|
20.10.2022 08:07 |
|
There are no translations available.
МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО НАМОЯНДАИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ
Вохўриву мулоқотҳо бо намояндагони мақомот ва дар пайравии онҳо дарсҳои кушоди тарбиявии устодон бахшида ба мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ ва ҳама хатарҳои номатлуб дар ин самт нақши муҳимро бозидааст. Марбут ба ҳамин гуна масъалаҳо дар таърихи 19-уми октябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мулоқоти прокурори калони Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Шералӣ бо донишҷӯёни факултетҳои география, химия ва математика баргузор гардид. Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Нигора Назарзода оғоз намуда, меҳмонро ба ҳозирин муаррифӣ кард ва дар ин зимн зикр кард, ки имрўз дар раванди ҷаҳонишавӣ муқобила ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегона ва ҳар гуна амалҳои номатлуби дигар бидуни мавҷудияти ақидаи устувор ва мантиқан пурзўр, дар кадом соҳае, ки набошад, ғайриимкон аст. Ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор дар ин ҷода яке аз роҳҳои асосӣ маҳсуб меёбад.
|
|
19.10.2022 10:46 |
|
There are no translations available.
ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ ОЗМУН
Чӣ гуна, ки дар гузоришҳои қаблӣ зикр карда будем, даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз ёфта, дар баргузории ин озмун аз ҳисоби устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 14 нафар ба ҳайати ҳакамони озмун сафарбар шудаанд.
Муовини ректори донишгоҳ, профессор Сангинзод Д. тариқи телефон иброз намуданд, ҳайати ҳакамони навоҳии минтақаи Рашт, ки аксари онҳоро (12 нафар) устодони донишгоҳи мо ташкил медиҳанд, оғоз аз рӯзи 18 октябри соли 2022 ба фаъолияти хеш шурӯъ намуданд.
|
|
18.10.2022 10:54 |
|
There are no translations available.
ШУКӮҲИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК
18-уми октябри соли 2022 ҷашни Меҳргон тибқи нақшаи раёсати Донишгоҳ дар факултети болозикр бо як шукуҳи хоса таҷлил гирифта шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ҷашни Меҳргонро дар факултаи мазкур Нигора Назарзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ оғоз намуда, омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони факултетро ба муносибати ин ҷашн табрик намуд ва барои оростани чунин як хони идона ба масъулину ташкилкунандагон изҳори сипос намуд.
|
|
18.10.2022 10:43 |
|
There are no translations available.
ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН
18-уми октябри соли 2022 дар факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба ҷашни Меҳргон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Нигора Назарзода, мудири шуъбаи таҳлил, робита ва кор бо ҷомеа Шараф Алланазаров, раиси шурои кураторон Нуралӣ Сатторов, декани факултет Аҳрор Қаландаров ширкат намуданд.
|
|
18.10.2022 08:01 |
|
There are no translations available.
РЕКТОР: ОЗМУНИ ФАЛАКСАРОЁН БАРГУЗОР КАРДА ШАВАД!
 Имрӯз, ректори Донишгоҳ бо иштироки муовинони ректор, аъзои раёсат ва деканони факултетҳо ҷаласаи корӣ баргузор намуд.
Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ дар ҷаласа масъалаҳои риояи интизоми меҳнат, тақсимоти дурусти соатҳои таълимӣ, фаъолияти Дармонгоҳ, сафарбар намудани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ ва назорати он, ҳолати бадарсоии донишҷӯён ва пешниҳоди мавзуъҳои фармоишӣ аз ҷониби факултетҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.
|
|
18.10.2022 07:57 |
|
There are no translations available.
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ВА ЗАБОНҲОИ ШАРҚ
 Дар таърихи 17-уми октябри соли 2022 дар факултети забони англисӣ ва забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷашни Меҳргон бо шукӯҳи хоса таҷлил карда шуд.
Чорабинии фарҳангӣ, ки дар ин рӯз аз ҷониби донишҷӯёни факултет ба ҳозирин пешниҳод гардид, аз хониши суруд ва шеърҳо ҳам бо забони тоҷикӣ ва ҳам бо забони англисӣ ва саҳначаи ҳаҷвӣ иборат буд.
|
|
14.10.2022 10:40 |
|
There are no translations available.
ҚАРОРДОДИ ҶАМЪИЯТҲОИ ГЕОГРАФӢ
Чӣ тавре, ки зикр карда будем, дар таърихи 12 – уми октябри соли 2022 ҷиҳати тасдиқи қарордод оид ба ҳусни тафоҳум миёни ҷамъиятҳои географии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ намояндагони расмии кишвари ҳамсоя ташриф оварда буданд. Шарипов Шавкат Муҳаммадҷонович – декани факултети география ва сарватҳои табиии Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ва Арзиқулов Нодир Шодиевич, муовини раиси ҷамъияти географии Ҷумҳурии Ӯзбекистон зимни мулоқот изҳор намуданд, ки тибқи қарордод ҳамкории дуҷониба дар ҳолати иҷрои фаъолиятҳо, мисли иштирок дар конфронсҳои муштарак, баргузор кардани корҳои илмӣ-тадқиқотии якҷоя, интишори мақолаҳо дар маҷаллаҳои якдигар, мубодилаи адабиёти илмӣ, илмӣ-методӣ ва ғайра амалӣ мешавад.
|
|
|
|
|