• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз702
mod_vvisit_counterДирӯз766
mod_vvisit_counterДар ҳафта1468
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта6697
mod_vvisit_counterМоҳ20628
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта28345
mod_vvisit_counterҲамагӣ861885

Online 15
IP шумо: 216.73.216.111
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-12-22 19:21
01.11.2025 16:55

БА ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОҲ ДАРАҶАИ ДОКТОРИ ФАЛСАФА (PhD) ДОДА ШУД
Бо Фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2025, таҳти №395, ба Ибодов Нуралӣ, доктор PhD, омӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии факултети «Иқтисод ва идора»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси 6D050900 – Молия (6D050901 – Молия, муомилоти пулӣ ва қарз) дода шуд.
Роҳбарият ва ҷомеаи донишгоҳӣ Ибодов Нуралиро бо ин дастоварди илмӣ самимона табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи таҳқиқотӣ ва омӯзгорӣ барори кор, комёбиҳои нав ва дастовардҳои арзандаи илмӣ орзу менамоянд.

 
31.10.2025 18:36

ХОНИШИ СИЁСӢ: КОНСТИТУТСИЯ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Имрӯз (31.10.2025) дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи нақша-чорабиниҳои донишгоҳ бо иштироки муовинони ректор ва омӯзгорон хониши сиёсӣ аз ҷониби дотсенти кафедраи ҳуқуқ Давлатзода Фаридун дар мавзуи «Консититутсия ва нақши он дар таҳкими истиқлоли давлатӣ» баргузор гардид.

 
31.10.2025 14:54

МАҲФИЛИ ДОНИШГОҲИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК
Имрӯз, 31 октябри соли 2025, тибқи нақшаи кории раёсати Донишгоҳ, маҳфили донишгоҳии “Шоҳномахонӣ” дар факултети филологияи тоҷик баргузор гардид.
Дар маҳфил декани факултет, профессор Зикирзода Ҳ., намояндаи раёсати илм ва инноватсия Дӯстова Н., муовини декан оид ба илм Холназариён Р.М., мудирони кафедраҳои факултет — дотсентон Иброимова Г. ва Бақозода С., профессорони кафедраи назария ва таърихи адабиёт Солеҳов Ш. ва Элбоев,
 
31.10.2025 14:45

МИЗИ МУДАВВАР: “ПУЛИ СОМОНӢ — РУКНИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ”

Бахшида ба 25-солагии ҷорӣ гардидани пули миллӣ — сомонӣ, санаи 31 октябри соли 2025, аз ҷониби устодони факултети «Иқтисод ва идора»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Пули сомонӣ — рукни давлатдории миллӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.
 
30.10.2025 19:02

 

ИШТИРОКИ ДИРЕКТОРИ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНДИ ИККРОМ
Директори Осорхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Кенҷазод Фаридун дар чорабинии сатҳи баланди Маркази байналмилалии омӯзиш ва тадқиқоти ҳифзи мерос (ICCROM) таҳти унвони CollAsia–2025: Мушоҳида, ҳуҷҷатгузорӣ ва ташхиси коллексияҳо иштирок ва суханронӣ намуд.
 
29.10.2025 19:01

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ МУАССИСАВИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ

Дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ва ҷадвали тасдиқнамудаи раёсати илм ва инноватсия рӯзи 29.10.2025 даври муассисавии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки он то 31.10.2025 аз рӯи 15 фанни таълимӣ баргузор мегардад ва ғолибон ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаи мазкур роҳхат мегиранд.
 
29.10.2025 05:03

 

КӮМАК БА ШАХСИ НИЁЗМАНД
Имрӯз дар ҷараёни қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода ба як шаҳрванди ниёзманд аробачаи маъюбӣ супорида шуд.
Мӯйсафед, ки худ бемор ва маъюб буда, дар хона фарзанди бемор низ дорад, бо дархости кӯмак ба роҳбарияти донишгоҳ муроҷиат намуд.
 
29.10.2025 04:57

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ