22.01.2021 04:56 |
ЗИМИСТОН МЕКУНАД, ҲАР ДАМ ЗИМИСТОНӢ
Зимистони имсола аз зимистонҳои солҳои қаблӣ бо хусусияти барфборандагӣ фарқкунанда аст. Аз ҷониби раёсати донишгоҳ барои гузаронидани зимистони имсола тадбирҳои судманд андешида шудааст. Кормандони қисми хоҷагӣ аз субҳи содиқ ба тоза кардани барфи роҳраву саҳни биноҳои таълимии донишгоҳ оғоз намуда, барои тозанигаҳдории пайроҳаҳои канори роҳи марказӣ низ саҳм мегузоранд. Таконидани шохаҳои дарахтон, рӯфтани зинапояҳои мармарӣ, пошидани намаки махсус байни гузаргоҳҳои биноҳои таълимӣ аз ҷониби омӯзгорону кормандони самти мазкур ҷиҳати ғамхорагии вазъи саломатии аҳли ҷомеа ба шумор меравад, ки ин ҳама зери дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ д.и.т. профессор Усмонзона Н.У. қарор дорад.
|
19.01.2021 11:47 |
ТАБИБО, НАБЗИ МОРО ТУ САРОБОН
Дармонгоҳи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, яке аз зерсохтори қисми хоҷагӣ ба ҳисоб рафта, ҳамарӯза фаъолияти худро ҷиҳати солимгардонии устодону кормандон ва донишҷӯёну дигар муроҷиаткунандагон дар доираи оинномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Имрӯзҳо дар дармонгоҳ мутахассисони касбӣ аз қабили: духтури бемориҳои дарунӣ, чашм, гулӯ ва гӯшу бинӣ, дандонпизишк, ултрасадо, духтури амрози занона, функсионалист, доругузаронӣ ва утоқи бақайдгирӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.
|
13.01.2021 06:57 |
ҶАМЪБАСТИ ЯК СОЛИ ПУРФАЙЗУ БОБАРОР
Рӯзи 12 – уми январи соли 2021 маҷлиси васеи Шӯрои олимони донишгоҳ дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, д.и.т.,профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ва бо иштироки муовини Сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Вазорати маориф ва илми кишвар Наврӯз Мирзозода, муовинони ректор, сардорони раёсатҳои таълим, илм ва инноватсия,, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, роҳбарони зерсохторҳо, омӯзгорон, ва дигар кормандони донишгоҳ баргузор гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ҷаласаи мазкурро ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро барои супоридани ҳисоботи яксолаи донишгоҳ ба муовини аввал, муоаини ректор оид ба корҳои таълимӣ, н.и.ф., дотсент Саъди Қосимӣ дод. Мавсуф зимни суханронии пурмуҳтавои хеш доир ба раванди фаъолияти яксолаи донишгоҳ сухан карда, вазифаҳои иҷрошавандаро барои соли 2021 муайян ва пешниҳод намуд. Сипас, аъзоёни шӯро профессор Бибиҳафиза Маҷидова, д.и.б. Акобир Мирзораҳимов, Зикирзода Ҳобилҷон, Умар Умаров ва дигарон баромад намуда, ҳисоботи мазкурро дар баробари мушкилоти мавҷудаи соли сипаригардида, қаноатманд донистанд. Дар идомаи ҷаласа муовини Сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Вазорати маориф ва илми кишвар Наврӯз Мирзозода баромад намуда, барои фаъолияти минбаъдаи донишгоҳ барору музаффариятҳои пайдарпайро таманно намуд.
|
09.01.2021 19:04 |
ДУ МУВАФФАҚИЯТИ ЯК ДОНИШҶӮ
Абдураҳмонов Абдулхайр Суҳробхонович – донишҷӯи соли 4-уми факултети химия буда, яке аз донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳисоб меравад. Дар оғози ҳафтаи ҷорӣ китоби Абдулхайр Абдураҳмонов таҳти унвони «Рисолати журналистии химик» ба ифтихори 90-солагии донишгоҳ ба зевари табъ ороста шуд, ки муаллиф дар китоби мазкур фаъолиятии журналистии 4 – солаи худро ҷамъоварӣ намудааст. Ва субҳи имрӯз низ мавсуф барои дастовардҳо дар соҳаи рӯзноманигорӣ бо Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, барномасозии компютерӣ, техника, технология ва навоварӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ сазовор дониста шуд.
|
09.01.2021 07:19 |
ТАВАҶҶУҲ!
Ба таваҷҷуҳи донишҷӯёни шуъбаи рӯзонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ расонида мешавад, ки мувофиқи супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсҳои нимсолаи дуюми соли таҳсили 2020 - 2021 аз санаи 25.01.2021 оғоз мегарданд.
|
09.01.2021 04:33 |
МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД
Рӯзи 7-уми январи соли 2021 дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси декани факултет, дотсент Умаров У.С ва мудири кафедраи методикаи таълими физика, инчунин бо иштироки омӯзгорони тахассусманди соҳаи физикаи шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, машварати январии омӯзгорон баргузор гардид. Ҷаласа бо суханронии декани факултети физика, дотсент Умаров У.С. оѓоз гардида, меҳмонону иштирокчиёнро ба факултети физикаи донишгоҳ хайрамақдам намуда, баргузории ин гуна ҷамъомадҳоро дар амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида буд, заминаи мусоид арзёбӣ намуд.
|
09.01.2021 04:25 |
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ КАФЕДРАИ УМУМИДОНИШГОҲИИ ЗАБОНИ РУСӢ
Санаи 4-уми январи соли 2021 бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии забони русии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-амалии донишгоҳӣ дар мавзӯи «Методы преподавания русского языка для студентов национальных групп» баргузор гардид. Дар конфронс устодони собиқадор, омӯзгорони калон, ассистентон бо маърӯзаҳои худ дар бораи баланд бардоштани сифати таҳсил ва истифодаи методу усулҳои наву муосир дар раванди таълим бо донишҷӯёни донишгоҳ баромад намуданд.
|
06.01.2021 05:24 |
ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В ТОРГАХ
Республика Таджикистан
Проект «Развития высшего образования»
Окно 1. Улучшение качества и актуальности высшего образования для рынка труда
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни
|
|