29.12.2020 09:59 |
Тасдиқи рамзи 20 – солагии таъсиси
Созмони ҳамкории Шанхай
28.12.2020 19:17, шаҳри Душанбе
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи 20 – солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхайро тасдиқ намуданд.
Рамзи мазкур дар намуди адади «20» дар шакли мудаввар кашида шуда, дар қисми болоии он парчамҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, дар қисми поёнӣ – атлас, ҳамчун нишонаи фарҳанги мардуми тоҷикон ва дар мобайни он навиштаҷоти Душанбе 2021 ҳамчун макони баргузории чорабинӣ тасвир ёфтаанд.
Дар ҳалқаи дуюм навиштаҷоти Созмони ҳамкории Шанхай ба забонҳои русӣ ва хитоӣ ҷой дода шудааст. Дар маркази давра сайёраи Замин тасвир ёфтааст.
|
28.12.2020 10:39 |
ДУ НАФАР ОЛИМОНИ ТОҶИК АКАДЕМИКИ АКАДЕМИЯИ
ИЛМҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАКТАБҲОИ ОЛӢ ИНТИХОБ ГАРДИДАНД
Дар ҷаласаи навбатии шуъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ аз байни довталабон ду нафар олимони тоҷик аз ДДОТ ба номи С.Айнӣ Акобир Мирзораҳимов ва Саидмуроди Хоҷазод зимни овоздиҳии пӯшида Академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ интихоб гардиданд. Доктори илмҳои биология, профессор Акобир Мирзораҳимов муаллифи беш аз 15 таълифот ва доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод муаллифи беш аз 20 китоб, дастур ва васоити таълим мебошанд. Олимони мазкур бо дастовардҳои бунёдӣ дар ҷодаи илм ва маориф чун мутахассисони варзидаи соҳаҳои худ эътиоф шудаанд.
|
26.12.2020 08:56 |
ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД
Субҳи 26 – уми декабри соли 2020 бо ибтикори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баҳри сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалигардонии муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба сабзу хуррам гардонидани пойтахти кишвар маъракаи ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард” ин навбат дар маҳаллаи Проектная, кӯчаи Гагарини ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ роҳбарияти КИ ҲХДТ, раисони кумитаҳои марказии ноҳияҳо ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Душанбе иштирок намуда,
|
25.12.2020 08:02 |
Иттилоъ оид ба пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
25.12.2020 09:20, шаҳри Душанбе
Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» моҳи январи соли 2021 ирсол мегардад.
|
23.12.2020 14:13 |
ПИРӮЗӢ НАСИБИ ДАСТАИ ФУТБОЛБОЗОНИ ХОҶАГИДОРӢ ГАРДИД
Шуруъ аз 4-уми декабри соли 2020 мусобиқаи футболи хурд, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат ва ҷалб намудан ба варзиш байни омӯзгорону кормандон ва зерсохторҳои ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ таҳти шиори “Варзиш кафили саломатист”ҷараён дошт, рӯзи 23-юми декабр ҷамъбаст гардид. Дар гурӯҳи беҳтарин дастаҳое, ки ба даври финалӣ роҳ ёфтанд, дастаи факултаи химия бо шуъбаи бақайдгирӣ ва машваратӣ, дастаи Хоҷагидорӣ бо дастаи футболбозони факултети математика барои ҷоиза байни ҳам сабқат намуданд.
|
22.12.2020 12:32 |
ДОМАНИ ХАЙР МЕКАШАД, ДАСТИ НИЁЗМАНДИ МО...
Санаи 22 –уми декабри соли 2020 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси раиси Шӯрои кураторони донишгоҳ Баротова Гулчеҳра Юсуфҷоновна ба ифтихори фарорасии “Соли нав” бо як гурӯҳ донишҷӯёни ятими кулл вохӯрӣ баргузор гардид. Сараввал, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ н.и.х., дотсент Мусоҷонзода Ҷамила Мансур зимни суханронии хеш афзуд, ки Раёсати донишгоҳ дар пайравӣ ба иқдомоти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кӯмаку дастгирии донишҷӯёни имконияташон маҳдуд ва ятимони кулл тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст ва инчунин афзуд, Шумо табақаи ниёзманди ҷомеа танҳо нестед, мо бо шумоем.
|
18.12.2020 12:42 |
ТАШРИФИ САФИРИ ФАРОНСА БА ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ
18 декабри соли 2020 сафири фавқулода ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Таран ба ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ташриф овард, ки ӯро аташейи фарҳангии Фаронса дар Тоҷикистон хонум Лола Роже ва ёрдамчии сафири Фаронса Муҳиба Шарифова ҳамроҳӣ мекарданд. Меҳмононро ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ н.и.п., дотсент Аъзам Байдуллоев, декани факултети забонҳои романӣ-германӣ д.и.п., Зарина Сайфуллоева ва мудири кафедраи забони фаронсавӣ дотсент Султонзода Соқӣ Аслон дар саҳни бинои асосӣ пешвоз гирифтанд. Дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ нахуст, ректори донишгоҳ ҳузӯри меҳмонони олиқадрро ба ин боргоҳи илму маърифат муборак дониста, аз фаъолияту дастовардҳои олимони донишгоҳ андешаронӣ намуд.
|
12.12.2020 09:28 |
“МУРОҶИАТ БА РЕКТОР”
Рӯзи 12.12.2020 дар толори Шӯрои олимони бинои асосӣ ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ Усмонзода чун анъана қабули шаҳрвандону донишҷӯёнро ба роҳ монда, ба ҳамаи саволҳои муроҷиаткунандагон посухи равшан дод.
Ҳамаи муроҷиаткунандагонро ректори донишгоҳ чун ҳамешагӣ самимона қабул намудаву вобаста ба самти фаъолияти корӣ ва фарогирии мавзӯоти дархостии онҳо масъулини зерсохторҳои қисми таълим, тарбия, хоҷагидорӣ, робитаҳои байналмиллалӣ, бахши таъминоти ҳуқуқӣ ва дигаронро ҷиҳати иҷроиши дархостиашон вазифадор намуд.
|
|
|
|