16.03.2021 09:38 |
ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ ДАР ДОНИШГОҲ
Рӯзи 16-уми марти соли 2021 дар толори варзишии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ мусобиқаи волейбол, ки байни донишҷӯдухтарони факултетҳои донишгоҳ бахшида ба таҷлили “Рӯзи бонувон” баргузор шуда буд, ҷамъбаст гардид.
Бояд зикр кард, ки дар баргузории чорабини варзишии мазкур саҳми устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ зери роҳбарии профессор Тошқул Намозов ва муовинони деканони факултетҳо оид ба қисми тарбия хеле назаррас мебошад.
|
16.03.2021 09:29 |
ИДОМАИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ
БА ИФТИХОРИ 80 – СОЛАГИИ УСТОДИ ЗИНДАЁД ЛУТФУЛЛО СОЛИЕВ
Санаи 16-уми марти соли 2021 дар синфхонаҳои №5, №7 ва №10-и факултети химияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ идомаи қисми дигари кори конференсия баргузор гардид. Конференсия ҷиҳати гиромидошти хотири неки д.и.х., профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, шодравон Солиев Лутфулло барпо гардида, дар се бахш идома дорад, ки дар он ҳайати академикону профессорон ва донишҷӯён иштироки доранд. Конференсияи мазкур зиёда аз 70 маърӯзаҳои илмӣ-амалиро фарогир мебошад.
|
16.03.2021 09:21 |
БОЗ ЯК ИҚДОМИ НЕК
Санаи 10-уми марти соли 2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси нақша-чорабиниҳо маҷлиси раёсати донишгоҳ баргузор гардид, ки дар доираи эълон гардидинаи солҳои “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ омӯзгорону донишҷӯён ба шаҳри Ҳисор сафарбар карда шуданд. Нахуст, ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода бо ин гурӯҳ сӯҳбат ороста, ба ин сафар оғози расмӣ бахшидаву ба аҳли сафар роҳи сафед хост. Сипас, омӯзгорону донишҷӯён бо роҳбарии мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Қобилҷон Иброҳимов ба сафар баромаданд.
|
15.03.2021 12:34 |
КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БА ИФТИХОРИ 80 – СОЛАГИИ
УСТОДИ ЗИНДАЁД ЛУТФУЛЛО СОЛИЕВ ДАР ДОНИШГОҲ
Санаи 15-уми марти соли 2021 дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ барои гиромидошти хотири неки Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи байналхалқии “Springer Nature” дар солҳои 2015 ва 2016, соҳибҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва Асосгузори мактаби илмӣ-омӯзишии системаҳои бисёркомпонента бо усули транслятсия, д.и.х., профессор, шодравон Солиев Лутфулло дар даромадгоҳи факултети химия лавҳаи хотиравӣ кушодаву ва бо ихлосу иродати хоса як лабараторияи илмӣ-тадқиқотии “Омӯзиши системаҳои бисёркомпонента бо усули транслятсия” ба номи неки ин марди хирад номгузорӣ гардид.
Дар маросими кушодашавӣ ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода доир ба хислатҳои нек ва хизматҳои арзандаи ӯ сухан ронда, меҳмонон, дӯстону ҳамкасбони марҳумро ба ин боргоҳи маънӣ хайрамақдам намуд.
|
15.03.2021 11:21 |
Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2021
15.03.2021 15:30, шаҳри Душанбе
Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид.
Рамзи якум арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамояд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.
Дар асоси хулосаҳои донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз аз миёни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва паррандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад - омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид.
|
15.03.2021 11:03 |
ЗИ КӮИ ЁР МЕОЯД, НАСИМИ БОДИ НАВРӮЗӢ
Таҳти ҳамин унвон санаи 15-уми марти соли 2021 бо ташаббуси қисми тарбия ва бо роҳбарии омӯзгори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Мунаввара Турсунова дар толори Шӯрои олимони факултет бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ аз ҷониби донишҷӯёни соли чорум дарси кушоди тарбиявӣ баргузор гардид.
|
13.03.2021 12:03 |
“ЗАБОНИ МИЛЛАТ - ҲАСТИИ МИЛЛАТ”
Забон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад”.
Бо чунин суханони пурҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси кушоди тарбиявии донишҷӯёни соли сеюми факултети биология зери роҳбарии куратори гурӯҳ Сатторов Б., баргузор гардид. Нахуст, декани факултет н.и.б., Бобозода Илҳомҷон доир ба муҳтаво ва нақши асари пурарзиши Пешвои миллат, андешаронӣ намуд. Дар идома донишҷӯён доир ба ҳар фасли ин асари пурмазмун маълумот дода,
|
13.03.2021 11:49 |
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Рӯзҳои 12 ва 13-уми марти соли 2021 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои дарёфти ҷоми Академия дар байни муассисаҳои олии кишвар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни болаёқати донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар ҷамъбасти олимпиада донишҷӯёни зерини донишгоҳ аз рӯйи ихтисоси биология Бозорова Нилуфар ба гирифтани ҷои аввал, Раҷабов Фозилҷон ба гирифтани ҷои дувум ва инчунин Рӯзиматова Парвина аз рӯйи ихтисоси химия ба гирифтани ҷои дуввум сарфароз гардиданд.
|
|