17.04.2021 11:07 |
Баргузории ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба “Рӯзи пойтахт”
Ҳамасола шанбеи ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар ҷумҳурӣ “Рӯзи пойтахт” дар як фазои идона таҷлил мегардад. Бинобар ин, имрӯз, 17-уми апрели соли 2021 бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ниммарафони 11-уми байналмилалӣ баргузор гардид. Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ суханрони намуда, табрикоти раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба иштирокчиёни ниммарафон расонид. Сипас чун анънаи қаблӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, ниммарафони ХI-уми байналмилалӣ расман оғоз гардид.
|
16.04.2021 12:49 |
ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД...
Санаи 16 апрели соли 2021 дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмии устодон, доктор PhD, унвонҷӯён, магистрантону донишҷӯёни факултет бахшида ба “Рӯзи илм” баргузор гардид. Дар конфронс устодони факултет д.и.ф.,профессор Р.Восиева, профессор Ш.Солеҳов, профессор С.Саидов, профессор В.Элбоев, дотсентон А.Қурбонов, А.Мирзоалиева, А.Шоев, муаллимони калон Г.Норова, Г.Наимова ва асиссентон М.Абдураҳмонов, Ф.Холова, Н.Самиева ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
|
16.04.2021 12:23 |
«Илм фурӯғи маърифат»
Санаи 14-уми апрели соли 2021 дар синфхонаи №12-и факултети физикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ даври аввали озмуни «Илм фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияи “Физика- астрономия” баргузор гардид. Дар даври аввали озмун аз факултети физика 100-нафар, факултети математика 2-нафар, аз факултети технология ва соҳибкорӣ 7-нафар донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.
Нахуст, декани факултет дотсент У.С.Умаров ҳозиринро барои иштирок дар озмун табрику таҳният гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки: Ҳамасола озмуни «Илм фурӯғи маърифат» аз фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар муассисаҳои таълимӣ гузаронида хоҳад шуд.
|
16.04.2021 12:07 |
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти
падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд
Рӯзи 16 апрели соли 2021 бо ташаббуси асиссенти кафедраи фалсафаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Тӯйчиева Мутриба маҳфили илмӣ дар мавзӯи нақши “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Нахуст, мудири кафедра дотсент Ҳобилҷон Зикиров суханронӣ намуда, нақши қонунро дар тарбияи ҷавонон хуб арзёбӣ намуд.
|
16.04.2021 03:30 |
САҲМИ УСТОД АЙНӢ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТИ НАВИНИ ТОҶИКОН
15-уми апрели соли 2021 дар факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ ба ифтихори 143-юмин солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-бадеӣ таҳти унвони “Саҳми устод Айнӣ дар бунёди давлати навини тоҷикон” баргузор гардид. Конференсияи мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Ҳамза Боқиев оғоз бахшида, доир ба ҳаёт ва фаъолияти устод ибрози андеша намуд.
|
15.04.2021 12:19 |
УМРИ АЙНӢ АЗ БАРОИ ХАЛҚ САРФИ ХОМА ШУД...
Таҳти ҳамин унвон санаи 14-уми апрели соли 2021 бо ташаббуси кафедраи таърихи умумии факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба хотири гиромидошти 143-юмин солгарди сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ доир гардид. Дар оғози чорабинӣ омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик Гадоев Ғ. суханрони намуда, зикр доштанд, ки устод Садриддин Айнӣ аз ҷумлаи он нафаронест, ки тамоми умри пурқимати худро пайи эҷодиёт ва зинда намудани хотираи таърихи халқи тоҷик ва чеҳраҳои адабии тоҷик бахшидааст.
|
15.04.2021 07:50 |
ОҒОЗИ “ҲАФТАИ ИЛМ” ДАР ДОНИШГОҲ
Шурӯъ аз 15.04.2021 пас аз гулчамбар гузоштан дар назди муҷассамаи аввалин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (ҳоло АМИТ), Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90 – солагии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва “Ҳафтаи илм”, ки ҳамасола дар ҳамин рӯз ҷашн гирифта мешавад, конференсияҳои илмӣ-амалӣ нахуст дар толори бинои асосии донишгоҳ оғоз гардид, ки идомаи он дар бахшҳо дар кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишгоҳӣ то санаи 22.04.2021 ҷараён мегирад. Марид ба ёдоварист, ки дар конференсияҳои илмӣ-амалии устодону донишҷӯёни донишгоҳ тибқи ҷадвали муқараршуда, зиёда аз 1686 маърӯза пешниҳод карда шудааст, ки аз ин 757 маърӯзаи устодон ва 929 маърӯзаи донишҷӯён мебошад.
|
15.04.2021 12:11 |
АЙНӢ НИЗ ДАР ИЛМ АФЛОТУНИ МОСТ
Нимаи дуюми рӯзи 15-уми апрели соли 2021, бо иштироки ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода, муовини аввал,муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ н.и.ф., дотсент Қосимов Саъдӣ Абдулқодирович ва ҳайати устодону донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик дар пояи нимпайкараи устод Садриддин Айнӣ, ки дар саҳни бинои факултети мазкур ҷойгир мебошад, ба хотири гиромидошти 143-юмин солгарди сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ гулчанбар гузошта шуд. Ҳангоми гузоштани гулчанбар ректори донишгоҳ аз фаъолиятҳои беназири анҷомдодаи устод Садриддин Айнӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки андар шинохтии хештаншиносиву ҳуввияти миллии мо тоҷикон саҳми ин абармарди таърихӣ хеле назаррас аст.
|
|