15.02.2021 11:11 |
ҲАМА ГӮЯНД, ВАЛЕ ГУФТАИ САЪДӢ ДИГАР АСТ!
Имрӯз, санаи 15-уми феврали соли 2021, бо ташаббуси садорати факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили “Саъдихонӣ” таҳти унвони “Бани одам аъзои якдигаранд” бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Нахуст, маҳфилро декани факултет д.и.ф., профессор Восиева Рухшона ҳусни оғоз бахшида, дар мавзӯи шӯҳрати ҷаҳонии Саъдӣ ва эҷоди ҷаҳонсайри ӯ суханронӣ намуд. Сипас, д.и.ф., профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти тоҷик Элбоев Вафо дар мавзӯи “Суннати девонбандии Саъдии Шерозӣ” маърӯза намуд.
|
15.02.2021 10:36 |
ҒОЛИБИЯТИ КОРМАНДИ ДОНИШГОҲ
Рӯзи 12 феврали соли 2021 дар толори Бонки миллии Тоҷикистон маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ҳамзамон дар қисмати ҷамъбастии он ғолибони озмуни шаҳрии мақолаи беҳтарин миёни ҷавонони аз синни 14 то 30-солаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, махсус ва олии касбии ҳудуди пойтахт дар мавзӯи “ПЕШВОИ МИЛЛАТ” бахшида ба ”Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон гардида буд, муайян гардида, ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар ин озмун мақолаи сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Давлатшоҳ Каримов сазовори ҷойи дуюм гардид.
|
15.02.2021 06:09 |
ТАҲҚИҚИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА ЗАБОНҲОИ БУМИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АВРУПО
Таҳти ҳамин унвон, рӯзи 13-уми феврали соли 2021 бо ташаббуси кафедраи назария ва амалияи забошиносии факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ тибқи нақша-чорабиниҳо маҳфили “Забоншиноси ҷавон” бо иштироки меҳмони олиқадр, доктори илмҳои забоншиносии Донишгоҳи Упсалаи Шветсия Ярослава Обртелова ва устодону донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Маҳфилро декани факултет д.и.ф., профессор Восиева Рухшона ҳусни оғоз бахшид. Сипас, мудири кафедраи мазкур н.и.ф., дотсент Мирбобоев Азиз суханронӣ намуда, доктор Ярослава Обртеловаро ба ҳозирин муаррифӣ кард, ки ӯ яке аз муҳаққиқони хуби забонҳои бумии Тоҷикистон дар Аврупо мебошад. Дар идомаи маҳфил Ярослава Обртелова доир ба марказҳои забоншиносии Аврупо, ки ба омӯзиши забонҳои бумии Тоҷикистон машғуланд андешаронӣ намуд.
|
13.02.2021 05:18 |
ИДОМАИ ШАНБЕГӢ ДАР ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ
Субҳи 13-уми феврали соли равон тибқи нақша-чорабинӣ дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки устодону донишҷӯён шанбегии навбатӣ баргузор гардид, ки он ба хотири тозаву озода нигоҳ доштани саҳну роҳравҳо, гузаргоҳҳои гирду атрофи донишгоҳ, инчунин бо мақсади саҳмгузорӣ дар пешрафту ободонии фазои тозабаҳори пойтахти азизамон шаҳри Душанбе алоқамандӣ дорад.
|
10.02.2021 16:26 |
НАМОИШГОҲИ САЙЁҲӢ ДАР
ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ
Субҳи 10-уми феврали соли 2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ форум ва намоишгоҳи ноҳиявии сайёҳӣ дар мавзӯи “Имкониятҳои сайёҳии ноҳия” миёни донишҷӯёни донишгоҳҳои ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
|
10.02.2021 06:24 |
ТАҶЛИЛИ 580-СОЛАГИИ ЗОДРӮЗИ ШОИР МИР АЛИШЕР НАВОӢ
Дӯстӣ ва рафоқати Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ намунаи барҷастаи дӯстӣ ва бародарӣ, меҳру муҳаббати байниҳамдигарии халқҳои “дӯсту-бародар”тоҷику ӯзбек мебошанд ва таъсири ин муносибат дар эҷодиёти адибони мазкур низ ба чашм мерасад. Бад-ин муносибат, рӯзи 9 феврали соли 2021 бахшида ба 580-солагии мавлуди шоир, сардафтари адабиёти классикии ӯзбек Мир Алишер Навоӣ ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода бо гурӯҳи устодон, донишҷӯёни ихтисоси забон ва адабиёти ӯзбек, ки дар факултети филологияи тоҷик таҳсил менамоянд, дар назди муҷассамаи Низомиддин Мир Алишер Навоӣ ба хотири пос доштани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек гулчамбар гузоштанд. Нахуст, роҳбарияти донишгоҳ ҳамаи ҳозиринро ба ин муносибат табрик намуда, изҳори он доштанд, ки ҳар боре сухан дар бораи дӯстиву бародарии миллатҳои тоҷику ӯзбек меравад, ҳатман ва беихтиёр рафоқату садоқати намояндагии фарзандони бузурги халқҳоямон Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ба ёд меояд.
|
09.02.2021 11:45 |
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК
Санаи 8-ми феврали соли 2021 дар факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо роҳбарии н.и.ф., дотсент Мирзоалиева Адолат дарси кушод бахшида ба таҷлили “Иди Сада” бо иштироки ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет баргузор шуд. Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии декани факултет д.и.ф., профессор Восиева Рухшона оғоз гардид. Сипас, роҳбари гурӯҳ дотсент Мирзоалиева Адолат барои иштирокчиён аз таърих ва пайдоиши ҷашни Сада маълумоти мухтасар дод.
|
08.02.2021 11:35 |
ПАЁМ – НЕРӮИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА
Санаи 8 феврали соли 2021 дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ бахшида ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 январи соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, мизи мудаввар баргузор шуд. Нахуст, ректори донишгоҳ Нӯъмонҷон Ғаффорӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, Паёми Президенти мамлакатро оинаи дастоварду комёбиҳо ва пешрафти ҷомеаи кунунӣ донист. Мавсуф зикр намуд, ки Паём фарогирандаи тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти имрӯза буда, дурнамои ояндаи Тоҷикистонро нишон медиҳад. Сипас, раиси ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент Раҷабмоҳ Қосимова дар мавзӯи “Паём – нерӯи пешбарандаи ҷомеа” баромад намуда, нуктаҳои асосии ин дастурамали мукаммали рушду ободонии кишварро зикр намуд.
|
|