинони ректор, омӯзгорон ва дигар кормандони зерсохторҳои донишгоҳ  иштирок намуданд. Намоишномаи мазкур тамоми паҳлуҳои зиндагии воқеии ҳаёти ҷомеаро фарогир буда, аз ҷониби ҳунармандон бо як маҳорати баланди касбӣ иҷро гардид, ки тамошобинон аз он як ҷаҳон маънӣ бардошт намуданд.

 
25.05.2021 10:44
There are no translations available.

 

МАН БАЪДИ ҲАЗОР СОЛ, МЕОЯМ БОЗ...

1.JPG - 149.80 KbРӯзи 25-уми майи соли 2021 бо ташаббуси садорати факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар толори бинои асосӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Лоиқ Шералӣ ва таҳаввули шеъри муосири тоҷик” бахшида ба 80-солагии шоири маҳбуб Лоиқ Шералӣ бо иштироки меҳмонону донишмандон ва омӯзгорону донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Нахуст ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда доир ба хизматҳои устод Лоиқ Шералӣ дар рушду таҳаввули шеъри ноби тоҷикӣ ҳамчун шоири забардаст, андешаронӣ намуд. Маврид ба ёдоварист, ки шоир Лоиқ Шералӣ байни солҳои 1958-1963 дар факултети таъриху филологияи Донишкадаи педагогии давлатии Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) таҳсил намуда, ҳамзамон аъзои фаъоли маҳфили “Адибони ҷавон”-и ҳамин боргоҳ будааст.

 
23.05.2021 13:12
There are no translations available.

 

ҶАВОНОНАНД ҲАМ МЕЪМОРУ ҲАМ НАҚҚОШИ ОЯНДА!

11.JPG - 248.41 KbИмрӯз, 23.05.2021 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Алишер Навоӣ бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба хотири дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни умумимиллӣ-30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Файзигул Саидова, ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, кормандони МИҲД-и ноҳияи Шоҳмансур, омӯзгорону кормандони донишгоҳ ва инчунин аҳолии гирду атроф иштирок намуданд. Сарояндагони ансамбли “Чеҳранамо”-и донишгоҳ бо суруду таронаҳои дилнишин табъӣ иштирокчиёнро болида гардониданд.

 
23.05.2021 06:20
There are no translations available.

 

БАРГУЗОРИИ “РӮЗИ ҶАВОНОН” ДАР БОҒИ РӮДАКӢ

7.JPG - 278.70 KbШоми 22-юми майи соли 2021 бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани “Рӯзи ҷавонон” аз тарафи МИҲД-и ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид, ки дар он аҳли раёсати донишгоҳ бо сарварии ректори муассисаи таълимӣ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода иштирок варзиданд. Дар чорабинии мазкур барои хизматҳои шоиста дар самти таълиму тарбия ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию ҳукуматӣ ба ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода “Ифтихорнома”-и МИҲД-и ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе супорида шуд. Чорабинӣ, инчунин аз барномаи фарҳангӣ низ иборат буд, ки хеле ҷолибу хотирмон сурат гирифт.

 
23.05.2021 05:51
There are no translations available.

 

ҶАВОНОН-МОЯИ ИФТИХОРИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАНД

6.JPG - 127.26 KbСанаи 22.05.2021 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон-23 май” чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Ҷавонон-мояи ифтихори миллату давлат” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, намояндаи РОПНҶ-и ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Абдулло, роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодиров Фирӯз, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷурахон, намояндаи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми кишвар Бахтиёр Расулов, муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Раҷабзода Иброҳим Бозор, сардори ШОПҲНҶ ШВКД дар н.И.Сомонӣ Ҳусейнов Комрон, роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и н.И.Сомонӣ Саидов Фаридун ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

 
21.05.2021 09:00
There are no translations available.

 

Суханронӣ дар мулоқот бо ҷавонони кишвар

1.jpg - 327.96 Kb21.05.2021 11:25, шаҳри Душанбе

Ҷавонони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳар сол 23 -юми моҳи май мо яке аз ҷашнҳои муҳимми Тоҷикистони соҳибистиқлол – Рӯзи ҷавононро таҷлил менамоем.

Ба ин муносибат кулли ҷавонони кишвар ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро, ки такягоҳи боэътимоди давлат мебошед, самимона табрик мегӯям.

Ҳанӯз 17-уми марти соли 1994 мулоқоти нахустини ман бо ҷавонон ба ҳайси Сарвари давлат ва Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонон доир гардида буд.

Хомӯш кардани алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, сарҷамъу муттаҳид сохтани ҷавонон дар он давраи бисёр сахту сангин ва ба фаъолияти созанда сафарбар намудани онҳо масъалаву вазифаҳои асосии мулоқоти мо буданд.

Умуман бояд гуфт, ки кор бо ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ба фаъолият оғоз намудани ҳукумати қонунӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат эълон гардида буд.

Яъне ҳанӯз аз рӯзҳои нахустин банақшагирӣ ва татбиқи чорабиниҳо барои ҷавонони кишвар таҳти таваҷҷуҳ ва назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дода шуд.

Зеро мо хуб дарк мекардем, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад.

Минбаъд бо мақсади дастгирии ҷавонон, ташаккул ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо, бо шуғл таъмин намудани ин қишри фаъоли ҷомеа, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои насли ҷавон зарурати таъсиси мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти кор бо ҷавонон пеш омад.

Бинобар ин, моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, санаи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд.

 
18.05.2021 11:56
There are no translations available.

 

ХОЛИҚ МИРЗОЗОДА ВА АДАБИЁТШИНОСИИ ТОҶИК ДАР АСРИ XX

8.JPG - 158.22 KbРӯзи 18-уми майи соли 2021 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ дар мавзӯи “Холиқ Мирзозода ва масъалаҳои адабиётшиносии тоҷик дар асри ХХ” ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90-солагии таъсисёбии донишгоҳ ва 110-солагии донишманди мумтози тоҷик мунаққид ва адабиётшинос, олим, узви Иттифоқи нависандагони СССР, аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, омӯзгори хизматнишондодаи мактаби Тоҷикистон, д.и.ф., профессор Холиқ Мирзозода баргузор гардид. Бояд зикр кард, ки барои гиромидошти хотираи неки ин марди хирадпеша ва иштирок дар чорабинии мазкур  Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ ба донишгоҳ ташриф оварданд, ҳангоми вуруд ба ин боргоҳи маънӣ, вазири муҳтарам бо гурӯҳи хатмкунандагон суҳбат ороставу чанд акси хотиравӣ низ гирифтанд. Сипас дар ҳошияи суҳбати хеш, ба хатмкунандагони донишгоҳ барои фаъолияти минбаъдаи омӯзгорияшон, ки масъулияти басо гарону сангин мебошад, барору комёбӣ орзу намуданд. Баъдан конференсия бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода  оғоз гардид.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ